Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Дар ин дунё макун ҳаргиз ҷудошон!
Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Барои ҳамдигар кун ҷонфидошон!
Муборак бод ин бахту саодат,
Муборак бод ин меҳру садоқат,
Муҳаббат мешавад имрўз тавлид,
Муборак рўзи тавлиди муҳаббат!
Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Дар ин дунё макун ҳаргиз ҷудошон!
Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Барои ҳамдигар кун ҷонфидошон!
Муборак ин ҳама, шаҳро муборак,
Арўси нусхаи маҳро муборак,
Тулўи меҳру моҳи бахти ёрон
Муборак субҳу бегаҳро муборак!
Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Дар ин дунё макун ҳаргиз ҷудошон!
Худоҷон, эй Худоҷон, эй Худоҷон,
Барои ҳамдигар кун ҷонфидошон!
Завлонаи роҳи дур
Афсуни туем, эй гул, афсона макун моро,
Аз сўхтани афзун парвона макун моро.
Бехешу парешонем, бегона зи хешонем,
Эй бехуди мо, аз худ бегона макун моро.
Лайлӣ нашудӣ, то мо гирем раҳи саҳро,
Маҷнуни туем, эй ҷон, девона макун моро.
Аз бори ғамат хам шуд сад шонаву кошона,
Ҷуз мўи парешонат бар шона макун моро.
Завлонаи роҳи дур бардору канор афкан,
Озода биё, бар по завлона макун моро.
Мурғи дили мо лона бар шохаи гул дорад,
Санги дили худ бигзор, белона макун моро!
Илтиҷо
Беҳтарин ёре, ки ман дорам, дил аст,
Як дили нооқил асту оқил аст,
Гар шавам аз дил ҷудо дар зиндагӣ,
Зиндагӣ беҳуда асту мушкил аст.
Эй Худоҷон, эй Худо,
Эй Худо, ҳаргиз маро
Аз дилам манмо ҷудо,
Эй Худоҷон, эй Худо!
Нест бо ман мисли дил наздик кас,
Дар бари ман метапад бо сад ҳавас,
Дил чу гулдони гули уммедҳост,
Накҳате бар ҷонам аз ин боғ бас!
Эй Худоҷон, эй Худо,
Эй Худо, ҳаргиз маро
Аз дилам манмо ҷудо,
Эй Худоҷон, эй Худо!
Мекунад субҳи сафо шоми маро,
Мебарад бар дур пайғоми маро,
Аз дигар мебахшад оғози наве
Соҳирона ҳар дам анҷоми маро.
Эй Худоҷон, эй Худо,
Эй Худо, ҳаргиз маро
Аз дилам манмо ҷудо,
Эй Худоҷон, эй Худо!
Мурғи тақдири маро бепар макун,
Нахли уммеди маро бебар макун,
Эй Худо, оинаи поки маро
Дар ҷаҳон муҳтоҷи хокистар макун!
Эй Худоҷон, эй Худо,
Эй Худо, ҳаргиз маро
Аз дилам манмо ҷудо,
Эй Худоҷон, эй Худо!
Ту маро фанд накун…
Ту маро фанд накун,
Ваъдаи қанд накун,
Гар дилат нест ба ман,
Чун накун, чанд накун!
Ман бароят ғами беҳад нашавам,
Сари роҳат наравам, сад нашавам,
Аз бари хонаи ту рад нашавам,
Накунам бад ба туву бад нашавам.
Ту маро фанд накун,
Ваъдаи қанд накун,
Гар дилат нест ба ман,
Чун накун, чанд накун!
Ман пайи ишқи туро кўр кунам,
Аз сарам фикри туро дур кунам,
Дар дилам ишқи туро гўр кунам,
Тоқати ин алами зўр кунам.
Ту маро фанд накун,
Ваъдаи қанд накун,
Гар дилат нест ба ман,
Чун накун, чанд накун!
Ғофил аз роҳи худу ҳамраҳи худ,
Бехуди субҳи худу бегаҳи худ,
Бехабар аз ману ноогаҳи худ,
Ту ба роҳи худу ман бо раҳи худ!
Ту маро фанд накун,
Ваъдаи қанд накун,
Гар дилат нест ба ман,
Чун накун, чанд накун!
Бо борон
Борони тор-тор,
Эй пуртарона ёр,
Ашки маро бубар,
Ёри маро биёр.
Он дилфурўзи дил
Оё зи сўзи дил
Ашке фишондааст
Бар тирарўзи дил?
Бе ў бубин ғамам,
Дунёи барҳамам,
Аз осмони ёд
Борони нам-намам.
Ашки ту рўшан аст,
Пурдарду бефан аст,
Гўё сиришки дил
Аз дидаи ман аст.
Эй бениёз ёр,
Дунёи роз ёр,
Ояд ба роҳи ишқ
Баргашта боз ёр?

пешина
аз 235
навбатӣ