Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба даҳр омадаам дер агар, чи барвақт аст, Агар ба кўи ту барвақт омадам, дер аст.
Зи лутфи қисмати ман хубтар латофати туст, Ду ҳарфи ишқи ту беҳтар зи сад китоби савод, Маро ҳузури ту овард то ҳузури ҳаёт, Маро ҳузури ту аз роҳати ҷаҳон беҳ бод!
Рухи сафеди ту беҳтар бувад зи бахти сафед, Тани ҳалоли ту беҳтар маро зи ҷони ҳалол, Хаёли неъмати дунё ҳаром бод маро, Ғами туро ҳама дам мехўрам чу нони ҳалол.
Ду чашми ту чу чароғон раҳам барафрўзад, Ду дасти ту зи фитодан маро нигаҳ дорад, Хаёли омаданам бар ҷаҳон фараҳ бубарад, Хаёли бар дари ту рафтанам фараҳ орад.
Зи марзи ишқ дигар ҳосиле намехоҳам, Ҳамон ду хўшаи мўят барои ман кофист, Чаҳор фасл гули бехазони рухсорат Ва бўи дилкаши рўят барои ман кофист!
Дарё
Будӣ, эй ҷон, шабеҳи дарёе Бо тани поку бо дили пурҷўш, То мани ташнадил ба бесабрӣ Ҳамчу соҳил гирифтамат оғўш.
Тангтар мегирифтам оғўшат, Мешудӣ ту валек паҳнотар, Мезадӣ ҷўш масту туғёнӣ, То шавӣ аз ҳудуди хеш бадар.
Дар ду чашмат, ки дошт тўфонҳо, Ғарқ шуд акси ман чу як киштӣ…
Бо хати мавҷҳои гесўят Дар дилам байти ишқ бинвиштӣ.
Айни дарё шудӣ ту…
Амвоҷат Он қадар сар ба синаам кўбид, Дили ман чун ҷазирае охир Нам кашиду зи синаам кўчид…
Иқрор
Ғурури хешро чун оташе дар синаам куштам, Чу сўи Каъба сўи хонаи ту рўй овардам, Қадамро пеши қадри ишқи бераҳми ту бишкастам, Ба наздат чун гунаҳкорони осӣ тавбаҳо кардам.
Надонистам агар қадри туро, гуфтам, гунаҳкорам, Надонам лек, ту қадри маро донистаӣ ё не?
Замоне бе ту ман бе хештан аз дил садо кардам, Ту бунёди маро аз он садо донистаӣ ё не?
Ба ҳар ҷое, ки будам, ёди рўят ҳамраҳи ман буд, Ба ҳар маҳфил, ки бе ту будаам, ман будаам танҳо, Вале ҳаргиз намедонам, ки дар танҳоии мағшуш Ту бо кӣ будаӣ бе ман, ту дар кӣ дидаӣ манро…
Ба ҳар ҷое, ки бошам, бар вафоят боварӣ дорам, Ки ҳастӣ дар дилам чун ҳайкале бар эътиқоди ман, Гузаштам аз гуноҳат ман (гуноҳе ҳам агар дорӣ), Ту бояд бегуноҳу покдил монӣ ба ёди ман.
Ғурурамро, аз ин рў, мекушам дар синаи тангам, Ба уммеде, ки бошӣ ҳамраҳам, бе ту ҳаётам нест.
Бигўям: бегуноҳӣ ту, саропо ман гунаҳкорам, Гунаҳкорам, вале ҳаргиз намедонам гуноҳам чист…
Барои гул намемиранд Барои гул намемиранд, Аммо ман Барои он гули зебои рухсори ту мемирам.
Дар ин айёми сарсабзӣ, Ки оламҳо пур аз гулҳои хандонанд, Ба ҳар бишкуфтани он ғунчаи чашмони хуммори ту мемирам.
Дар ин даврон, Ки аз исёни озодипарастон Мефитад ҳар лаҳзае девори сад зиндон, Миёни инҳисори чор девори ту мемирам.
Агар рўзе шавад, Сар монда бар хоби абад дар корзорони шадиди даҳр, Барои бахти бедори ту мемирам.
Ба ношукрӣ замоне ман Бипўшам чашм агар аз чашмаи чашмони поки ту, Ба дашти зиндагонӣ ташнаву зори ту мемирам.
Бидон, эй ахтари шабҳои тори ман, Бидон, эй дўстдори ман, Ки ман, то зиндаам, ёри ту хоҳам буд, Нишони бастагӣ бар мўи мушкинат Зи ҷону дил гирифтори ту хоҳам буд Ва рўзе ҳамчу ёри ту гирифтори ту мемирам!
Дубайтиҳо Ҳаёи духтарон поянда бодо!
Вафои дилбарон поянда бодо!
Сари гаҳвораи тифлони хуфта Навои модарон поянда бодо!
Дилам бар шохаи бебар бисўзад, Ба ҳар афтодани ахтар бисўзад, Дар ин дунёи ҳамчун модарандар Дилам бар тифли бемодар бисўзад.

пешина
аз 235
навбатӣ