Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Шиноварҳо, ки дарёҳо гузаштанд,
Ба рўди зиндагонӣ ғарқа гаштанд.
Чи раҳҷўён, ки дар умранд раҳгум,
Агарчӣ роҳи бисёре наваштанд.
Дилам раҳҷўву бар сўи ту роҳист,
Пур аз ишқ асту рамзи бегуноҳист,
Саропо баҳри ором асту паҳно,
Дар он ишқи ту чун зарринамоҳист.
Зи оҳи ман диламро мешиносед,
Зи роҳам манзиламро мешиносед,
Зи ному аз нишонам – ҳосили ман,
Зи чашмам қотиламро мешиносед.
Равам аз пайраҳи бинваштаи хеш,
Бигирям бар дами гумгаштаи хеш,
Чу деҳқонам, ки умре аз ду дунё
Нахоҳад ҷуз бари як киштаи хеш.
Парасту омаду н-омад баҳорам,
Қатора омаду н-омад нигорам,
Қатора гўядам бо оҳи сангин:
Чи сон он рафта ишқатро биёрам?
Замоне шод ё пурғам бимирам,
Ба рўзи ид ё мотам бимирам,
Ҳамон рўзе ҷаҳон шуд сер аз ман,
Набошам сер аз ў ҳам, бимирам.
Баҳорону баҳорону баҳорон,
Худо раҳме кунад бар ҳоли ёрон,
Ба коми дил расонад пурдилеро,
Шавад камтар шумори дилфигорон.
Маро аз гўшаи ёдат садо кун,
Ба ёд овар марову гиряҳо кун,
Сиришкатро чу ганҷи бебаҳое
Баҳои он замони бебаҳо кун.
Рухат буд он замон оинаи ман,
Сари сабзат ба рўи синаи ман,
Чи доро будам он даврон, ки танҳо
Дили поки ту буд ганҷинаи ман.
Маро, эй ёр, боре ҷустуҷў кун,
Диламро волаи он мушки мў кун,
Бишин танҳо замоне рўбарўям,
Маро бо бахт аз нав рўбарў кун.
Ба сад хорӣ ба дунёят расидам,
Ба сар рафтам, ки бар поят расидам,
Зи тўфонҳои чашмонат гузаштам,
Ки то моҳии лабҳоят расидам.
Аё эй кабк, эй кабки баҳорӣ,
Садои рўҳбахшои диёрӣ.
Барад ҷон аз туву ин лаззат аз ман,
Илоҳо, бишканад дасти шикорӣ!
Дилатро раҳм бахшояд, илоҳӣ,
Камонат тир накшояд, илоҳӣ,
Ба вақти кабки рав аз кўҳу пушта
Ба сўят кабкаке н-ояд, илоҳӣ!
Туро, эй кўҳсорон, ёд кардам,
Зи хомўшии ту фарёд кардам,
Ҳазорон хушксори синаамро
Ба ёди чашмаҳот обод кардам.
Ба дунёи батақсирӣ гиристам,
Ба ҳар баргаштатақдирӣ гиристам,
Сари гўри азизони дили хеш
Ба ҳоли хештан серӣ гиристам.
Замин ҳам баъди мо гардон бимонад,
Ба гардун наҷми нурафшон бимонад,
Нишони зиндагонии ту, эй кош,
Нишоне аз ту, эй Инсон, бимонад!
Саҳар мехонд борон пурғамона
Ба гўши сабзаҳои тар тарона:
Шудам обу адо, то сабз бошед,
Шумо парвои ман доред ё на?
Замин гардону саргардон дили ман,
Фалак хомўшу пурафғон дили ман,
Зи мижгони фалак наҷме биафтад,
Шавад ашки сари мижгон дили ман.
Ҷаҳони гирдгардон зинда бошад,
Умеди раҳнавардон зинда бошад,
Дар ин дунё чу ҳусну иффати зан
Вафою аҳди мардон зинда бошад!
Рубоиҳо
Навмед зи даҳр кош фарде наравад,
Аз шохаи умр барги зарде наравад,
Мардон бираванд, нест боке, эй кош,
Аз баҳри бақои даҳр мардӣ наравад.
Маҳ менигарад ба ғусса аз афлокаш,
Чун гашта ҷудо зи хоҳарони покаш,
Бечора, бубин, ки рўи худро кандаст
Аз ғуссаи хоҳарони зери хокаш.
То қулла раҳи сафеди ман хоҳад рафт,
То Зуҳраву Маҳ навиди ман хоҳад рафт,
Боке набувад, агар бимирам дар роҳ,
Чун бо дигарон умеди ман хоҳад рафт.
Марде, ки зи по фитод, ношод бирафт,
Барге, ки зи шоха рехт, бар бод бирафт,
Номе, ки ҳамеша буд дар нўги забон,
Аз нўги забон фитоду аз ёд бирафт.
Армон шиканем аз ҳама буду набуд,
Гар омади мо ба даҳр як зарра фузуд.
Мо омадаем, то дигарҳо гўянд:
Пеш аз ману ту каси дигар омада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё