Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Мо карда садову кўҳ овоз биёфт, Мо ҷуста раҳу роҳи нав оғоз биёфт.
Моро бишикаст боли парвоз басо, То бози умед боли парвоз биёфт.
Дар рўи замин заруру ботил бисёр, Дарёнафаси надида соҳил бисёр, Бисёр дили ба рўи раҳ афтода, Ноёфта бедили яке дил бисёр.
Нек омадаему некандеш равем, Дер омадаем, то ки дар пеш равем, Мо чархи зи дасти наслҳо гардонро Як тела диҳему бо раҳи хеш равем.
Мо машъали куҳнаро зи нав афрўзем, Бо оташи дил куҳанҷаҳонро сўзем, Мо мардуми хуфтаи ҷаҳонро яксар Бедор намуда, зиндагӣ омўзем.
Хоҳам, ки ба хуршед кунам нуре зам, Борон шаваму ба дашту саҳро резам, Мирам ба умеди он, ки дар рўзи дигар Дар сурати сабзаву суманҳо хезам.
Хуршед, намир, к-ин ҷаҳон мемирад, Дар ҳасрати ту ба ормон мемирад, Рўшандили ин ҷаҳон ҳама, то ба ҷаҳон Бошӣ ту чароғи ҷовидон, мемирад.
Ин пайраҳи кўҳ ҳамсафар буда маро, Ин қулла муҳофиз аз хатар буда маро, Дар ҳар сафарам ба қулла аз домани кўҳ Ин чашма чу чашми хушназар буда маро.
Чашмони ту чашмаи биҳиштӣ бувадо!
Васли ту насиби сарнавиштӣ бувадо!
Қаҳри ту зи тўфони ҷаҳон камтар нест, Меҳри ту ҳаётбахш киштӣ бувадо!
Дарё, дарё, ту ашки дарёи манӣ, Саҳро, саҳро, ту қалби паҳнои манӣ, Боре нагузорӣ аз дил ово бикунам, Эй кўҳ, ту гушнаи садоҳои манӣ.
Модар, модар, чу соҳили дарёӣ, Бо оби ду чашм аз обрў болоӣ, Тифлонат аз оғўши ту ҳамчун дарё Бигзашта раванд, боз худ танҳоӣ…
Риштаҳои нур
Риштаҳои нур дар дастони моҳ, Нурҳо мерехт ангуштони моҳ, Буд имшаб то саҳар даврони моҳ.
Кўҳҳоро нурборон карда буд, Даштҳоро нурборон карда буд, Пеши чашми мо - ду тан шаб то саҳар Оби дарёро зарафшон карда буд.
Имшаб он гул
То саҳар ҳамроҳи ман буд, Ҳамдами дилхоҳи ман буд, “Моҳ аз ман!“
– ҳар даме мегуфт бо ноз, Худ ҳама шаб моҳи ман буд.
Бар хаёле рафтаву мерафт роҳ, Хандаҳо мекарду механдид моҳ.
Олам имшаб буд зебо, Олам имшаб буд тилло…
Дар бари ман ёфт поён як шаби моҳ – Як шаби бетобии ман, Як шаби бетобии ў,
Як шаби зебои дунё.
Бар рухи маҳтобии ў, Бар ду чашми обии ў Бўсаҳоям рехт ҳамчун барги тилло…
Риштаҳои нур дар дастони моҳ, Нурҳо мерехт ангуштони моҳ, Буд имшаб то саҳар даврони моҳ…
Бо хаёли осмонҳо
Одамизод аз ҳамон рўзи азал Ҳеҷ гаҳ аз бахти худ розӣ набуд, Гарчи судаш кам набуд аз зиндагӣ, Аз гузашти вақти худ розӣ набуд.
Гарчи рўяш буд зеботар зи маҳ, Боз ҳам мехост зеботар шавад, Ҷўй ҷорӣ буд агар аз ҳотааш, Ҷаҳд мекард ў, ки дарётар шавад.
То бидонад боз қадри ташнагӣ, Бар биёбон мешитофт аз кўҳсор, Дур мерафт аз макони хештан, То бидонад лаззати дидори ёр.
Лаҳзае то зиндагӣ ширин шавад, Аз шароби талхтар мекард нўш.
То биёбад боз овози дигар, Бар ҳама фарёдҳо мекард гўш.
Гарчи умре зист дар рўи замин, Бо хаёли осмонҳо зинда буд, Пой мемонд ў ба Роҳи Каҳкашон, Дар хаёлаш осмонҳо мекушуд.
Гарчи роҳи росту ҳамвор дошт, Боз роҳи дигаре мекофт ў.
Эй басо ноёб меҷуст аз ҷаҳон, Лек танҳо хешро меёфт ў.
Эй ҷавонӣ
Ҳамчу хуни гарму поки зиндагонӣ Бо хурўше дар раги дунё равонӣ, Пайкара баҳри ҳама қурбониёнӣ, Аз шаҳидон баҳри модарҳо нишонӣ, Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!
Ибтидои умри ту – умри падарҳо, Дар талошӣ дар сафарҳо бо хатарҳо, Дар ҷаҳони орзўҳои баландат Ҳар даме во мекунӣ пўшида дарҳо, Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё