Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сароғози вафо бар аҳд бошад ибтидои он Ва бо умри абад пайванди ҷовид интиҳои он…
6. Ёде аз Раҳмон Сафар дар хокҷои Сафар Амиршоев Набуд гарчияш кулоҳ,
Ниҳод каҷ кулоҳро,
Қатори дигарон чу ёфт
Сафар Амиршоҳро.
Бидид тоза марқадаш
Зи тозагул дар он диёр,
Бичид сад гули хаёл
Аз он хазон, аз он баҳор.
…Гузоштам гули алам Ба гўри қаҳрамон Сафар,
Гули хаёли хешро –
Ба рўи гўри он Сафар.
7. Ҳайдар Қосим Навҷавонмард аз диёри хеш берун рафт, Бар набарди душмани дун рафт; Беситора то намонад Он Ватан, аз ҷони худ бигзашт, Бо Ситора рўи дил баргашт…
Минск
Каунас
Кай дигар ў аз Ҳисору Вахшу Хатлон буд? – Қаҳрамони Он Ватан аз Тоҷикистон буд!
…Сахт дар пирӣ варо озурда шуд хотир, Нимҷону нимтан шуд Он Ватан охир; Ҷанг бо душман, дареғо, аз забон афтод, Ҷанг бо худ расм гашту дар миён афтод; Ў валекин расми навпайдо намедонист, Ҷангро мардона медонист,
Аммо ҷангро бо халқи худ асло намедонист…
…Қаҳрамони охирини арсаи Он Ҷангро ин ҷанг кушт, Саҳнае дар ҷанги нав он гуна нанговар набуд; Қаҳрамони охиринро вориси навҷабҳаи бенанг кушт, Чунки Ў
Дигар пас аз Он Ҷанг ҷанговар набуд…
8. Соат Дар ин даҳр бо мардуми Олмон Қиёси дақиқӣ дигар одат аст.
Дар ин мулки халқи ҳақиқӣ дақиқ Зи ҳар чиз бисёртар соат аст.
Зи ҳар бурҷу ҳар борае мезанад Яке соате гоҳу бегоҳ занг, Ки ҳар дам ғанимат бувад, одамо, Бизӣ одамона, ки вақт аст танг!
9. Ёди ҷанг Солҳо аз ҷанг рафт, аммо нарафта то ҳанўз Аз дили пурдарди мардум хотироти синасўз, Бар алови дил занад доман гузашти солҳо, Аз таби он солҳо рўяд ба дил табхолҳо.
Баркушода гўрҳои куҳна ҳар ҷое даҳан, Эй аҷаб хуншор монда он ҳама захми куҳан, Захмҳои ҷангро дар ёд дорад хокдон, Бо даҳони гўрҳо фарёд дорад хокдон…
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН


Зарра-зарра ҷамъ моро оварида, Аз ҳазорон пора миллат офарида – Вахш
Потсдам
Душанбе
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Рўи ҷилдаш номи миллат шуд ҷаҳонӣ, «Тоҷикон»-ро кард номи ҷовидонӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон.
Аз хирад ороста рўҳу равонро, Тоҷбарсар кард аз нав тоҷиконро – Қаҳрамони Тоҷикистон.
Чун ғами тоҷик ғамҳои ҷаҳон хўрд, Номи тоҷикро ба паҳнои ҷаҳон бурд – Қаҳрамони Тоҷикистон.
Зиндагиро дод дар роҳи ҳақиқат, Хоста аз зиндагонӣ ҳаққи миллат – Қаҳрамони Тоҷикистон.
Баҳри мулку миллаташ бигзашт аз ҷон, То бимонад ҷовидона Тоҷикистон – Қаҳрамони Тоҷикистон.
Садриддин Айнӣ
Ба давроне, ки тоҷикро нишонаш буду номаш не, Таҳамтан рўи Рахшаш буду дар дасташ зимомаш не, Ҳазорон кох барпо кардаву девору бомаш не, Яке дунёи садрангаш буду дунё ба комаш не, Қабули зумраи нотандеҳон ғайри каломаш не, Ҳаёти бардавомаш буд, умеди бардавомаш не; Ҳама аз даст рафта, ғайри пуробича дастонаш, Ҳама афтода аз по, ҷуз бапо имону виҷдонаш, Нишаста комрон нохонда меҳмон бар сари хонаш, Рабуда маъниаш девонаву девон зи девонаш, Ҷаҳонаш гашта бесомон пас аз даврони Сомонаш, Ҳама бемор, аммо нест Сино баҳри дармонаш; Зи худхоҳон бурида тунд Айнӣ, шуд зи худкоҳон, Шаҳодатнома сохт аз сад намуна баҳри бадхоҳон, Бидуни навраҳон роҳе кушод аз баҳри навроҳон, Бидод огоҳии афзун ба навтахтону навҷоҳон Ва огоҳии афзунтар ба огоҳу дилогоҳон, Ки тоҷик ҳаст андар табъу завқ аз дудаи шоҳон!

пешина
аз 235
навбатӣ