Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

…соати бистучаҳор аст расо, ки на аз имрўз аст, на ҳанўз аз фардо.
Дар хонаи оинаи дил
Соли куҳанам пур аз биёву рави туст, Аз соли навам умед бахти нави туст, Оғози тамоми субҳи нуронии ман Дар хонаи оинаи дил партави туст.
Сояҳо
Ҳамчу дар он рўзҳои беғубор, Аз канори ҳам валекин барканор Сояҳомон боз паҳлўи ҳаманд, Баъд аз ин ду сояи дарду ғаманд.
Бо аламҳо аз дили мо бигзарад:
Худ чи кардем аз қазо мову ту бад?..
Лек бесуд аст дигар чанду чун, Хун шавад дилҳо аз ин андўҳ, хун.
Аз ҳаёти рафтаи зебо алам, Сояҳо дигар намеояд баҳам.
Медиҳад аз он замон пайғомамон Сояҳои боҳами дилдодагон.
Нест моро чашми бетоб, эй азиз, Ғайри кўли холӣ аз об, эй азиз, Чор кўли хушк ҷовидон дигар Тар бувад з-ин баъд аз хуни ҷигар.
Шабнома
Тирезаҳо ҳама баставу ториканд Чун чеҳраҳои гирифтаи бенур.
Танҳо тирезаи туст кушодаву рўшан Чун рўи бозу нурониат, эй ҳур.
Сад роҳи як моҳ
Сад шукри ин роҳи фароз – Сўи манат овард боз;
Сад шукри ин роҳи нишеб – Бар ман расондат бефиреб; Сад шукри роҳи раҳнамо – Сўи манат шуд раҳкушо;
Сад шукри роҳи беғубор – Додат ба ман, эй шаҳсувор; Сад шукри роҳи обугил – Бахшид бар ман ҷону дил; Сад шукри ин роҳи ҳаёт – Бар ман расондат чун нишот; Сад шукри роҳи чуну чанд – Додат ба ман, эй дилписанд; Сад шукри роҳи доругир – Додат ба ман, эй ишқи дер; Сад шукри роҳи созу сўз – К-аз рўи ту шуд роҳи рўз; Сад шукри роҳи дури дур, Аз ройи ту шуд роҳи нур; Сад шукри роҳи осмон –
Шуд роҳ то ин остон;
Сад шукри роҳи оҳанӣ –
Ин лаҳза дилнарми манӣ; Сад шукри роҳи ону ин,
–
Шуд роҳи бо ҷонам қарин; Сад шукри ин роҳи умед,
–
Роҳе, ки то манзил расид; Омад аҷаб раҳ сўи ман
Бо ёри чун маҳ сўи ман, Гўям сари раҳ: шукри моҳ!
Гўям бари маҳ: шукри роҳ!
Ишқи нав
Аё нохонда ишқ, эй ёри хонда, Ки бахтат рў ба рўи ман нишонда, Чу ҷон мехоҳамат дар тан, валекин Барои ишқи нав ҷонам намонда.
Чӣ мекардам?
Ту 29-уми февралӣ,
Ки дар чор сол як бор меоӣ…
Шукр мегўям ин рўзро,
Чӣ мекардам,
Агар 32-юми март мешудӣ?!
Оина
Омаду шиновар шуд чун ба оби оина, Ҳамчу оби рўд афзуд изтироби оина.
Ҳар хироми дилҷўяш, печутоби чун мўяш Шуд азоби оина, печутоби оина.
Шуд зибаски оина пур зи ҳусни шодобаш, Оби шавқ ҷорӣ шуд аз сароби оина.
Рўи гул намоён кард, бўи гул фаровон кард, Арғувонии дигар шуд гулоби оина.
Гашт оламе рўшан аз булўри андомаш, Эй мумаййизон, бинед интихоби оина!
Шоми тори оина аз рухаш саҳар гардид, Омад аз дигар берун офтоби оина.
Аз ҷамолаш оина ҳусни бемасал дарёфт, Аз лабаш асал дарёфт оби ноби оина.
Он замон ба оина чашми ҳар ки меафтод, Масти ҷовидон мешуд аз шароби оина.
Як хитоби зебо шуд сўи пастии дунё Қомати баланди ў дар китоби оина.
Баъд пушти абри хоб рафту хуфт он маҳтоб, То саҳар аз ў саршор монд хоби оина.
Бо ту
Ту ҳурӣ…
Низ мекўшам,
Ки бошам ончунон як покҷон, эй гул, Ки бо ҳам оқибат як кунҷи ҷаннатро барафрўзем.
Агар кардӣ гуноҳе,
Мекунам ман беш аз он, эй гул, Ки дар савдои он дунё ба ҳам бошем, Дар дўзах баҳам сўзем…


Қурбони ишва карданату ноз карданат!
Дилро кашон-кашон зи паси хеш бурданат!
Ин дил, ки фарқи фанду фани зиндагӣ накард, Қурбони фандҳои фиребои пурфанат!

пешина
аз 235
навбатӣ