Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар раҳи нанг шуд дилам бе ту,
Аз ҷафо санг шуд дилам бе ту,
Бе ҳаво танг шуд дилам бе ту,
Ба дилам чун ҳаво намеоӣ.
Зиндагонӣ барои ишқи дил аст,
Хонаи босафои ишқи дил аст,
Ҳастии ман сарои ишқи дил аст,
Ҷониби ин саро намеоӣ.
Сўи овои туст ҳуши дилам,
Бошад овои ту сурўши дилам,
Аз чӣ, эй ёр, сўи гўши дилам
Ҳамчу як хуш садо намеоӣ?
Гули ман, хори ман аз ин бошад,
Ҳама озори ман аз ин бошад,
Ғами бисёри ман аз ин бошад,
Ки шудӣ камнамо, намеоӣ…
Ҷўёи ҷон
Ёри куҳан будӣ,
Дар чашми ман будӣ,
Чун хун маро дар дил,
Чун ҷон ба тан будӣ.
Рафтӣ, равонам рафт,
Тан монду ҷонам рафт,
Монд ин ҷаҳон, аммо
Нури ҷаҳонам рафт.
Ман мондаму дил монд,
Дунёи мушкил монд,
Гулбоғи дил хушкид,
Як олами гил монд.
Бе ту чи сонам ман? –
Бе ҷон равонам ман,
Як ҷисми беҷонам,
Ҷўёи ҷонам ман!
Оинаи садпора
Дилам оинаи садпора бувад
Ва ба ҳар пораи он
Акси он дилбари дилхора бувад.
Рубоиҳо
Чун дар раҳи умр чашми дил бикшодем,
Бархостадил ба чоҳи ишқ афтодем,
Оҳи дилу ашки чашми мо бину бидон:
Чашму дили худ ба боду борон додем.
То дар раҳи ишқи содаат афтидем,
Болида гаҳе зи хешу гаҳ нолидем,
Аз дидаву нодида чи гўем, ки мо
Дар чашми ту асли хештанро дидем!
Коҳидани мо зи ишқ афзудани мост,
Андар талабаш давидан осудани мост,
Фориғ зи хаёли ў набудан нафасе
Дар буду набуди зиндагӣ будани мост.
Бедардиву ҷумла дардамон бахшидӣ,
Рўгармиву оҳи сардамон бахшидӣ,
Ҳайратзадаем мо зи таззоди ҷаҳон:
Рўсурхиву ранги зардамон бахшидӣ!
Якчанд ки дар суроғи дил раҳ бурдем,
Аз ранҷи фузун ба доғи дил раҳ бурдем,
Он рафтани мо раҳравии сода набуд,
Аз рўи гуле ба боғи дил раҳ бурдем!
Чашми дилам аз рўи ту рўшан бошад,
Ҷону дилам аз бўи ту гулшан бошад,
Дар рўи ҷаҳон фақат туӣ шодии ман,
Аз ман биравӣ, ғаму дили ман бошад!
Ҷононаи ман, рафта шудӣ масковӣ,
Гуфтӣ, ки «ба хови худ маро меёвӣ!»
Ноёби дилам, ба хов чунат ёбам,
Бе ту чу насиби ман бувад беховӣ?!
Маскав, Маскав, шаҳри зимистону баҳор,
Рўзу шабат омехта бо атри нигор,
Дилдори ту кам буд, ки бераҳмона
Дилдори маро низ гирифтӣ ба канор?!


Дар тирамоҳи умр баҳори дилам туӣ,
Эй беқарордил, қарори дилам туӣ.
Номардумӣ тамом ба мардум гузоштӣ,
Мардумсифат ба дидаи чори дилам туӣ.
Дар тираҷониам гули нури дилам туӣ,
Дар сардҷониам гули нори дилам туӣ.
Ҷавлон задӣ ба дашти дилам, эй ғизолчашм,
Сайёди дил туиву шикори дилам туӣ.
Беҳтар, ки аз ҳазор нагўӣ ба пеши ман,
Эй беш аз ҳазор, ҳазори дилам туӣ!
Ҳароратсанҷ
Хушиву ранҷи ман ҳастӣ, гули ман.
Саропо ганҷи ман ҳастӣ, гули ман.
Табу тоби маро беҳтар ту донӣ,
Ҳароратсанҷи ман ҳастӣ, гули ман!
Дилпайванд
Ту меҳмони манӣ имшаб,
Дилу ҷони манӣ имшаб,
Манам кайҳоннаварди ишқ,
Ту кайҳони манӣ имшаб.
Бувад чашмам пур аз рўят,
Бувад ҷонам пур аз бўят,
Ҷаҳон они дигарҳо бод,
Ки ту они манӣ имшаб.
Ҷаҳони ман туӣ, эй нур,
Биҳишти ман туӣ, эй ҳур,
Ба мисли гавҳарак, эй ҷон,
Ба чашмони манӣ имшаб.
Зи чашмонат диҳӣ обам,
Ба гирдобат диҳӣ тобам,
Дилам даври ту мегардад,
Ки тўфони манӣ имшаб.
Туӣ он дарди ҷонкоҳам,
Ки дармонаш намехоҳам,
Фидои дарди ширинат,
Ки дармони манӣ имшаб.
Туӣ овои ҷони ман,
Навобахшои ҷони ман,
Сукути ҷовидон будам,
Ту афғони манӣ имшаб.

пешина
аз 235
навбатӣ