Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Пахта дар покӣ бувад оинадораш, Хандаи ҳар ғунчае – авҷи баҳораш.
Ҳимматашро гуфта натвонад шиоре, Сатри пахта худ бувад гўё шиораш.
Аз маҷмўаи
«Хуни ситора»
(нашриёти «Адиб», 1988) Рўбарў бо сурати Ленин Ба ёди гушнаҳои рўи дунё буд саргардон, Насибаш буд аз дунё аламсериву ғамсерӣ.
Ба пеши чашми сераш гушначашмони замон боре Бишарманд ин замон бояд аз ин ҳирсу шикамсерӣ.
Ҳамебояд, касоне сураташ болои сар доранд, Барои дигарон аз худ гузар кардан биомўзанд, Зи худ в-аз курсии худ канда чашми гушнаи худро, Ба сўи одамон боре назар кардан биомўзанд.
Ба зери сурати ў то кунун ҳар ҷо дар ин кишвар Нишаста беғамоне, бедилоне, беҷигарҳое, Сипар созанд бар худ ҳар гаҳ ин расми ҳақиқатро, Таҳи он ҳар гаҳе ҷўянд бар худ гармтар ҷое.
Ба карру фар яке ояд, таҳи ин расм биншинад, Ба ҷуз фикри ҳамин курсӣ набошад дар вуҷудаш дард, Надонад: зери акси хоксори хоксорон аст, Надонад: пеши ў з-ин карру фарҳо шарм бояд кард!
Хабисе ё ҳарисе, тўрае ё ошнобозе Ба нафъи хештан пайваста кирдори сияҳ созад, Биёяд пас, таҳи ин сурати пурнур биншинад, Ки бо ин сурат, оваҳ, сирати худро панаҳ созад.
Дигар, чандон ки худхоҳ асту худбин асту худком аст, Таҳи ин расми зебо ҳамчу хоре дар чаман бошад, Дар ин ҷо монда ўро, то ба мардум роҳбар бошад, Вале, бепарда бинӣ, раҳбаре чӣ, роҳзан бошад!
Нарезонда касе як қатра оби рў ба кори ҳақ, Ҳамора обрўи кори ҳақро ҳар куҷо резад, Замони ҳақпараст охир барорад аз димораш дуд, Варо бар тавқи4 чун мораш чу муҷрим бояд овезад!
Ҳама ин тўраҳо, ин ҷўраҳо коҳи раҳи боданд, Ҳамин расми ҳақиқат ҳамчу кўҳе ҷовидон барҷост, Хабисону ҳарисон пеши ў пастанду бечора, Ҳамин расми ҳақиқат бар сари мо ҷовидон болост.
На ҳар кас зери ин расми ҳақиқат метавонад буд, На ҳар девори зебо шояд ин расми ҳақиқатро; Пас аз ин ҳар касе бояд ба ҷои хештан бошад, Шавад девори дил ҷо бояд ин расми ҳақиқатро!
4 * тавқ, тавқи гардан- галстук.
1984 Балладаи инқилоб Чун сари танҳои инсон буд замин ҳамвора гардону гарон; ҳамчу чашми бесаводон тира буд осмон аз бекарон то бекарон; офтоб андар баландиҳои хеш буд ашки нўги мижгон…
ними дунё об буду нимаи дигар – сароб, буд мардум бе замин, бе осмон, бе офтоб…
Офаридат халқ бар ҷои замин, то ки бошӣ мазраи уммедҳояш; офаридат халқ ҷои осмон, то ки бошӣ равшании идҳояш; офаридат халқ ҷои офтоб, дилгазон буд баски аз гардуну аз хуршедҳояш…
чун Замин, чун Осмон, чун Офтоб зинда бошӣ ҷовидон, эй Инқилоб!
Даҳр аз хоби гарон бедор шуд бо садои тўпи «Аврора», бо садои тўпи «Аврора»
балки шуд бедор сайёра.
То нахобад бахти хоболудаи мардум дигар, ҷонфидоён дар сари гаҳвораат бедор буданд, бахтпарварҳои нотакрор буданд…
Дар ҳама ҷо зад сароби зиндагӣ бар ҷони мардум – обрўи обии кулли ҷаҳондорон рехт аз чашмони мардум…
дар Бухоро, к-аз алам ҳар дам як ғами ғамхорагон мешуд ҳазор, обрўи обии «олампаноҳон»
гашт чун ашки бухороӣ бухор, донаҳои ашки мардум ҷои тир омад ба кор…
дар Кремл ахтари бахти халоиқ шуд фурўзон; рўи мизи хоксоре, рўи мизи ҳамчу нанги хоксорон пойдоре чун дили Ленин чароғе буд сўзон…
буд ғами имрўзу фардо дар дили ў, буд ғами фардои зебо дар дили ў:
Инқилоб андар умеду орзўи одамон омадаст аз роҳи дуреву раҳаш то дур бошад; то намояд Инқилобашро ҳимоят, халқ бояд зўр бошад; инқилоби дигаре мебояд акнун – инқилобе дар дилу имони мардум…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё