Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Инқилоб, эй Инқилоб, гарчи дунёро дигар кардӣ, шоми дунёро саҳар кардӣ, дар дилу дар ҷони мо дорӣ давом, нотамомӣ ҳамчу дунё, нотамом…
Ҷанги Меҳан буд дар дунё давоми ту – аскароне, ки ба хуни хеш то Берлин ин заминро ранг карданд; аз барои зумраи саркўби ҷабру зулм ин заминро танг карданд, ҷонфидоёни ту буданд, ҷонфидоёне, ки то Қасри Зимистона роҳро гулранг мекарданд; роҳи дунёи куҳанро, ки зимистон буд, сўи Фардо танг мекарданд; раҳбараҳ аз хунашон меруст лола – пайки оғози баҳори ҷовидона…
Инқилоб, эй Инқилоб, масдари сад инқилоби дигарӣ акнун, дар ҳама рўи ҷаҳон фатҳоварӣ акнун; ин ҳама ворастагии халқи дунё зодаи туст, ин ҳама ҳамбастагии халқи дунё зодаи туст, балки ин як тоза дунё зодаи туст.
Ин замон ҳамчунон як зодаи ту, то абад дар маслаку дар ҷодаи ту ман туро дар ҷону дил хоҳам ҳама рўз ҳамчу як барқи дилафрўз; ҳар куҷо ман бо ту хоҳам буд фирўз…
Гар маро аз кулфату ғамҳо раҳо кардӣ, гар маро аз ҷаҳли одамҳо раҳо кардӣ, ман туро хоҳам кунун дар ҷону дар дил, то кунӣ озодам аз ҳар кору ҳар афкори ботил.
Чун давоми ту ҳама рўз инқилоби дигаре мехоҳам аз тақдир – инқилобе дар замир; то маро аз ман раҳо созад, ҳар мараз, ҳар норасоиро, ки дар ҷону дилам ҳаст, дур андозад зи ман, дар ман даво созад…
Инқилоби дигаре мехоҳам аз тақдир, инқилоби дигаре – монанди ту беҷурму бетақсир; ту амирону вазиронро фуровардӣ зи тахт, ў «ман»-и «манхоҳ»-и манро дар ман аз тахташ фурорад; ту фақирону асиронро баровардӣ ба тахт, ў «ман»-и бишкастанафси меҳнатиро бе диранге бар сари тахти вуҷуди ман барорад.
Инқилоб, эй Инқилоб, муқтадирӣ ту!
Пас маро пайваста як сарбози поки инқилобӣ кун, то фидо созам худамро баҳри дунё бе дареғ, ҷонфидо созам худамро баҳри Фардо бе дареғ.
Ту Заминӣ,
Осмонӣ,
Офтобӣ, пас маро ҳам, одамонро то ба кор оям, Кун Замин, кун Осмон, кун Офтоб!
Чун Замин, чун Осмон, ҷовидонӣ дар дилам бош; то шавам инсони пурдил, то шавам инсони комил, то шавам арзандаи дунё, то шавам арзандаи Фардо, ҳар нафас, ҳар лаҳза, дар дилам кун инқилоб, дар дили ҳар зарраи чун Офтоб ҳар рўз обу гилам кун инқилоб!
1987 Пора
Ин замон дигар намеояд ба кор пораи дил, пораи ҷон.
Зумрае ҳастанд дар ҳар ҷо, ҷисмашонро пора-пора карда гар бинед, ҷисмашон сар то ба по аз пораҳост; яъне, дар ҳар пораи онҳо порае барҷост.
Пора дода, пора бигрифта, пора-пора кардаанд онҳо ҳақиқатро, пора-пора кардаанд онҳо адолатро, пора-пора кардаанд ин халқу давлатро.
Он яке, гар душмане дорад, медиҳад бар раҳбараш пора,

менамояд душманашро пора-пора.
Порабахшои гунаҳкоре карда рўзу шаб сияҳкорӣ, ногаҳон меуфтад бар даст; лек, бинӣ, аз ҳисоби он сияҳкорӣ, аз ҳисоби молу пулҳои гунаҳкорӣ дода пора, менамояд дафтари аъмоли худро пора-пора; мормоҳӣ боз яъне меравад аз шаст, моҳиёнро боз меояд шикаст.
Бас аҷибаш боз бисёр аст, Бас аҷибаш порагириҳои устод аст, бас аҷибаш порабахшиҳои шогирдони афтода-ст!
Пораҳо бигрифта устодони донишгоҳ, касбҳоро пора-пора кардаанд, илмҳоро пора-пора кардаанд, ҷои донишгоҳ аз онҳо монда донишгоҳи пора, пора-пора меравад шогирд аз ин даргоҳи пора.
Сар халонида бар ин дар он қадар сарҳои холӣ, оқибат шуд мактаби олӣ мактаби холӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ