Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бо ҳазорон кас гаҳе танҳову зор43 , Гоҳ танҳо анҷуман будем мо.
Ноҳақӣ ҳар ҷо, ки шуд овобаланд, Аз алам фарёдзан будем мо.
Дар раҳи умри абад гоҳеву гоҳ Дар ғами гўру кафан будем мо.
Бехабар аз умри барқи навбаҳор, Раъдсон ғулғулфикан будем мо.
Сар ба авҷи ишқи зебо доштем, Марди сар бар пои зан будем мо.
Ошиқи рўи ҷаҳону пеш аз он Ошиқи рўи сухан будем мо.
Баҳри ҳарфеву ҳиҷое то саҳар Гарми баҳси мову ман будем мо.
То бимонад сатри ширине зи мо, Ҷонкан чун Кўҳкан будем мо.
Ошиқона ёдамон кун, эй Ватан, Шоири ишқи Ватан будем мо.
Идомаи тарона
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест…
Хусрави Фаршедвард
Ҳарчанд фароҳам бикунад зиндагӣ имкон, Дар ҳар дару кў нест маро зиндагӣ осон; Сад шаҳри азим аст, вале нест Душанбе, Сад кўҳи баланд аст, вале нест Бадахшон.
Хуросонӣ
Ин ҷаҳон ҳамчу осиёб бувад, Медиҳад тоб ҷисму ҷонатро, Мекунад ҷорӣ оби чашматро, Мекунад гард устухонатро.
43 У стод Рўдакӣ: «Бо сад ҳазор кас ту танҳоӣ…»
Донааш донаҳои ашки ту аст, Сари сахти ту санги он бошад.
Гарди пирӣ ба сар туро резон Аз шитобу диранги он бошад.
Дунё
Ёд аз он гардҳо, ки мард шуданд, Вой аз он мардҳо, ки гард шуданд.
Дар силсилазилзилаи Эрон Аё Эрон, ту он мардӣ, ки қисмат Бидорад доимо дар пушти зинат.
Барои тахту бахти хеш умре На дурӣ аз камону аз каминат.
Қарин бо мардуми пурдил ба дунё Бимонад мардуми бо дил қаринат.
Бувад чун осмон дар сарфарозӣ Замини пурдили мардофаринат.
Дили мо низ чун як пораи туст, Биларзад, ҳар гаҳе ларзад заминат…
Хокистар
Дидам, ки гузашт умр чун доди ҷарас, Хокистари гулхан аст дар пешаму бас.
Нарх
Дило, дар давраи бозоргонӣ Шарофат аз шару офат надонӣ:
Зи гардун қадри одам бар замин зад, Вале нархи замин шуд осмонӣ.
Наву куҳна
Ҷоҳи наву мансаби нават бод зиёд, Одамгарии куҳан фаромўш мабод!
Тасаллӣ
Аз худу девонагии худ мабош, эй дил, хиҷил, Ин ҳама девонагӣ як рўз девон мешавад!
Хайёмӣ
Дар фасли баҳор шод мебояд буд, Бо рўю дили кушод мебояд буд, Бо хории хеш низ бояд гул кард, Яъне, ки зи худ зиёд мебояд буд!
17.04.13 Ҳилолӣ
Бероҳа бод он роҳ,
Ки роҳи раҳоии туро баст!
Реги биёбони нафрат бод он санг, Ки мурдадилона рўҳи баландатро натавонист, Бесарона сари баландатро шикаст!
1 июн Аё эй тифлакони шоду хушҳол, Худо бидҳад шуморо болу иқбол, Пур аз ҷашни шумо бодо ҳама моҳ, Пур аз сури шумо бодо ҳама сол!
Оила
Гоҳе
(Барои огоҳӣ
Ё манъи кори дилхоҳе…)
Ман якеро дўст намедорам, Ў – дигарро,
Сеюм – чорумиро.
Чи душвор аст ба модарам – Бояд ҳамаро дўст бидорад!
Дуо
Машав, эй дўст, пир то мурдан, 03-ро нагир то мурдан, Бод пурнур явмату лайлат, Баъди 80 пир шав, майлат!
Сухан
Сухане – чун кафтар:
мерасонад пайғом; Сухане – чун кафтор:
мушти пар мекунад он кафтарро.
Харгўш
Бидонам хуб ман ин чандучунӣ:
Камон банданд дар фикри фузунӣ.
Ба зоҳир ҳар як ором аст чун шер, Чу харгўшест, меларзад дарунӣ.
Асли ҳол
Дили одам ганҷ аст…
Печутоби ҳама он ҳилаву найрангаш Ҳамчу морест яқин бар сари он ганҷ.
Ин бувад асли ҳама доғу ҳама ранҷ.
Ба духтари оташнишон
Эй духтари оташнишон,
Дар ҷони ман оташ фишон, Як умр хомўшам макун,
Аммо фаромўшам макун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё