Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мусиқии ҳазин…
Батадриҷ саҳна торик мешавад.
Ҳолаи нур созу мушти Борбадро рўшан нигоҳ медорад.
АНҶОМ
Саҳна торик. Танҳо созу мушти Борбад намоёнанд.
Ҳолаи нур батадриҷ он се тани оғози намоишро низ мунаввар мекунад. Садои мўбад ва ҳамсароён баланд мешавад.
Эй Борбад, эй Борбад,
Барбастӣ аз ҳиммат камар,
Пурдил шудию пурҷигар,
Эй нозу фахри аҳли фар,
Воло будат умре назар,
Боло будат умре гузар,
Гаштӣ сари аҳли ҳунар,
Дар каф туро шуд хок зар!
Эй Борбад, эй Борбад,
Будӣ ба умри бехазон
Хасми ҳама пиндорбад,
Хасми ҳама гуфторбад,
Хасми ҳама кирдорбад!
Ҳар ҷон зи ту шуд пурзиё,
Инсон зи ту шуд пурсафо,
Дунё зи ту кони наво,
Даврон зи ту дори бақо!
Будат чу фарҳанги накў,
Дар дидаат ранги накў,
Дар гўшат оҳанги накў,
Инак, шудат бори абад
Фазлу ҳунар, эй Борбад,
Умри дигар, эй Борбад!
Оҳангу тарона батадриҷ паст мешаваду саҳна торик.
Ҳолаи нур танҳо мушту сози Борбадро
ба мисли муҷассамае рўшан медорад.
ПАРДА.

пешина
аз 235