Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бас аҷибаш боз бисёр аст.
Бас аҷибаш порагириҳои духтурҳост, бас аҷибаш порабахшиҳои бемор аст!
То нагирад пора аз бемордораш, он яке ҳаргиз нахоҳад кард пора ҷисми бемораш ё нахоҳад кофт ҳаргиз пораи пурдарду озораш.
Пораҳо бигрифта духтурҳо, байни хешу Бўалӣ пайвандро карданд пора, дар лаби Гиппократ савгандро карданд пора.
Бас аҷибаш боз бисёр аст…
Шоирони порабахше низ мавҷуданд, ҳар замон бар порагирон пора-пора шеър мебахшанд; пас ҷавоби пора-пора шеърҳои хеш, яъне, подоши ҳама он пораҳои хеш пора-пора пора мегиранд – яъне, хона, яъне, мошин, яъне, боғу бўстонҷову замин; дар ҷавоби пора, яъне, пораҳои шеър он як мешавад болонишин.
Шоирони порабахшо ҳам зи зоти порагиронанд, шоирони порабахшо ҳам зи зоти порабахшонанд.
Ин замон дигар намеояд ба кор пораи дил, пораи ҷон.
Зумрае ҳастанд дар ҳар ҷо, ҷисмашонро пора-пора карда гар бинед, ҷисмашон сар то ба по аз пораҳост.
Яъне, дар ҳар пораи онҳо порае барҷост.
Ҳар яке монанди Заҳҳок аст:
морҳои пора ҳар гоҳе ки бар мағзаш ҳуҷум орад, пораҳо бигрифтаву дар панҷаи морон супорад, чанд лаҳза мори пора з-он пас оромаш гузорад…
Ман намедонам, чи соне мори пора бар дилу бар ҷони онҳо карда кора, лек медонам, ки ононро чу Заҳҳок бояд аз маснад фуровард, дар дилу дар ҷонашон он морро саркўб кард!
Яъне, мебояд, ки акнун бо ҳама овоз гуфт:
дар диёре, ки ҳақиқат ҷовидон якпора аст, дар диёре, ки адолат ҷовидон якпора аст, дар диёре, ки вуҷуди халқу давлат ҷовидон якпора аст, як дили монанди санги хора нест, як каси бекораву бечора нест, эътиқоде баъд аз ин садпора нест, пора нест!
Пора-пора карда яъне порагиронро, пора-пора карда яъне порабахшонро, бояд аз кишвар намудан пораро гум, пора-пора бовариро боз мебояд, ки баргардонд бар мардум!
1985 Балладаи шиор Гар ба ҷои хеш бошад, ҳамсадои хеш бошад, пурбаҳотар аз шиор андар ҷаҳон нест, пурсадотар аз шиор андар ҷаҳон нест.
Буд давроне, шиор буд як ҳамҷодаву ҳамкори Ленин, буд як ҳампешаи даркори Ленин, роғиби афкори Ленин; яъне, буд аз аскарони Инқилоб, ҳамсафи номоварони Инқилоб.
Буд давроне, шиор дар қатори худфидоён ин Ватанро кард бунёд; дар қатори худфидоён ин Ватанро кард обод.
Як замоне буд шиор ҳамчунон мардони майдон дар қатор; дар радифи коргар буд пешсаф, дошт азбаски ҳадаф.
Гоҳ дар як ҷо ба кор омад дар биное ҷои сангу хишт; гоҳ дар сармо ба кор омад хайли сармохўрдаи дилгармро ҷои алови пуртаби ангишт.
Буд давроне, шиор ҷои тир омад ба кор…
Ҳар яке аз ҳарфҳояш аскаре буд, ҳар шиоре шинаке буд, сангаре буд…
Буд давроне, шиор ҳамчу нон гушнаҳоро сер медошт; ҳамчу деҳқон донаи уммед мекошт…
Оре, оре, гар ба ҷои хеш бошад, ҳамсадои хеш бошад, пурбаҳотар аз шиор андар ҷаҳон нест, пурсадотар аз шиор андар ҷаҳон нест.
Гар ба ҷои хеш набвад, ҳамсадои хеш набвад, худнамотар аз шиор андар ҷаҳон чист, худбаҳотар аз шиор андар ҷаҳон чист?..
Бин, навишта дар шиоре:
«Мақсади мо тозагист!»
Рав ту дар пушташ вале, онро кушуда, бин яке ахлоттўда!
Лек бо ахлоттўда кори кас нест, чунки он аз дида пинҳон аст, кас намебинад, ки пушти ин шиори сурхи зебо гўшае ифлосу вайрон аст; мон, шиори сурхи зеборо бубинанду гумон созанд мардум:
пушти он ҳам ҳамчу рўи он гулистон аст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё