Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бо ҳама шавкату ҳашмат боз ў Ҳайкали бедиливу беҷигарист.
Кулаҳаш шоҳиди сардории ўст, Бингарӣ нек, надорад калла.
Кулаҳ аз калла не, аз ҳила пур аст, Умре сардор бувад бо ҳила.
Кулаҳаш дар сари холӣ умре Монеъи фурсати сархории ўст.
Ҳуҷҷати бешумараш дар киса Ҳар куҷо шоҳиди сардории ўст.
1984 Шикам
Ишкамаш чандон варам карда, оқибат ўро саропо як шикам карда.
Аз даҳонаш то ба зонуяш шикам бошад, чашмҳову дасту бозўяш шикам бошад, он қадар, к-ў баҳри ишкам дар такопўст, бемуҳобо, ҳар такопўяш шикам бошад.
Ишкамаш баста, валекин чашмҳои гушнааш боз аст; ишкамаш баста, валекин он даҳоне, к-он ба ишкам роҳ дорад, рўзу шаб воз аст; роҳи сўи нафс бе анҷому оғоз аст.
Дар бари рухсораҳояш сурхие аз сурхрўӣ не, дар бари рухсораҳояш хуни халқ аст, пеши чашм ин сурхрўӣ айни берўист, пеши чашм ин сурхрўӣ як сияҳрўист.
Ў савори чорчархи хеш нест, ў савори дўши ин мулк аст, сангбори дўши ин мулк аст.
Дар ҳама ангуштҳош обичаи лаълу нигин аст, дар ҳама ангуштҳои завҷаву хешу табору тифли дар гаҳворааш обичаи лаълу нигин аст – ҳосили обичаҳои дасти деҳқонон дар ин дастон ҳамин аст.
Ў арақхор аст; ин арақҳо аз арақҳои ҷабини коргарҳост, ин арақҳо аз арақҳои ҷабини кўдакони пахтачин аст, к-аз саҳар то шомгоҳон дастҳошон банди коранд, дастҳошон доимо аз нешҳои ғўза хуншоранд; ин арақҳо, аз ҳамин рў, гоҳ рангин аст…
то арақхори арақнокарда бисёр аст, коргар, ҳар ҷо, ки бошад, бас арақшор аст, барзгар, ҳар ҷо, ки бошад, бас арақшор аст, ҷисми ин ҳарду таҳи обу арақ аз кор афгор аст.
Ишкамаш чандон варам карда, оқибат ўро саропо як шикам карда.
Ишкамаш чашми варо баста, ў намебинад раҳи ҳақро, яъне, раҳгум аст ин маслакшикаста.
Чун биёяд пас зи раҳгум раҳнамоӣ, кас намедонад, чи сон ў мекунад бо инчунин ишкам ба мардум раҳнамоӣ, баски поро пеш монад ҳар куҷо, роҳро бо ишками худ мекунад банд; пешдав чун нўли ғўк аст ишками ў, ҳар куҷое ў дамонда ишкамашро пеш, халқро бо ишками худ медиҳад панд, халқро бо ишками худ медиҳад фанд.
Ҷуз шикам чизе надорад ў – гўшҳояш ҳам шикам бошад, забонаш ҳам; чашмҳояш ҳам шикам бошад, лабонаш ҳам; гар бубинад ў, бубинад бо шикам, гар бихандад ў, бихандад бо шикам, гаҳ даҳону гоҳ чашму гоҳ пеши роҳи мардумро бубандад бо шикам.
Нест парвояш, ки деҳқон мешавад дар офтоби гарми тобистон кабоб; мехўрад ў бе ғам андар ҳалқаи ёрон кабоб, мехўрад ў бе ғам андар ҳалқаи ёрон шароб.
Ў тамоми умр дунё хўрдаву боре ғами дунё нахўрда; ў фақат дунё гирифта, заҳмати онро ба дигарҳо супурда.
Ҷои ў заҳмат кашида шоҳмардоне, балки то ҳол зидди душман дар камин хобанд…
Як тан аз онон дар ин шаҳри калон ҳамсояи мост, дастҳояш бар Ватан даркор шуд, бахшид, ҳарду пояш бар Ватан даркор шуд, бахшид; зиндагиро монд бар по, гарчи худ бепост, зиндагиро то кунун ҳамдасту ҳампост.
Ишками ў гушнагии солҳои ҷангро дар ёд дорад, чашми сераш ишками ўро вале обод дорад.
Рўбарўяш ҳар пагоҳӣ ишкаме берун ҳамеояд, мекунад ў роҳро холӣ, охир, ишкам бигзарад бояд!
Ҷои ишкам он шикам бояд ба рўи дастҳо бардорад к-ў замоне, к-он шикам мерафт бо ишкам, баҳри фардои шикамбораш бо шикам паймуд дунёро!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё