Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

ки дар зери замин хобанд,
ин бедасту бепоро,
Ишкамаш чандон варам карда,
оқибат ўро саропо як шикам карда;
ишкамаш бошад пур аз боди мухолиф,
яъне,
сар то пост ў боди мухолиф…
То Ватанро беш аз ин бадрў насозад,
то чаманро беш аз ин бадбў насозад,
эй замон, ўро аз ин маҳфил барор,
хештанро аз шикам эмин бидор,
ин Ватанро аз шикам эмин бидор!
Қиссаи оинаи сиратнамо
Кошифи рўшанвуҷуде
як замон бинмуд кашф оинаро
ҳамчунон сиратнамо;
то намояд нокасу касро,
то ҷудо созад гулу хасро,
то дили онрову инро пеши чашмон хуб бинмояд,
то ки баддил,
аз дили худ шарм бинмуда,
дилашро хуб бинмояд.
Буд рўшан пеши он сиратнамо:
кас ҳунар дорад ва ё на,
кас ҷигар дорад ва ё на.
Ў аён мегуфт бо як:
гарчи дорӣ чашми бино, бебасар ҳастӣ;
рўбарў мегуфт бо дигар:
менависӣ ҳар замон гарчӣ асар,
хуб медон – беасар ҳастӣ.
Ў якеро менамуду бо ҳама мегуфт,
рўбарў сад ҳарфи хуш инъом бидҳад,
аз пасат дашном бидҳад…
хуллас, он оинае буд арҷманду пурбаҳо –
дилкушо,
сиратнамо.
Шоҳ
аз он огоҳ шуд ногоҳ,
дарзамон оина «омад» пеши шоҳ;
бо такаббур шоҳ аз ҷо хест,
ҷониби оинасоз омад,
во лабони хеш бо писханд бинмуд,
к-аз садрўияш огоҳ бошанд:
хандааш як заҳри қотил буд;
гуфт:
Гуфт:
«Оре.»
Гуфт:
Гуфт:
«Бар оина дорӣ эътимод?»
«Агар ногаҳ намояд нобаҷо?»
«Он гаҳ умри ман барбод!»
Шоҳ,
писханди дигар бахшида ўро,
ҷониби оина омад,
лек, эй мардум, аҷаб,
акси ў дар он наомад!
Ҷои ў пайдо шуд он дам
андар оина ду рўю сад ҳазорон гўш;
гашт пайдо эй басо дандон,
беш аз дандони шоҳаншоҳ садчандон…
баъд аз он
ишкаме чун кўҳи Қоф омад падид;
шоҳ, ҳарчӣ кофт,
чени пушти нохун дил надид;
заррае ҷигар наёфт;
андар оина ба ҷои калла танҳо салла буд,
саллаи пурпечутобе ҳамчу макру ҳила буд…
Заҳрханде кард шоҳ:
«Гўй, эй оинасоз, аз баҳри мо бе макру ҳила –
калла беҳтар ё ки салла?»
«Салла беҳ, эй подшаҳ, гар андарунаш калла бошад!»
Неши ўро шаҳ таҳаммул кардаву бозаш суоле дод:
«Аз кадомин рўз пас дар ҷисми одам
ҷои калла салла бошад?»
Кошифи рўшанвуҷуд
дид шаҳро эй басо хашмин,
дид: набвад дигар ў аз ҷаҳли вай эмин,
гуфт бо ҳасрат:
«Аз он рўзе, ки дар даҳр
салла шуд болонишину калла шуд поённишин…»
Шоҳ бо қаҳру алам бархост,
ходимон аз ваҳм биншастанд;
кошифу оинаро бурданд,
ҳардуро бераҳм бишкастанд…
…баъд аз он
то ин замон
оинасозе моили ин моҷаро нест,
ҳам дигар оинае сиратнамо нест.
Аз чӣ?
Чунон дар шеърҳоят меҳрубонӣ,
Ки дилҳо мешаванд аз меҳр саршор;
Чунон дар шеърҳоят хушзабонӣ,
Ки берун мешавад аз хонааш мор;
Чунон мардӣ дар ашъорат, ки гўё
Туро ҳар сафҳа як майдони мардист;
Дар ашъорат чуноне росткорӣ,
Ки ҳар як мисраъат паймони мардист;
Ба он ишқе, ки дар ашъор дорӣ,
Сазад, Маҷнун кунад гар саҷда пешат;
Ба он сидқе, ки дар шеъри ту бошад,
Чи хуш, гар ҷумла гирад ройу кешат;
Чунон дар шеърҳоят ҳақталошӣ,
Ки аз Мурғи Ҳақӣ гўё нишона;
Чунон дар шеърҳоят пурсипосӣ,
Сипосатро намебошад карона;
Дар ашъорат бувад дардошное,
Шарики мушкилу осони мардум,
Худат эй бас зи мардум дур ҳастӣ,
Вале наздики дастархони мардум.
Дар ашъорат, ки гўё нест аз ту,
Чунон ину чунон онӣ, бародар!
Дар ашъорат як инсони шариф аст,
Худат аз чӣ на он сонӣ, бародар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё