Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Хотира
Як шиносам буд; мову ў ҳамсол будем, баъд ў ногаҳ калон шуд, оре, ў ногаҳ калон шуд, ношиносам шуд.
Як замоне мову ў ҳамсол будем, як замон ҳамроҳ мехўрдем мо як бурда нонро, як замон дунё намедонист чун мо дўстонро.
Ўву манро он замон як куртаву шими фасон буд гушнаву бепул, аммо шод будем, баски дунёмон ҷавон буд, ҷону дилҳомон ҷавон буд.
Мо саропо орзў будем он вақт, лек ўро орзўе буд аҷиб, яъне, калон будан, раҳнамуни одамон будан.
Оре, ўе, ки замони орзўҳо як рафиқи дўстдору босипосам буд, як замон ногаҳ «калон» гардиду дигар… ношиносам буд!
Мо дигар ўро намедидем дар толор; мо дигар ўро ҳамедидем бас солор, доимо ҷояш раёсат буд, бо ҳама кораш сиёсат буд.
Мову ў ҳамсол будем…
Ман намедонам, чи сон ногаҳ «калон» шуд, Ўи ҷону дилҷавон Якбора як солорхўи ноҷавон шуд!
Баъд донистам:
замоне мову ў ҳамсол будем, дар куҷое мансабе будаст озод баҳри… домод!
Ҷўраи мо ром карда духтари мансабмаоберо, ёфтаст охир раҳи олиҷанобиро.
Ёфт дар охир мақоми хешро, ў вале гум кард номи хешро – баъд аз он ўро ба номи ў дигар ҳаргиз нахонданд, ҷумлааш з-он баъд «домоди фалонӣ» ном монданд.
Шоядаш ҷои мазаммат нест…
Ман фақат мегўям аммо гоҳ-гаҳ, танҳо барои худ:
ҷўраам қурбонии тақдир шуд; навҷавоне, ки саропо орзў буд, пир шуд…
Тақсир шуд.
Қолаб
Ошиқи пурҳавасе гуфт ба худ:
«Қолаби гулбарӣ, инак, шиканам – Ин карат гул нахарам аз бозор, Гули худрў ба Гулам туҳфа кунам!»
Бо ҳавас рафт сари кўҳи баланд, Бо ҳавас баҳри нигораш гул чид, Бо ҳавас пеши нигораш овард…
Нагирифт ў гулу аз вай… ранҷид!
Буд гулдўст нигораш беҳад, Лек будаш гули бозор қарин, Ў гули хор надида боре, Гашта буд бо гули бехор қарин.
Пеши чашмаш ҳамаи дилдорон Гули бозор ба ёр оварда, Шодии саҳлаки коғазпече Баҳри ёрон ҳама эҳдо карда.
Дили ў ҳеҷ намедид яқин – Гарчи бехор гули бозор аст, Нест гул, чун пас аз ин мол шуда, Нест гул, баски дар он ҷо хор аст.
…Решаи пургилу хоки гулро Дид таҳқир барояш он ёр, Гули пургард ба ёдаш овард Гули бе чангу ғубори бозор.
Ҳавасаш пир шуду ақлаш лол, Монд дилдор саропо ҳайрон, Зери лаб гуфт ба овози ҳазин:
«Нест бишкастани қолаб осон…»
Коркарди замон Истилои араб гузашт аз сар, Асараш гарчи то кунун кам нест, Истилои араб гарон бигзашт, Истилои асаб вале боқист.
Бок ҳаргиз набуд, дунёро Танг медид агар каси дилтанг, Зиндагӣ кўру ланг хоҳад шуд, Гар бувад эътиқод кўру ланг.
Буд дар як замонаи дилҷў Ҳар ҳунарманд хуш ба гулдаста, Вақти ўро дар ин замон дигар Накунад хуш ба ғайри пулдаста.
Ҳамчу рўбоҳ сахт маккор аст Рўи дастон рубоби гулдораш, Пўпакаш ҳаст чун думи рўбоҳ, Дум ликонад рубоби маккораш.
Чун шавад меваҷот арзонӣ?– Боғ пур аз ниҳоли бебор аст, Ҳамчунин боғи рўзгори мо Мол-моли ниҳоли беор аст.
Пештар бешумор ҳар ҷое Буд ойилаи иҷоранишин, Ин замон аз луғоти нав бишнав:
Бингар ойилаи идоранишин, Писару духтари тилодандон Аз куҷо духтурони дандонанд – Писару духтарони дандондор, Писару духтарони дандонанд!
Марди майдон зи давра дур афтод, Марди «ман»-дон гирифт рўи замин.
Меваҳои сари дарахт маҷў, Меваҳои сари карахт бубин.
Одамӣ аз замони бунёдаш Асрҳо дарки маърифат карда, Одамоне вале ба осонӣ Ин замон тарки маърифат карда…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё