Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки ҳастам бо ту ман ҳамҷону ҳамтан, Ки ҳамдил камшумар бошад ба олам, Бибояд ончунон бошем бо ҳам, Ки як мў нагзарад байни туву ман, Ки ҳастам бо ту ман ҳамҷону ҳамтан.
Ту, эй ҷонону эй ҷононаи ман.
Мапурсам: аз шимолам ё ҷанубам, Бигў бо ман: бадам ман ё ки хубам, Ки ҳастам бо ту ман ҳамҷону ҳамтан…
Ту, эй ҷонону эй ҷононаи ман.


«Ватани нилгуни Фирдавсӣ», Ин чи ғавғост бар сарат имрўз, Ки кунӣ дуду таҳ ба таҳ сўзӣ, Кай туро мешавад хирад пирўз?
«Ватани нилгуни Фирдавсӣ».
«Донам, Эрон, ки хубу дилҷўӣ», Шуҳратат бар ҳама ҷаҳон рафта, Ин замон аз чи дар сари мўӣ, Бишнавам кай: туро хазон рафта, «Донам, Эрон, ки хубу дилҷўӣ», Шарбати шеъри форсӣ нўшам, Оядам лафзи тоҷикӣ бар гўш, Ҷонибат ҳар гаҳе бувад гўшам, Оядам шеъри Рўдакӣ бар гўш…
Шарбати шеъри форсӣ нўшам.
Донам, Эрон, дар инчунин айём Дарманданд шоирони ту, Дардманданд Ҳофизу Хайём…
Ҷумла доранд дарди ҷони ту, Донам, Эрон, дар инчунин айём.
Ин замон дард мекашӣ, афсўс…
Душманатро аз ин набошад ғам.
Мекунӣ дуд таҳ ба таҳ бо сўз, Кай расад Кова, кай расад Рустам?!
Ин замон дард мекашӣ, афсўс…


«Ҳаст дар мулки Хуросон як даре», К-он ба рўи ҳамдилон боз асту боз, Пушти он бошад ҷаҳони шоире, Бахти худро худ бихоҳад доварӣ Бо суруди дилнавозу дилгудоз.
Шоире, аз олами афсонае, Шеърҳояш кафтарони хушпаранд, Мепаранд аз лонае то лонае, Мепаранд аз синае то синае, Пайки дилҳоро ба дилҳо мебаранд.
Шеъри ў монанди дарёи равон Мазраи дилро кунад шодобтар, Шеъри ў монанди дарёи дамон Бастаи туғёну тўфон ҷовидон, Об бошӣ, мешавӣ з-он обтар…
Ў, ки худ моҳӣ, Ватан дарё бувад, Шодиву андўҳи ў бошад Ватан, Он Ватан аз баҳри ў дунё бувад, То бувад, якто бувад, танҳо бувад, Баски ў ҷону Ватан бошад бадан.
Шоири дилсўзи Эрон аст ў, Ҷодаи бахти вайаш бошад сабил7 , Дар ғами беҳбудии он аст ў, Балки як сарбози даврон аст ў, Зиндагонӣ – инқилобашро кафил.
Сайди маҷрўҳ
Хуни ту ҳамхуни ту нест, Чун мефурўшад охират, Як ташнаи хуни туро Меорад охир бар сарат.
Дарди ту ҳамдарди ту не, Ҳамдарди бадхоҳат бувад, Дар ҳар қадам домат бувад, Дар ҳар қадам чоҳат бувад.
Дасти ту ҳамдасти ту нест, Як дастгири душман аст, Печида меафтонадат, Гўё ки тири душман аст.
Пои ту ҳампои ту не, Будаст ҳампои адў, Ҳар лаҳза мемонад қафо Чун аз талошу саъйи ту.
Роҳи ту ҳамроҳи ту нест, Охир туро раҳгум кунад, Сад печу сад тобат диҳад, Охир ба домат афканад.
Хунат бирезад раҳ ба раҳ Чун нақши поят ҳар куҷо, Дардо, ки бадхоҳи туро Хуни ту бошад раҳнамо.


Зиндагонӣ азобҳо дорад, Об дорад, саробҳо дорад.
Чун китобест рўшану мармуз, Аз шабу рўз бобҳо дорад.
7 Роҳ, нийят, азм.
Аз амалномаи баду некаш Ҷилд-ҷилди китобҳо дорад.
Аз қади кўзапушту сарвқадон Бас саволу хитобҳо дорад.
Ҳамчу баҳре, ту гўӣ, ором аст, Ҳамчу дарё шитобҳо дорад.
Нест танҳо зи зоҳирободон, Боз ботинхаробҳо дорад.
Асли рўяш надид инсоне, Гуна-гуна ниқобҳо дорад.
Андешаи шаб
Гуфтам, шабе ором хобам, Сар холӣ аз дарди хаёлӣ, Чашмон пур аз хоби бароҳат, Дил аз ғаму андўҳ холӣ.
Гуфтам, шабе лона бимонад Дар чашми ман паррандаи хоб, Як шаб набошам бандии ғам, То субҳ бошам бандаи хоб.

пешина
аз 235
навбатӣ