Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Гуфтам, шабе ширин бихуспам,
То субҳ сер аз хоб хезам,
Аз хоби оромам пагоҳе
Бо дидаи беоб хезам.
Гуфтам, ки бошад кош хобам
Як шаб тиҳӣ аз хоби ваҳмӣ,
Беғам ба сўи нур субҳе
Бошам раҳӣ аз хоби ваҳмӣ…
Бо сад хаёлам шаб саҳар шуд,
Ман монда бо он ҳоли дерин:
Сар пурхаёлу дил пур аз ғам,
Чашмон тиҳӣ аз хоби ширин.
Дар пояи ҳайкали Бўалӣ
Аз ин дунё набудаш ҷуз сари пурфикру ҷуз ҷоне,
Аз ин дунё набудаш нақд ҷуз ҷоневу Ҷузҷонӣ.
Ҳама умр ў шитобон аз диёре бар диёре буд,
Ҳама умр ў гурезон аз хазоне то баҳоре буд.
Кутуби давлати тоҷик ба ёдаш, рафт бар дарҳо,
Саводи миллати тоҷик ба ёдаш, рафт бар дунё,
Тамоми умри ширин дар вуҷудаш дарди ҳиҷронҳо
Ба сар овард умрашро ба ҷўёҷўи дармонҳо.
Китобе, к-аз итоби бесаводон гашт хокистар,
Варо дар ёд монд умре мисоли чеҳраи модар,
Агарчӣ буд умре он китоб асли чароғи ў,
Нарафт умре, дареғо, дуди талхаш аз димоғи ў.
Мисоли он кутуб ў низ гўё таҳ ба таҳ месўхт,
Мисоли он кутуб ў низ гўё бегунаҳ месўхт,
Ба саҳрову биёбон пеши чашмонаш сароб омад,
Ба ёди он кутуби сўхта чашмаш пуроб омад.
Ҳамадон буду аз дунё ҳамеҷуст ў ҳамадонҳо,
Намедонист осоиш вале аз дасти нодонҳо,
Ба ғурбат ҳар куҷо бадҷаҳлу нодон интизораш буд,
Агарчӣ оқибат хоки Ҳамадон интизораш буд…
Кунун дар пойтахти Тоҷикистони сурурафшон
Таҷассум карда ўро пайкаре ҳампояи даврон:
Ту гўӣ, пой мемонад ба фарру фанни синоӣ
Сари болои кишвар – тоҷики бонангу доное.
Чу гул рўида буд азбаски аз обу гили тоҷик,
Ба дунё рафт агарчӣ, монд пайванди дили тоҷик,
Пас аз чандин хазонҳо ёфт охир ў баҳори хеш,
Ҷаҳонро гашта-гашта боз омад бар диёри хеш.
Қасидаи Лоҳутӣ
Дили тангаш ба ҳоли танг андохт,
Варо бо тангчашмон ҷанг андохт.
Диёрашро ба озодӣ садо кард,
Садо дар Ҳинду Руму Занг андохт.
Амирону вазирони дурўро
Ба фикру зикр аз авранг андохт.
Варо фарҳанг ҳам буд инқилобе,
Дилашро дар раҳи фарҳанг андохт.
Сухан дарёфт аз авзои даврон,
Зи зарби инқилоб оҳанг андохт.
Ба бар Айнии ҳамсанги замон дид,
Худашро дар бари ҳамсанг андохт.
Суханро бо сухан доронд бозӣ,
Сухангўро ҳама дар нанг андохт.
Чу тире буд ҳар шеъраш, ки чолок
Ба табъи кўру завқи ланг андохт.
Ба боғи шеър хуш-хуш мева афшонд,
Ба боғи шеърбофон санг андохт.
Суханро буд ранг аз рў парида,
Ба рўяш аз дигар ў ранг андохт.
Ба ашъори хуши зангўладораш
Зи хотирҳои ёрон занг андохт.
Ба рўи навҷавон гул диду болид,
Зи рўи пирмард ожанг андохт.
Дили фарзонаашро бе дареғе
Ба роҳи ёри шўху шанг андохт.
Барои дўстонаш чанг бинвохт,
Ба рўи душманонаш чанг андохт.
Равону сода бо мардум сухан кард,
Зи шеър ў ҳилаву найранг андохт.
Ба шеър аз нав ғурури «Шоҳнома»,
Ҳавои Мониву «Аржанг» андохт.
Ба душман хўрд ҷумла тири шеъраш,
Ки аз фарсанг то фарсанг андохт.
Зи сангарҳо шунав шеъраш ҳамеша,
Замон шеъри варо оҳанг андохт.
Дар китоби «Ёдбуди Маҳмуди Воҳид»
Дар чашми ёрон акси ту
Пурнуру гарму сода аст,
Аммо дар авроқи китоб
Чун ахтари афтода аст.
Аз саҳна гарчӣ рафтаӣ,
Дар саҳни дилҳо мондаӣ,
Он гуна дар рўи китоб –
Дар даст гулҳо, мондаӣ…
Бар рағми умри ту шавад
Умри китоби ту дароз,
Чун саҳна онро то абад
Пўшанду бикшоянд боз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё