Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Варзоб
Ҷону ҷонона даровехта сахт,
Ҳар куҷо ҷуфти ҳамоғўш бувад,
Мавҷ бо мавҷи дигар печида,
Рўд аз хеш фаромўш бувад.
Офтоб аз таҳи дил механдад,
Ҳамаро ошиқу бо ҳам дида,
Ташнагӣ мешиканад мастона,
Аз лаби ҳар гулаке нам чида.
Дара густурда гилем аз сабза,
Бин, ки имрўз чи меҳмон дорад,
Ҳамканораш ҳама ошиқҳоянд,
Дара имрўз чи даврон дорад!
Ҳама бигрехта рўзе аз шаҳр,
Хешро бехуду беғам бинанд,
Лаби рўде, ки давад беором,
Як дам осудаву ҳамдам шинанд.
Ҷуфту танҳо ҳама то бегоҳӣ
Сокини мулки ҷавонӣ бишаванд,
Баъд чун рўд аз ин гулхона
Ҷониби шаҳри бетонӣ бираванд.
Конибодом
Кўчаҳоят роҳи бепоёни ишқ аст,
Ҷўйҳоят чун раги шарёни ишқ аст,
Ҳар касе рафт аз канорат, рафт ошиқ,
Ҳар ки меҳмони ту шуд, меҳмони ишқ аст.
Нест бодомат, чи бок, эй Конибодом,
Ҳаст кони дилбарат – чашмони бодом!
Нест дарёят, вале дарёдилӣ ту,
Баски шаҳри хушгилонӣ, хушгилӣ ту,
Кас нагўяд: ишқ нодон асту кўр аст,
Баски ҳам биноиву ҳам оқилӣ ту.
Нест бодомат, чи бок, эй Конибодом,
Ҳаст кони дилбарат – чашмони бодом!
Шаҳри ишқӣ, ҳар дару бомат амон бод!
Боғи ишқӣ, пухтаву хомат амон бод!
Чашми бад аз чашмҳоят дур бодо,
Чашмҳои ҳамчу бодомат амон бод!
Нест бодомат, чи бок, эй Конибодом,
Ҳаст кони дилбарат – чашмони бодом!
Шитоб мекунам
Ман он навои зиндаам,
Ки бе лабони хандабори ту хамўш мешавам.
Ба ёди чашмҳои масту пурхумори ту
Хумору масти рангҳои зиндагониам,
Ба ёди чеҳраи ҷавону чун баҳори ту
Ҳамеша бо баҳору бо ҷавониам.
Чунон ки рўз меравад ба сўи шом,
Чунон ки рўд сўи дашт меравад мудом,
Чунон ки офтоб меравад ба хонаи шафақ,
Чунон ки ҳақталаб ҳамекунад шитоб сўи ҳақ,
Ба сўи ту шитоб мекунам.
Ман офтобпарастам,
Барои нима ҷони хеш
Тамоми умр мебарам ниёзи ту,
Ба гирди хеш чарх мезанам тамоми шаб
Ва субҳ боз медавам ба пешвози ту.
Ба кўи ту шитоб мекунам ,
Ба сўи офтоби рўи ту шитоб мекунам,
Чу пир сўи марг,
Чу тифл сўи зиндагӣ
Ба сўи ту шитоб мекунам…
Занги дил
Мезудоӣ ту зангҳои дилам,
Ҳар гаҳе занг мезанӣ, эй гул,
Умри берангу дилфишорамро
Гўиё ранг мезанӣ, эй гул.
Аз ҳар овозу соз гўши маро
Занги телфони ту ҳамефорад,
Чун бидонам, ки занг занги ту аст,
Занги телфон чи хуш садо дорад.
Гўшакашро гирифта ҳар гоҳе,
Роз гўӣ ба меҳру ғамхорӣ,
Гўши ман гўиё ҳамеболад,
Гўӣ бо ман ту гўшакӣ дорӣ.
Он даме занг мезанад телфон,
Як дам аз бахти нася нақди ман аст.
Зангҳоят садои бахти ман аст,
Занги зангўлаҳои бахти ман аст.
Ту бизан занг, ҳар замон, эй гул,
Бишнавӣ то навои занги дилам,
Назанӣ занг ту агар рўзе,
Дили ман занг мезанад зи алам.
Рақс
Ҷуфти дилам шавӣ агар, мард чи марду зан чи зан!
Рақс кунем то саҳар шона ба шона, тан ба тан.
Ҷуфти дилам шавӣ агар, зарб чи зарбу ҷо чи ҷо!
Рақс кунем то саҳар бозу ба бозу, по ба по.
Ҷуфти дилам шавӣ агар, дард чи дарду ғам чи ғам!
Рақс кунем то саҳар дида ба дида, дам ба дам.
Ҷуфти дилам шавӣ агар, рўз чи рўзу шаб чи шаб!
Рақс кунем то саҳар гуна ба гуна, лаб ба лаб.
Ҷуфти дилам шавӣ агар чун гулу бў, чу обу гил,
Рақс кунем то саҳар сина ба сина, дил ба дил...
Тўёна
Ин лаҳзаи бехазон муборак бошад!
Пайвастани ҳамдилон муборак бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё