Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ин лаҳза ду хонадон ба ҳам пайвандад, Пайванди ду хонадон муборак бошад!
Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин, Ду ахтари ҳамқирон муборак бошад!
Бинед, ки ҷисму ҷон ба ҳам омадаанд, Ин ваҳдати ҷисму ҷон муборак бошад!
Монандаи фасли панҷуми сол аст ишқ, Ин мавсими бехазон муборак бошад!
Ҳастӣ чу малика, эй арўс, ин лаҳза, Пеши ту шаҳи шаҳон муборак бошад!
Эй шаҳ, ба ту дар тахти равони қисмат Ҳамқисмати меҳрубон муборак бошад!
Ҳар лаҳзаи умратон чу ин лаҳза шавад, Яъне, ҳама умратон муборак бошад!
Як пораи манӣ ту, як пораи дили ман, Як пораи бару дўш, як пораи ҳама тан.
Дурӣ гаҳе ту аз ман, ёрои буданам нест, Як пораи дилам нест, як пораи танам нест.
Як пора кам намояд бе ту ҷаҳон ба дида.
Як пораи вуҷудам бе ту бувад бурида.
З-он пораи бурида ҳамвора меравад хун, Пурлола мешавам ман аз хуни дил чу ҳомун.
Ҳар гаҳ, ки гашта-гашта, оӣ ту дар бари ман, Як пора мефизояд бар дўши ман, бари ман.
Пайванд мешавад боз он пора бо тани ман, Яъне, ки мешавад боз он пора аз мани ман…
Якдонаӣ манӣ ту, аз ман марав дубора, Манмо маро дигар бор дар зиндагӣ дупора.
Сўхтӣ, эй дил, зи ишқи бебароре сўхтӣ, Дар раҳи дури дили бесўзи ёре сўхтӣ.
То саҳар бо ёди он шабзиндадориҳои дур Ҳамраҳи парвонаи шабзиндадоре сўхтӣ.
Навниҳоли қоматаш то гашт аз чашмат ниҳон, Ҳамчу мурғон дар хаёли шохсоре сўхтӣ.
Ишқи беандозаат дар синаи ў ҷо нашуд, Созгоре ҷуста, аз носозгоре сўхтӣ.
Ҷон ба роҳи ёр рафту ёр бо роҳи дигар, Аз чунин беқадриҳои ҷоннисоре сўхтӣ.
Хокистари ёд
Будӣ ту зану набудӣ аз он занҳо.
Будӣ чу ҳама, вале ҷудову танҳо.
Будӣ ту хумории гулу фасли баҳор.
Дардо, будӣ боз хумории сигор.
Чун дудбарое ба лабони ту сигор Гўё зи дилат бурун ҳамекард ғубор…
Чун дуди сигор талх буд умри ту низ, Монанди хумори он гузашт ишқи ту тез.
Оре, будӣ ту як хумории сигор, Шуд ишқи манат сигору бишкаст хумор, Афканда пас он куҷо ту пасмондаи он?
Додӣ ба кӣ боқии зи кас мондаи он?..
Он гуна, ки хокистари бе сўзу шарор Монад чу нишона з-он ҳама сўзи сигор, Аз он ҳама сўзу сози деринаи ман Хокистари ёд монд дар синаи ман.
Саропояш муҳаббат буд
Саропояш муҳаббат буд.
Саропояш садоқат буд.
Саропояш фасоҳат буд, роҳат буд…
Буд, оре, буду рафт, Акнун чи бояд гуфт,
Ки аз гуфтан нагуфтан беҳ.
Намедонам чаро истодаам барҷо, Ки аз ў не фақат,
Ин дам маро аз хеш рафтан беҳ.
Аёни ноаёнам рафт.
Ҷаҳоне аз ҷаҳонам рафт, Ҳама умри ҷавонам рафт…
Чаро истодаам барҷой ман, Охир, равонам рафт…
Акси садо
То надонад чи гуна бадбахтам, Пеши ў гиряхандаҳо кардам.
То надонад, ки ғарқаи дардам, Хушк дар обрў шино кардам.
Хонд азёд шеъраке аз ман (Хондааст, оҳ, ў китобамро), Аз китоби дилам валек нахонд Зиндагонии пуразобамро.
Заҳраханде намуда, бе заҳра Аз зану баччаҳои ман пурсид, Ў нашуд лек интизори ҷавоб, Балки аз ин ҷавоб метарсид.
Рўбарўяш хамўш будам ман, Дили ман лек менамуд афғон, Чину ожанг эй басо бераҳм Зада бар ҳусни ў хати бутлон.
Дасти қисмат чу холи рўи моҳ Бар рухаш сад нишона бинҳода, Дар дилу ҷони нозукаш тақдир Алами ҷовидона бинҳода…
Ў ду-се лаҳзае бад-ин минвол Чун азоби алим бо ман буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё