Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кайҳоннаварди ишқ
Ман, ки кайҳоннаварди ишқи туям, Ту, ки беғаш самои ишқи манӣ, Бо хаёли ту метапам ба замин, Дарди ишқу давои ишқи манӣ.
Лек гоҳе ки дар само бошам, Сабзу хуррам замини ишқи манӣ, Метапам рўзу шаб ба ёди ту боз, Ки қаринӣ ба ҷону тан - ватанӣ…
Зи ҳар сўй
Ту зи ҳар сўй дури яксонӣ, Ту зи ҳар сўй марказӣ, эй зан, Гарчи аз ҷои худ намеҷунбӣ, Ту ба ҳар сўй мерасӣ ҳатман.
Устуворӣ чу нуқтаи паргор, Мо ҳама гирди ту ҳамегардем, Мебароем ё зи роҳи хеш,
Ё ҳама гирди ту ҳамегардем.
Туӣ, эй зан, шароби поки куҳан, Ҳама масту харобҳои туем,
Ҳама марказгурезҳои худем, Ҳама марказшитобҳои туем.
Пеши рўи гуноҳкоронат
Ту дари маҳбасӣ дар ин дунё, Баҳри беҷурмҳои ишқи худӣ
Дар ду дунё ту беҳтарин дунё.
Дар муҳите, ки сахт дилгир аст, Хуш насимиву мевазӣ, эй зан, Ин ҷаҳон давраест саргардон, Ҷовидонаш ту марказӣ, эй зан!


Ошиқ шудам, ошиқ шудам, ман дар даме ошиқ шудам.
Гўё саропо ғам шудам, бо беғаме ошиқ шудам.
Ғофил зи хешу дил шудам, дарёи бесоҳил шудам, Эй обрў, бингар, ки бо чашми наме ошиқ шудам.
Печу хами зулфе маро карда зи ақлу дил ҷудо, Ҳамвор чун гардам, ки бо печу хаме ошиқ шудам.
Ў буд Ҳавво гўиё, баҳри ман омад аз ҳаво, Бо ў мани фирдавсҷўё - Одаме ошиқ шудам.
Онон, ки нўшиданд об аз Замзаме, ҳоҷӣ шуданд, Пас ман киям, к-ин лаҳза бо ду Замзаме ошиқ шудам.
Сар то ба по ҳусн аст ў, ҳусн аст гўё мў ба мў, Бар ин зиёди ҳусни ў бо ин камӣ ошиқ шудам.
Сар буду савдоям набуд, дил буду дарёям набуд, Парвои дунёям набуд, бо оламе ошиқ шудам!
Ду қитъа
Ҷони ман, ҷуз туро намехоҳам, Лоиқат як тарона мехоҳам.
Аз хаёли ту мешавам афсун, Олами пурфасона мехоҳам.
Ончунон рафтаам зи худ, ки дигар Ҷуз нидои «биё!» намехоҳам!


Дили кайҳониамро пеши ишқат хоки раҳ кардам.
Зи моҳи Каҳкашон дил канда, дилро барги каҳ кардам.
Ду чашмат дидаму дигар наҷустам ахтари бахтам, Рухатро, моҳи бемеҳрам, иваз бар меҳру маҳ кардам.
Сияҳкорӣ зи абрўю зи мўю чашми ту будаст, Ғалат кардам, хато кардам, фақат дилро сияҳ кардам!
Шеъри равон
Чун ин сукут шеъри пурово надидаам, Чун ин ду дида байти фиребо надидаам.
Монанди соқу соиду абрўву чашми ту Дар шеърҳо таносуби зебо надидаам.
Аз пушту пеш дидаам абёти сад китоб, Чун байти кокулони ту барҷо надидаам.
Бисёр шеър дидаву бишнидаам, вале Шеъре чу қомати ту саропо надидаам.
Додам зиёд гўш ба ашъори шоирон, Шеъре чунон лабони ту гўё надидаам.
Нозуктар аз миёни ту маънӣ нахондаам, Низ он тариқа шеъри тавоно надидаам.
Чун пой то сари ту аз ашъори шоирон Дар чашму дар дили ҳамагон ҷо надидаам.
Беш аз ниёзи синаи ту маънии ниҳон, Беш аз рухи ту маънии пайдо надидаам.
Чун панҷаҳои нозукат андар чаҳор сўй Дар зиндагӣ мухаммаси воло надидаам.
Шеъри равон ба умр чи бисёр дидаам, Шеъре равона чун ту ба ҳар ҷо надидаам.
Чун рўҳи ту баланду чу иқболи ту баланд Шеъри баланд дар ҳама дунё надидаам!
Хоб
Хоб дидам: рафта бехуд
Дар лаби дарё нишастам,
Ногаҳон афтод гўё
Моҳии тилло ба шастам.
Дидаам бикшода дидам
Рўбарўям мисли моҳӣ,
Банди дастонат ба дастам
Ҳамчунон ду ширмоҳӣ.


Ба ҷуз ишқат намеварзад дилам, эй ёри варзобӣ, Ба ҷуз рўят намехоҳад дилам ин шоми маҳтобӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ