Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуш будӣ, гар менабудӣ дар ҷаҳон, Бе ту лек инсон чи инсон будие?!


Ту, ки дарки ёр кардӣ, ба ту дарки ёр табрик!
Ту, ки тарки ёр кардӣ, ба ту чашми чор табрик!
Ту, ки неши хор дидӣ ба хаёли гул, тасанно!
Ту, ки рафтӣ аз бари гул, ба ту неши хор табрик!
Ту, ки ғам надорӣ аз ишқ, ҳамеша бош беғам, Ту, ки дил зи даст додӣ, ғами бешумор табрик!
Ту надорӣ дарди ширин, сари дарди мо нагирӣ, Туи дарддор гирӣ, ба ту гирудор табрик!
Ту хасӣ, баҳор баҳрат чи биёраду чи бошад?
Ту гулӣ, баҳор табрик, ту гулӣ, баҳор табрик!


Ҳусни беандоза дорӣ,
Хоҳамат бахти фаровон,
Он қадар бишкуфта рўят,
Хоҳамат ишқи гулафшон.
Дар сари ҳар рўзи умрат
Тозарў чун субҳ бошӣ,
Бошадат хуршеди ханда,
Рўшану беқубҳ бошӣ.
Ҳамчу борони бафайзе
Хоҳамат гоҳ ашки шодӣ,
Чун самои баъди борон
Синапокӣ, дилкушодӣ.
Ашки шодӣ ҷовидона
Бошадат бар мижжа чун дур, Ҳар дамат сандуқи сина
Бошад аз ганҷи ҳавас пур.
Қисматат рангину дилҷў
Беш аз рангинкамон бод,
Орзўят бекарона
Чун самои бекарон бод.
Ишқ сўзад синаатро
Ҳамчу меҳри нимаи рўз,
Сахттар ошиқ шавӣ боз,
Ошиқи дилҷўю дилсўз.
Шомгаҳ хуршед шинад,
Ту вале тобон бимонӣ,
Чун шафақ хоҳам ҳамеша
Гунаатро арғувонӣ.
Пас бихоҳам то пагоҳат,
Эй тарона, эй фасона,
Хобҳои ошиқона,
Тобҳои ошиқона…
Чорсўи дил (дубайтиҳо) Ниҳоли ақл гар бебар биёяд, Баҳори зиндагиро сар биёяд.
Басо модар ҷудо гардад зи фарзанд, Агар як бепадар раҳбар биёяд.
Ҷаҳоне бекарон буду бимонад, Замине ҷовидон буду бимонад.
Ба рағми баддилон некӣ намудан Шиори хушдилон буду бимонад.
Сукути кўҳсорон бояд омўхт, Суруди обшорон бояд омўхт, Зи қалби кўҳҳо бар ҷони водӣ Дуруди рўдборон бояд омўхт.
Давидему паридему нишастем, Гирифтему даридему шикастем, Ҷаҳонро дода умри бехазоне, Зи умри бехазони худ гусастем.
Чи дил, гар ишқро манзил набошад?
Чи сар, гар пайрави оқил набошад?
Чи по, гар нест дар пайроҳи некӣ?
Чи чашм, ар акссози дил набошад?
Нагаштам ҳамчу ҷон ҷо дар тани ту, Нашуд дастам ҳамели гардани ту, Сад оҳу дод аз кўтоҳдастӣ, Ки бар дастам наомад домани ту.
Ҳама қасру саро месўзад имшаб.
Ҳама шоҳу гадо месўзад имшаб.
Ҳама буду набуди рўи дунё Хаёлам, мисли мо месўзад имшаб.
Ду дил дар синаам бистезад имшаб.
Ду довар дар вуҷудам хезад имшаб.
Ҳама айби зи ман имрўз рафта Зи роҳи дидаҳоям резад имшаб.
Гули уммедро бўе кунам боз, Хаёли ёри дилҷўе кунам боз, Ҳазорон бор як тоқа диламро Фидои тоқи абрўе кунам боз.
Биё, то ҳамдилу ҳампо бигардем.
Ба ҳам бошему беҳамто бигардем.
Бувад то чун сари мо чарх гардон, Чу ў дар дори ин дунё бигардем.
Аё ёрони ҷони ман, куҷоед?
Ҷаҳони ҷовидони ман, куҷоед?
Чи созам бо басе ҳамномҳоям, Аё эй ҳамдилони ман, куҷоед?
Дили ман – оташу хокистари ман, Зи дасти туст саргардон сари ман, Ҳамедонист аз дасти ту ҳолам, Намезодат ба дунё модари ман!
Зи мо ҳам кўҳсорон беш гиряд.
Басо дилмондаю дилреш гиряд, Аҷаб мардест – бо сад чашми пуроб Ба марги фотеҳони хеш гиряд.
Дилам бо ошиқон ҳамроз бошад, Писандам ишқу ёру ноз бошад.
Ба фасли тирамоҳ афтодани барг Бароям рамзе аз парвоз бошад.
Аё ёрон, барои манзили худ Бисозедам чароғи маҳфили худ, Бигўронедам андар хок бебок, Магўронедам аммо дар дили худ!

пешина
аз 235
навбатӣ