Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар чарогоҳи замона як замон монад нишон Гўсфандӣ чашми ман аз гўсфандонам фақат.
Хонаи занбўр дар дунё намонд аз дасти ман, Неши занбўре куҷо, неши забон монад дигар, Як замон бо ёди мўре ҳам дилам гум мезанад, Мўри чашмам аз ҳама мўрон нишон монад дигар.
Ман, ба ин ҳирсе, ки дорам, мебарам охир фурў Ҷумлаи ҳайвони дунёро ба коми хештан, Худ ҳамемонам ба пеши хеш танҳо як замон, Меравам балки фурў худ ҳам ба коми хеш ман.
Охирсухан
Ба хотираи Ҷумъа Одина Эй варақҳои сафед, маъзур доред – ман шуморо бас сияҳ кардам; бе гуноҳе гуфта будам зиям, оваҳ, ин гунаҳ кардам.
Он ҳама, охир, сиёҳӣ не, рўсиёҳии зи сар бигзаштаи мо буд, рўзи дар ранги сияҳ оғуштаи мо буд, хуни вайронгаштаи мо буд.
Оре, оре, хуни вайронгаштаи мо буд, рўзи дар ранги сияҳ оғуштаи мо буд, рўсиёҳии зи сар бигзаштаи мо буд, ки ман он рўз дар ранги сиёҳӣ бар варақҳои сафедаш рехтам гирён; лаҳзаҳое з-он сияҳрўӣ, сияҳкорӣ, сияҳандешагиҳо то варақҳои сафеди хештан бигрехтам гирён.
Эй азизон, дарду доғи сарнавишти хешро акнун зи авроқам бигиред, лаҳзаву рўзи сиёҳи саргузашти хешро акнун зи авроқам бигиреду чун варақҳоям бувад дар ин ҷаҳон чизе сафед?!
бубинед –


Санги рўи гўрҳоро сабҳае хоҳам кунам, Рўзу шаб то вирди қадру қимати одам кунам.
Оламе бишносам аввал ҳар як одамрову пас Дар ҳама олам бигардам, шукри ин олам кунам.
Шодиафзои ҷаҳон бошам, дар ақсои ҷаҳон Хешро бо ин амал ҳампояи Ҳотам кунам.
Бўалӣ бошам, ки ҳастам як нишони Бўалӣ, Захми танро гар на, захми синаро марҳам кунам.
Ҳар куҷое одаме лабташнаву дилташна мурд, Ҳалқи ўро гар набошад, чашми худро нам кунам.
Ҳамчу мизони каму беши ҷаҳон боре дилам Кам бигўяд беши ҳар касро, худашро кам кунам!
Мухаммас бар ғазали Пайрав Муттакои ману тавони ман аст, Як ҳамоварди ҷонфишони ман аст, То равон аст, ҳамравони ман аст, «Қалам устоди достони ман аст, Қалам озода тарҷумони ман аст.»
Гаҳ кунад ҷамъу бидҳадам гаҳ пош, Бошад аз сўзи ҷони ман пайдош, Ҳамдам ин гуна беш бошад кош, «Бо қалам рози дил намудам фош, Қаламам маҳрами ниҳони ман аст».
Ашкрезон зи дарду оҳам буд, Дар баду некҳо гувоҳам буд, Қад-қади сатр ёри роҳам буд, «То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд, Қаламам умри ҷовидони ман аст».
Бе қалам роҳи дил бувад торик, Нест дил ҳеҷ лоиқи табрик, Дастгири ман аст дар баду нек, «Гарчи дар зиндагӣ хамўшам, лек Қаламам қосиди баёни ман аст».
Бишканад он зи бори ҳиммати паст, Каҷ биронӣ варо, равӣ аз даст, Бар қаламкаш бувад беҳин ҳамдаст, «Безабонӣ нишонаи марг аст, Қаламам нест, балки ҷони ман аст».
Қаламам, боз ҳам кунам тезат, К-аз раҳат фикри кунд бигрезад, Аз пайат шеъри тунд бархезад, «Ба адў гўй, ҳон, бипарҳезад, Қаламам дашнаву синони ман аст!»
Ҷуста аз даври чарх комаи сурх, Эй басо гуфтаам чакомаи сурх, Буда шеърам ба давр номаи сурх, «Манам аз Пайравони хомаи сурх, Қаламам шоҳиди замони ман аст».
Роҳи дур
Бо ғами бешу кам дар ин дунё Бар ғами дил намерасам гоҳе, То сари мизи шеър раҳ дур аст, Ман ба манзил намерасам гоҳе.
Ман дар ин роҳ гоҳ дилшодам, Гоҳ ҳастам басо ҳазину ғамин, Меравам раҳ, намерасам аммо, Дуртар роҳ нест рўи замин.

пешина
аз 235
навбатӣ