Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аз садои хандаи пурмеҳру гарми ў
Набзи хоки сардро бишнид.
Аз сармои худ ногоҳ
Дар худ таҳ ба таҳ ларзид.
Дар барфу яхи худ аз алам лағзид.
Гуфт бо кина:
«Магар як офтобу як баҳору хоки гармаш лола
мекоранд?
Шўшаханҷарҳову хоки сарду чашми шишагии биркаи
яхбанди ман ҳам лолаҳо доранд!»
Шўшаханҷарҳо ба каф,
Аскаронаш – сардиву барфу ях андар саф,
Офтобу хоки гарму навбаҳору рўшноияш ҳадаф,
Зад ба ҷонгоҳи табиат шўшаханҷар,
Шуд баҳорон хунчакон дар батни модар,
Оламе – пурлола яксар…
Дар зимистон лола чун рўид ногаҳ?
Дар зимистон лолахун рўид, оваҳ!
Доғи дилҳо –
Лолаҳои хуфта пар-пар дар дили гилҳо,
Аз баҳорон пештар
Аз навбаҳори дигаре пайғом бар мо…
Хунатон бар гардани сармо.
Модари тоҷик, гуфтам бойзан бинам туро.
Ман надонистам, дареғо, войзан бинам туро.
Қомататро бори ҷаҳли поймардонат шикаст,
Сар ба пойи қисмати бад, пойзан бинам туро.
Хуни ҳам хўрданд охир шири покат хўрдагон,
З-ин ҳақорат то қиёмат ҳойзан бинам туро.
Хокбарсар мондаам аз хонавайронии ту,
Сарпанаҳ месозӣ аз нав, лойзан бинам туро.
Сози ғам дорӣ дигар, чанг аст ин дам қоматат,
Оҳи сард андар гулўят, нойзан бинам туро.
Ҷойи андар кўи қисмат дар задан, эй ғамзада,
Даст бар сар мезанӣ, ноҷойзан бинам туро.
Зери пойӣ дасти хуш, кай рўи хуш дарёбамат
Рўи роҳӣ пойзан, кай ройзан бинам туро…
Кўшида барои кўшк, андар суми15 худ чунӣ?
15 сум- кулбаи зеризаминӣ
Нўшида ба ҷои май заҳр аз хуми худ, чунӣ?
Бо тундию бо зуфтӣ қум16 гуфтию қум гуфтӣ,
Қавми ту ба ҷо биншаст, худ бо қуми худ чунӣ?
Эй хонаи ту вайрон, эй дидаи ту гирён,
Дар жолаву дар борон бе торуми17 худ чунӣ?
Тира шабу рўзи ту, сардист ба сўзи ту,
Як пўст ба бар дорӣ, бе қоқуми18 худ чунӣ?
Бо думравии хешу бо шохзании беш
Бишкастиву бубридӣ шоху думи худ, чунӣ?
Мушти ғаму оҳӣ ту, ду чашм ба роҳӣ ту,
Эй мунтазири ҷовид, бе раҳгуми худ чунӣ?
Эй моми баҷомонда, тифли ту куҷо монда,
Эй навҳаи вомонда дар ҳалқуми худ, чунӣ?
Аз нолаи зори ту баҳр аст канори ту,
Эй киштии бишкаста, дар қулзуми худ чунӣ?
Гандумгуни деҳқонат зор аст ба нони ҷав,
Эй мазраи хушкида, бе гандуми худ чунӣ?
Ҷисмӣ ту агар, эй мулк, бе рўҳ чи сон ҳастӣ,
Чашмӣ ту агар, чандест бе мардуми худ чунӣ?!
Ёварам дардоварам шуд, вои ман.
Бофарам ранҷофарам шуд, вои ман.
Дилбарам дарди дилам шуд, во дареғ,
Ҳамсарам бори сарам шуд, вои ман.
Ҳампарам дарди пурам доду парид,
Ҳамбарам захми барам шуд, вои ман.
Ҷони ҳамболин ҳамедонистамаш,
Ҷисми андар бистарам шуд, вои ман.
Ин бародар – рахнаи бому дарам,
Он баробар барбарам шуд, вои ман.
Сўхтанҳоям ҳама беҳуда буд,
Озарам хокистарам шуд, вои ман.
Худро намебинем мо, кўрем мо, кўрем мо.
Худро намедонем мо, аз хештан дурем мо.
Ҳақҷўву ҳақнопарварем, хушбовару нобоварем,
Морему беморем мо, дорему Мансурем мо.
Пурдард Афредуни мост, Эраҷкушӣ дар хуни мост,
Аз тухмаи Салмем мо, пасмондаи Тўрем мо.
Эй вой, дар пеши касон вомонда чун мо нест, нест,
16 қум- бархез17 торум- хона, сарпаноҳ.
18 қоқум- пўст, маҷозан либос.
Моро ба пеши мо бубин – бисёр мағрурем мо.
Маъмури ҳам бинем агар, аз бех вайронем мо,
Вайрони ҳам бинем агар, он қадр маъмурем мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё