Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар мулки худ бо ҳар касе ширинзабонем эй басе,
Ин шўрбахтиро бубин, бо ҳам ҳамешўрем мо!
Мо зидди мулке (ваҳ, чи хуш!) дар умр ноҷангидаем,
Ҷанговари зидди худем, дар ҷанги ҳам зўрем мо.
Дар хуни худ оғуштаем, гўрему пушта-пуштаем,
Синои худро куштаем, як умр ранҷурем мо…


Эй тирамоҳ, тираи моҳи маро бубин.
Эй боди сард, сардии оҳи маро бубин.
Нохун надода, кўргираҳ додаӣ фузун,
Эй тору пуд, риштаи роҳи маро бубин.
Ду дасти ман бувад ба гиребони ман мудом,
Бар худкушии банда гувоҳи маро бубин.
Дилтангиам бубин ту дар ин олами кушод,
Дар ин фарози кўҳ ту коҳи маро бубин.
Ин вартае, ки байни ману ақл побаҷост,
Ман канда баҳри хеш, ту чоҳи маро бубин.
Бигзар ба ҳар мазору бубин хокбарсарам,
Бар рўи хоки сард кулоҳи маро бубин.
Эй Рустаме, ки як писари хеш куштаӣ,
Шармандаи туям, ту гуноҳи маро бубин!


Рахш Рустамро ба майдон мебарад.
Рахшро Рустам ба дастон мебарад.
Мебарад бар ў ҳама дунё ҳасад,
Ў ливои мулки Эрон мебарад.
Салму Тўру Эраҷаш дар ёд нест,
Кинааш бар зидди Тўрон мебарад.
Ҷанги девон мекунад девониаш,
Ҷовидон девон ба девон мебарад.
Ў намедонад, ки дар ин гирудор
Бахти ноҷўраш Самангон мебарад…


Дар мулки назокатҳо, эй вой, дағал бисёр.
Ҳам масъалаи беҳал, ҳам шўри маҳал бисёр.
Дар мулки саропо зар ин бебағалӣ бингар –
Шуд ганҷи дилу ҷон кам, шуд санги бағал бисёр.
Кам хоҳӣ агар ин ҷо, имкони камат бидҳанд,
Бисёр агар хоҳӣ, бидҳанд халал бисёр.
Боқист ба сад бедод Чингизи муғул дар ёд,
Чингизи муғул якто, Чингизи мағал бисёр!
Бахти ками ин мардум бисёр чи сон гардад,
Ин ҷост чу камбинӣ аз рўзи азал бисёр.
Устоди азал, лолам пеши туву менолам,
Яктои азал, бингар устоди аҷал бисёр…


Гўям ба худ бинам даме, эй дида, бино нестӣ.
Бар худ бигирям рўзу шаб, афсўс, дарё нестӣ.
Дилтангам, аз дунё чу дил сўи ту мебурдам панаҳ,
Аммо дареғ, аммо дареғ, эй сина, саҳро нестӣ.
Эй ақл, эй бахти ҷавон, эй давлати ҳарду ҷаҳон,
Дар ҳар куҷо ҳастӣ, вале, афсўс, дар мо нестӣ.
Эй худфиребӣ, эй дағо, эй ифтихори бебақо,
То он даме мо зиндаем, бо мо ту танҳо нестӣ.
Эй он ки дастам додаӣ, донам – наӣ ҳамдасти ман,
Бо ман равонӣ по ба по, дардо, ки ҳампо нестӣ.
Эй кўҳзода, рўи кўҳ охир туро дунё шинохт –
Аз кўҳ болоӣ, вале аз хеш боло нестӣ…
Зиндамурда
Ман қатори зиндаҳоям
чунки
он як бурда нонеро, ки бояд
дигаре мехўрд,
ман хўрдам.
Ман қатори мурдаҳоям,
чунки
он як дона тиреро,
ки шояд ҳиссаи ман буд,
ногаҳ дигаре хўрд.


Зери бори зиндагӣ дандон таҳи лаб мекунем.
Қисмати матлубтар аз чарх матлаб мекунем.
Мо шабони хешро пурнур мехоҳем, лек
Рўзи худро тира худ чун нимаи шаб мекунем.
Қолаби барҷои дунёро шикаста нобаҷо,
Мо риоят суннати ноҷои қолаб мекунем.
Аз табу тоби сухансозӣ дарак набвад, вале
Гар зи минбар номамон надҳад садо, таб мекунем.
Мактабу устодҳоро бурда аз хотир чи зуд,
Сохта шогирдакон, даъвои мактаб мекунем.
Фориғ аз нури илоҳӣ рўз мегардему шаб
Зери нури иличӣ то субҳ «ё раб!» мекунем.
Пири ҳақгў ҷуста, оваҳ, тири дайду мехўрем,
Дода тавсифи насаб, таснифи мансаб мекунем.
Мо, ки аз бекавкабӣ наҳсӣ фаровон кардаем,
Наҳсии худро ҳамеша бори кавкаб мекунем!

пешина
аз 235
навбатӣ