Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳатто интихобот дар осори ў мавзўи шеър мешавад ва ин ҳосили мавқеи ҳассоси шаҳрвандии ўст:
Субҳдам, бўсида рўи офтоб,
Мекунам рамзи Ватанро интихоб.
Бо истифода аз маврид ин андешаро мехоҳам таъкид бикунам, ки имрўз мавқеи шоир, вақте Ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунад ва ё ситоиши Сарвари кишварро мекунад, мавқеи хушомадгўӣ ва таърифу тавсифу тамаллуқкорӣ нест, балки баръакс, мавқеи ватандўстонаи фардест, ки истиқлолияту озодии Ватани худро, ки баъд аз ҳазор сол фаро расидааст, самимона месарояд. Дигар хел буданаш нодуруст аст. Агар шоир воқеан дили миллат аст, бо ҳама вуҷуд барои озодиву истиқлолият, барои ваҳдату ягонагии Ватан вуҷуди худро набахшад, пас ў кист?!
Низом Қосим шеърҳое ҳам дорад, ки хонандаро ба андешаи амиқ мебарад.
Саволе, ки ў ба худ медиҳад, саволест ба инсоният:
Ман Қобили камонаму ман Ҳобили камин, Ҷуз тири хешу ҷуз ҳадафи хеш нестам.
На ғолибам ба давру на мағлуб дар замон, Дар ҷанги хеш ҷуз талафи хеш нестам.
Аслан Низом шоири ватандўст ва иҷтимоист, дар аксари шеърҳои ў дарди мушкили мардум ва рўзгорашон ба тасвиру таҳқиқ гирифта мешавад. Шеърҳои «Нарх арзон шуд», «Ароба», «Аҳли фарҳангем», «Дарди ном», «Одат» аз ҷумлаи чунин ашъоранд:
Ман, ки ботинсоф ҳамчун шишаам,
Дасти беинсофи сангам мекушад.
Метавон ин шеърҳоро ҳамчун намунаҳои хуби ашъори иҷтимоӣ қариб пурра иқтибос овард. Шеъри иҷтимоӣ дар он вақт қимат дорад, ки боре дошта бошад, масъала бигузорад, роҳнамоӣ бикунад:
Ҳалқи Мансурам, ки чун чарби аналҳақ хўрдаам, Дар мадори зиндагӣ бо дор одат кардаам.
Дар ҳамин шеърҳои иҷтимоӣ низ Низом, чунон ки мебинем, таносуби сухан, истифодаи баёну тасвири шоиронаро аз ёд намебарад, чунонки дар байтҳои боло ботинсофу беинсоф ва ҳалқу чарбуву дор ва аналҳақ.
Шеър ҳамон вақт шеър аст ва ҳадаф дорад, ки дар байте зиндагӣ таҷассуми воқеии худро биёбад, чун дар байти зер:
Коҳе ба дида мондаму дидам, ки мўр дошт, Ҷустам мадад зи мўри мададҷў, зи коҳ низ.
Дар шеъри «Ароба» воқеияти имрўз ва ҳақиқати шигифтангези рўзгори мо таҷассум ёфтааст ва ишораи талхе ба талхии тақдири миллати соҳибфарҳанги мо дорад:
Эй мулки ман, ки шўри ту дунё гирифтааст, Бори ту дар аробачае ҷо гирифтааст.
Оҳангҳои иҷтимоӣ дар шеъри Низом Қосим хонандаро ба андеша водор месозад, ишораҳое мекунад, ки ин худшиносӣ ҳанўз худшиносии комил нест:
Дар дилам тантанаҳо барпо шуд,
Ғами ман шод шуду ман нашудам,
Ҳама вайронаи вайронаҷаҳон
Аз ман обод шуду ман нашудам.
Яке аз шеърҳои хубе, ки бо тасвирҳои тозаи ғайримаъмулӣ ҳолат ва тақдири инсонро хеле равшан баён месозад, шеърест бо номи «Футбол».
Шеъри Низом бисёр фарогир аст. Ў вақте ба мавзўе даст мезанад, гоҳ ин мавзўи шахсиятест, мисли Воҳид Асрорӣ ё мавзўи иҷтимоист чун «Ароба», ў тамоми ҷузъиёти ин мавзўъро пеши назар меорад, фаро мегирад ва шеърашро аз ин ҳисоб пурбор месозад.
Шеъри Низом Қосим номаи ботини ў, оинаест, ки дар он виҷдону имони шоир таҷаллӣ ёфтааст. Шеъри ў тарҷумаи ҳоли ўст. Ашъори ўро хонда, шумо дар бораи шахсияти ў, нийятҳо ва инсонияти ў тасаввуроти комил мегиред. Ин далелҳо нишони сохта набудани шеъри ўст. Маънои шеъри ў маънои зиндагии ўст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё