Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Масалан, шеъри «Бо «Баҳористон» шудам пайваст» дар баробари баёни андешаҳои шоирона боз як марҳила, давраи бунёди шабакаи телевизиони «Баҳористон» ва рўзгори ўро тасвир мекунад.
Бо «Баҳористон» шудам пайваст,
Оё заҳмати гулпарварӣ саҳл аст?
Низом шоири ҳунарманд аст ва забондонии ў, ҳунари истифода аз тобишҳои маъноии вожаҳо ба ў имкон медиҳад, ки байтҳои зебое бисозад:
Чу бўи гул ту аз роҳи нафас бар ҷон шудӣ ворид, Аё эй орзўи мушкилам,
Бар ҳастиам осон шудӣ ворид.
Ё:
Дилам дар пойи ту афтоду файзи сарбаландӣ дид…
Низом яке аз он шоиронест, ки дар мушоҳидаву тасвири каму костиҳои замон ва рўзгор чирадастанд. Ў ниқобро мебардорад ва симои воқеии риё ва худфиребиро нишон медиҳад. Шеърҳои «Обу ҳубоб», «Курсӣ», «Халта», «Ба ҷойи лавҳаи коргоҳи бюрократ» аз он ҷумлаанд:
На ҳар курсӣ, ки савлат пеша дорад, Ба обу хоки кишвар реша дорад.
Басо курсӣ, ки зеби теша дорад…
Назари танқидии Низом аз мавзеъҳои хурди атроф боло рафта, мушкилоти башариро фаро мегирад ва шеъри «Поёни китоби сурх» аз он ҷумла аст:
Ман ба ин ҳирсе, ки дорам, мебарам охир фурў Ҷумлаи ҳайвони дунёро ба коми хештан.
Худ ҳамемонам ба пеши хеш танҳо як замон, Меравам балки фурў худ ҳам ба коми хеш ман.
Зиндагӣ дар шеъри Низом таҷассуми шоирона ва пандомези худро меёбад:
Бас умедат мисоли аскарҳо
Куштаи ҷанги беамон гардид.
Бин, ки тиру камон чи сонат кард,
Қадди чун тири ту камон гардид.
Бардошти шоирона аз манзараҳо:
Зиндагӣ бо хуни шафақ ба лавҳи заррини уфуқ катибае бар гўри боз як офтоб навишт.
Яке аз ғазалҳои хуби Низом «Рў ба боғ» ном дорад:
Рў ба боғ овардам, боғро хазон кардам, Бехабар кашидам оҳ, бодро вазон кардам, Баски пурхазон мондам, гўӣ аз забон мондам, Дар даҳони бод инак баргро забон кардам.
Ё ғазале бо матлаи «Рўзгоро, гиря кун, бар шоми торам гиря кун».
Дар шеъри шоири хуб ҳамеша рамз мавқеи мустаҳкам дорад. Шеъри Низом низ орӣ аз таъбироти рамзӣ нест. Далел зиёд аст, аз ҷумла шеъри хуби «Сафедор». Дар образи сафедор симои халқ, миллат таҷассум мешавад:
Чи маҳкам дар раҳи бод истодӣ ту,
Ба рағми худ чи сон гаҳ дилкушодӣ ту, Табарҳоро худ охир даста додӣ ту.
Намемирам аз ин ғам, офарини ман,
Сафедори баланди нозанини ман…
Дар ғазалҳои Низом андеша, баёни шоирона, таносуби сухан ва ҳунари фарогири мавзўъҳо ва ҳадафмандӣ бо ҳам тавъамон омадаанд:
Омадӣ чун бодбоне дар назар, аммо ҳамон Байни мавҷи дидаи пуроб гум кардам туро.
Суханбозии ў дар шеър зоҳирӣ набуда, ҳам ба ҳусни шеър меафзояд, ҳам ба ҳусни баён ва ҳам ба ҳусни маънӣ:
Ҳайфи умри дил, ки дар хунҳо гузашт, Ҳайфи дунё, бо ғами дунҳо гузашт…
Умри мо гарданкашиҳо низ дошт,
Бо талоши авҷи гардунҳо гузашт.
Хушоянд он аст, ки Низом Қосим дар зиндагӣ ва шеър некбин аст ва ин некбинӣ хонандаро низ ба накўӣ даъват мекунад:
Зи ҳар море ба беморе давое,
Зи ҳар хоре гули хоре биёбам.
На ман озурдаи озори ёрам,
Зи ҳар озораш осоре биёбам.
«Ман»-и Низом ҳамеша пайванд бо мост, аз ин рў дар шеъри ў ибораи «ману мо» бештар вомехўрад.
Дар омади сухан бояд гуфт, ки Низом Қосим яке аз беҳтарин суруднависони мост ва ба шеърҳои ў оҳангҳои зиёде баставу суруда шудаанд, ки аксар ватандўстона буда, дар саҳнаҳои бузурги миллии мо пайваста садо медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё