Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бананги хешро хушном бинмо,
Ба номи хеш афзо нанги худро.
Ҷаҳон овардан асту бурдани ранг,
Дар ин бозӣ набозӣ ранги худро!
Зи рўзи танги ту шуд танг ҳолаш,
Макун танг ин қадар дилтанги худро.
Беҳин фарзандҳоятро мазан санг,
Барои сангарат мон санги худро.


Эй ёр, биё, то ба ғами ёр бигирйем.
Озурдаву дилмурдаву бемор бигирйем.
Порина куҷо буда ту сарсону куҷо ман,
Имсол биё, то ба ғами пор бигирйем.
Ғамҳои азизони таҳи хок ниҳонро
Гўем батакрору батакрор бигирйем.
Чандон ки ба ёрони вафодор гиристем,
Он гуна зи ағёри ҷафокор бигирйем.
Дар ҷону дил озор бас осор ниҳода,
Бо навҳа зи озору зи осор бигирйем.
Аз ақли каму сабри каму бахти ками хеш
Бисёр алам кардаву бисёр бигирйем.


20 диёр, диёр кардан- намудор кардан, аён кардан (лаҳҷаи Раштонзамин).
Дар дил ҳама дарду дар сар андешаи дард,
Ҷустему наёфтем мо решаи дард.
Рўида чу нахли дард ҳар тораи мў,
Гўё сари мост мў ба мў бешаи дард.


Камондоро, биё, дигар камон мон!
Нишонгирии бисёру камон мон!
Мабар то Бурҷи Тир овози тират,
Дигар гўши фалакро дар амон мон!
Ғами пеши камону тир кам нест,
Бирав, моро дигар бо он ғамон мон!
Магардон хам қади пири камонро,
Умеде рост бар қоматхамон мон!
Мижа бошад туро ҳар тир, гираш,
Ба чашми обии баҳри дамон мон!
Камону тирро ёде набошад,
Камондоро, ба ёди одамон мон!
Бизодат бе камону тир модар,
Ҳамонӣ ту, ҳамонӣ ту, ҳамон мон!
Бимон тиру камони безамонро,
Каланде гиру фарзанди замон мон!


Ҷанг, ҳар ҷанге, ки бошад, ҳақкуш асту ноҳақ аст.
Ҷангҷў, ҳар кас, ки бошад, ноҳақ асту аҳмақ аст.
Нест азми даркушоӣ гар туро, эй ҷони ман,
Дарзаданҳоят дар ин дайри дудар як тақ-тақ аст.
Ҳамчу дарё гар дилат дар худ наҷўшад аз пурӣ,
Ҷўши дегатро бимон як сў, ки танҳо бақ-бақ аст.
Кам бигў дар ботлоқ аз сози кабку андалеб,
Беҳтарин созу садои даҳр он ҷо вақ-вақ аст.
Кори ҳақҷў нест баҳси ноҳақу ҳақ, эй азиз,
Дар ду дунё, худ ту медонӣ, ки ҳақ танҳо Ҳақ аст.


Агар ман метавонистам,
Сару дилро ба ҳам пайванд медодам,
Ки аз сар як хаёлу аз дил аъмоли дигар ҳаргиз намеомад,
Сари саргаштаи ман дар илоҷи кори дил оҷиз намеомад.
Агар ман метавонистам,
Зи зиндони ҷудоӣ ҷумларо озод мекардам,
Ҳамебардоштам деворҳои кўҳсорашро,
Парешонмулкро як хонаи обод мекардам.
Агар ман метавонистам,
Ба мардум кўҳи тамкин ҳадя медодам,
Қатори осмонӣ кўҳсори ў
Шавад то Кўҳи Тамкин ифтихори ў.
Агар ман метавонистам,
Ҳамекардам, ки дар мулкам шавад Дарёи Дил ҷорӣ,
Дигар дарёш агар шодоб созад даштҳояшро,
Кунад Дарёи Дил Саҳрои Дилро обёрӣ.
Агар ман метавонистам,
Ду майдонро ба ҳам оварда, ҳамовоз мекардам,
Ҳамово, ҳамалам, ҳамроз мекардам,
Ҳама майдони кишварро ба ҳам оварда,
як майдони воҳид соз мекардам.
Агар ман метавонистам,
Ду қутби рўбарўро не,
Шимоливу ҷанубирову шарқирову ғарбиро
ба ҳам наздик мекардам,
Ба ҳам меоваридам Рашту дашташро,
Муносиб менамудам рушду мушташро,
Аз ин ҷамъи парешон миллати тоҷик мекардам.
Агар ман метавонистам,
Агар ту метавонистӣ,
Агар мо метавонистем фаҳмидан,
Ки аз як пешу як пуштем,
Агар худро чунин бехуд намекуштем,
Агар худро ҷудо бинмуда аз ҷамъу чунин танҳо намекардем,
Агар худро ба дасти хештан расво намекардем,
Мулки мо биҳишти ростин мебуд,
Беҳин як гўшаи рўи замин мебуд,
Ҳама бадхоҳи мо афтодарўҳу дилҳазин мебуд.

пешина
аз 235
навбатӣ