Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Намебуд ин «агар»-ҳо,
Зиндагонӣ нозанин мебуд,
Он мебуд, ин мебуд…
Ангуштари Сулаймон
Бар санги ҳарду даст аст ин дам сари Сулаймон,
Аз даст рафта, оваҳ, ангуштари Сулаймон.
Аз адл лаҳзае рафт чун дур, он дам омад
Дар сурати қарине деве бари Сулаймон.
Бар дил ниҳад чу ангушт, сўзад чу андар ангишт,
Девон чу карда девон бому дари Сулаймон.
Деве ба ҷояш инак бар тахти зар нишаста,
Беҳуда додхоҳӣ пушти дари Сулаймон.
Ин даҳр то қиёмат майдони дову дев аст,
Доваш чу рафт, деваш шуд довари Сулаймон.
Бингар, ки сода бовар бар дев шуд чи ёвар,
Ғафлат мабод довар бар бовари Сулаймон.
Ғафлат, нигар, чи гуна бар давлаташ лат овард,
Фарро бубин, ки чун шуд ранҷофари Сулаймон.
Он хомае, ки сар буд бар пои ҳарфи додаш,
Имрўз раҳ надорад бар дафтари Сулаймон.
Он ахтари Сулаймон рафта ба оби дарё,
Бошад насиби моҳӣ ин ахтари Сулаймон.
Эй моҳие, ки касро чил рўз пок дорӣ,
Рўди ту бод чил рўз чашми тари Сулаймон.
Бемори зулмдида, бингар, ки чун расида
Сайёду сайд бо ҳам бар бистари Сулаймон.
Беҳуда ман нагуфтам аз деву дови дунё,
Беҳуда нестам ман ёдовари Сулаймон –
Эй зердасти девон, даст аз ҷаҳон машўӣ,
Рўзе ба даст ояд ангуштари Сулаймон.


Аё соҳир, зи роҳи меҳр сеҳре аз бароям кун.
Аё эй ошнои дард, як дардошноям кун.
Навои дардолудам, ки раҳ бар хеш накшудам,
Дами Исо ту медонӣ, бурун аз ҳабси ноям кун.
На дар худ будаам маскун, на аз худ рафтаам берун,
Раҳо бахшо маро аз ман, зи нав дар хеш ҷоям кун.
Шикастакиштии тан ҳеҷ бар соҳил намеояд,
Худоё, бодбони рўҳ бахшо, нохудоям кун.
Намон, дар ҳабси тан бошам, ба ҳоли хештан бошам,
Бидеҳ дарди ҷаҳониям, зи дарди худ раҳоям кун!
Нома ба шоҳ
дар поёни “Шоҳнома”
Аё шоҳ Маҳмуд, аз хоки тар,
Агар метавонӣ, бубардор сар,
Зи тоҷу зи тахтат фаромўш кун,
Ба фарёду ёди дилат гўш кун.
Ба хашме, ки бар дигарат буд дўш,
Тавонӣ агар, бар худат бархурўш.
Даме дастбарсар, даме побагил
Бикун ёди Фирдавсии покдил.
Зи хашме, ки ноҷо гирифтӣ бар ў,
Магў дигару сад дареғо бигў.
На онӣ, ки бо марги худ мурдаӣ,
На андар хазони худ афсурдаӣ,
Худатро ба дасти худат куштаӣ,
Ба хуни дили шоир оғуштаӣ.
Бимурдӣ зи марги танат пештар
Ҳақиру пушаймону дилрештар,
Ҳамон дам, ки ўро гирифтӣ ҳақир,
На бо амри боло фикандӣ ба зер.
На ўро, ту худро фикандӣ ба хок,
Таҳи пои пилон шудӣ худ ҳалок.
Аё сархати ровию шоирон,
Аё пеши он пешу он охирон,
Басо шоирон аз ту дастон зада,
Басат арҷ дода, басат бистуда,
Ки аз соҳибашъори соҳибиёр
Туро буд оварда дарбор бор,
Суханро ҳаме қадрдон будаӣ,
Сухангўйро меҳрубон будаӣ.
Шаке нест бар гуфтаи ростон,
Пазируфтаам ину он достон,
Вале будаам доимо дар аҷаб
Ба ҳоли табиию дар ҳоли таб,
Ки дидӣ суханро чунон нек, лек
Ба Фирдавсӣ аз чӣ надидӣ ту нек,
Чунон дидиаш аз чи бо чашми кам,
Ки то ҳол моро бувад чашм нам.
Надидӣ ту нағз он суханҳои нағз,
Ки овард он марди бисёрмағз.
Ба покӣ надидӣ ба он покмард,
Ки рўди суханро зи гил пок кард,
Ба гуфтор оини мардӣ ниҳод,
Зи ор андар ашъор дафтар кушод,
Зи мардони пешин сухан кард бас,
Ки оянд ин гуна мардон зи пас,
Зи дарди ватандорӣ осор сохт,
Басеро ба дунё ватандор сохт.

пешина
аз 235
навбатӣ