Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман, ки сар бар авҷи гардун доштам,
Кай ғам аз писханди ҳар дун доштам.
Чун китоби нав набудам пурҷило,
Чун китоби куҳна мазмун доштам.
Ман набудам ҳеҷ гаҳ яксўгарав,
Дидаи ҳақбин ба ҳар сун21 доштам.
сў, ҷониб, тараф
То надонад аз хазонрези дилам,
Пеши нокас рўи гулгун доштам.
То зи хомӣ вораҳам, умре чу май
Хешро дар хеш мадфун доштам.
Сўхтам ман ҳам зи ишқи Лайлие,
Дар дилам ғамҳои Маҷнун доштам.
Дар ғами ширинрухе аз оби чашм
Ҷўйҳо дар кўҳу ҳомун доштам.
Худ надонам, дар хазонрези ҷаҳон
Ҷону дилро гулфишон чун доштам.
Доштам кай дар ҷаҳон хун бо касе,
Ҳар куҷо ёрони ҳамхун доштам.


Бо Ватан сахт чу вобаставу пайваста манам,
Ҳар куҷое биравам, баҳри дили худ ватанам.
Ҷисми ман дарбадару рўҳи ман андар Ватан аст,
Кай ғарибам, ки ба ҳар ҷо Ватани хештанам.
Чашм кандам агар аз рўи хушаш, маҷбурам,
Нафасе аз ғами ширини Ватан дил наканам.
Моҳиям, оби Ватан нест агар, хок шавам,
Кафтарам, бол бирўяд зи ҳавояш ба танам.
Дарди ман ўст фақат, талх бувад гар комам,
Вирди ман ўст фақат, гоҳ чу шириндаҳанам.
Оби ман ўст, ки ман рўд наям, маҷроям,
Асли ман ўст, манаш зоҳираму пираҳанам.
Бидиҳад рангам агар, об диҳам рангашро,
Бизанад сангам агар, орзуи дил шиканам.
Дар ғарибӣ ба сарам ояд агар рўзи сиёҳ,
Аз қазо кош расад абри сафедаш кафанам.
Ку тавоне, ки кунам бо сухане тавсифаш,
Ўст дар сафҳаи ин даҳр тавоно суханам.


Ба гулзорат расидам, эй баҳорон, шукри гулзорат.
Ба дидорат расидам, эй бародар, шукри дидорат.
Маро дар ҷону дил уммеди такрори баҳорон аст,
Варо такрор кардӣ, рўзгоро, шукри такрорат.
Зи озори ҷаҳон дилгирам, озори туро хоҳам,
Маро озорҳое кун, нигоро, шукри озорат.
Ҳама сардӣ бубар, эй офтоби поки наврўзӣ,
Биё бар синаи ман, шукри норат, шукри анворат.
Ба сўи наргиси гул наргиси чашме чи хуш бошад,
Биёр он гуна беморон, ки ман бемори беморат!
Баробар хору гулҳоят диламро мешукуфонад,
Баҳоро, шукри ҳар хори гулат, шукри гули хорат.
Яке хорам, вале аз бахт гулҳои туро хоҳам,
Камам пешат, вале дорам, баҳоро, шукри бисёрат!


Чун кўҳ зибаски зи карахтӣ набуридем,
Як умр садо карда, садое нашунидем.
Бигзашт таҳи бор ҳама умру дареғо,
Дидем, ки ҷуз бори хиҷолат накашидем.
Нодоғдилон пардаи сад шарм дариданд,
Чун лола ба ҷуз ҷомаи худро надаридем.
Дар мулки вуҷуд аз адам осуда набудем,
Аз тарси фано ҳамчу ҳубобе напаридем.
Мо дардшиносии худ овоза накардем,
Умре чу дил аз чашми ҷаҳон дур тапидем.
Эй оина, парҳез зи худбинии мо бин,
Чун чашм ҳама умр суи хеш надидем.
Мо, доғдилон, кай ба лаби ҷўй нишастем -
Чанде ба лаби ҷўй чу табхол дамидем!
Ёрони куҳан ҷумла расиданд ба ҳар ҷо,
Ҳарчанд давидем, ба ҷуз худ нарасидем…


Хешро як лаҳза гар гум мекунӣ,
Раҳраво, роҳи гузар гум мекунӣ.
Гар намеҷўӣ худатро дар замин,
Дар само Шамсу Қамар гум мекунӣ.
Ҳар қадар пайдогарӣ назди касон,
Пеши бефарҳанг фар гум мекунӣ.
Офтоби синаат биншаст агар,
Рўз ҳам роҳи сафар гум мекунӣ.
Медиҳад ё не камарбандат ҷаҳон,
Дар таҳи бораш камар гум мекунӣ.
Рустам, аз роҳи Самангон бозгард,
Рахш меёбӣ, писар гум мекунӣ.
Эй парасту, ҷонфидое чун ту нест,
Бо хаёли лона пар гум мекунӣ…

пешина
аз 235
навбатӣ