Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар нигоҳам сароб биншинам.
Дидаҳо ҳавзи об биншинам.
Пуршитоб аст умри ман, биравам
Лаҳзае бешитоб биншинам.
Нест гар ҳамнишини дилхоҳам,
Розиам, бо азоб биншинам.
Дилкабобе куҷо, кабобхўранд
Ин ҳама… Дилкабоб биншинам.
Санги шар ҷовидон шарархез аст,
Шишасон бо шароб биншинам.
Аз ҳама инқилоби қалб ҳазин,
Дар дилам инқилоб биншинам.
Ростӣ дар нишастҳо чун нест,
Он бувад беҳ, ки хоб биншинам!
Аз нависандаҳо фирор кунам,
Рў ба рўи китоб биншинам.
Бигурезам зи сояи худ ҳам,
То ки чун офтоб биншинам…
Хаста
Зиндагӣ, дар хаму печат, бахудо, хаста шудам,
Роҳ ҷустам ба хатову ба хато хаста шудам.
Будаӣ гўши кару сўи ту рафтам ба абас,
То ба манзил нарасида чу садо, хаста шудам.
Будаӣ дидаи кўру ба дарат гардидам,
Раҳ набурда ба дарун ҳамчу зиё, хаста шудам.
Ба дари дидаи дунё задам ангушти нигоҳ,
Во нагашту нашудам дидадаро, хаста шудам.
Бас давидам зи пасеву нарасидам ба касе,
Бо сару пои равон бесарупо хаста шудам.
Бедаво будаӣ, афсўс, надонистам ман,
Ҳар тараф дар ту давида чу даво, хаста шудам.
Раҳ набурдам ба саре, кора накардам ба диле,
Дар забони ҳама чун панди ниё хаста шудам.
Ман ба поини ту дидам, ки басо хоин буд,
Бар сарам рехт зи болот бало, хаста шудам.
Роҳ бурдам зи Саро то ба Сурайё осон,
Аз Сурайё чу расидам ба Саро, хаста шудам.
Дар ҷаҳони туву ман аз ману ту монд дилам,
Дар ҷаҳони ману мо аз ману мо хаста шудам.
Беҷазо дида шабу рўз сияҳкоронро,
Рўзу шаб, мунтазири рўзи ҷазо, хаста шудам.
Мон аз ин баъд марову зи раҳи хеш намон,
Ки туӣ тундраву ман, бахудо, хаста шудам.
Маргро беҳ зи ту донам, ту махон мурдадилам,
Балки мардона бинеҳ узр маро – хаста шудам.
Як тасаллӣ
Дарди ту аз дарди ҳар шоир гузашт,
Дарди аввал шуд, зи ҳар охир гузашт.
Он ҳама буд аз қазо дарди дигар,
Ин бувад дарди дилу дарди ҷигар.
Эй ба тамкин ҳамдилу ҳамкеши ман,
Сабри Айюб аст сабрат пеши ман.
Ман дили худро агар сад хун кунам,
Сўзи ҷонатро тасаллӣ чун кунам?
Рустамӣ, гум кардаӣ суҳробҳо,
Чашм дар обиву дил дар тобҳо.
Меравӣ бе ду равонат, эй азиз,
Войи ҷонат, войи ҷонат, эй азиз.
Менишинӣ пуртаҳаммул пеши кас,
Оҳи дил бошад туро ҳар як нафас.
Оҳи сардат кора бар ҷон мекунад,
Сад тамузеро зимистон мекунад.
Нуктае гўям, магў носеҳ маро:
Аз азал буд ин саро мотамсаро,
Аҳли дилро чашми дидан ҳам надошт,
Ҷумла з-ў ҷуз дидаи пурнам надошт.
Гарчи эшонро ба чоҳи ғам кашид,
Ҳеҷашон дар пеши худ сархам надид.
Эй азиз, аз чоҳ, инак, сар бикаш,
Сўи Мисри сарфарозӣ пар бикаш.
Дар ду дунё, эй аламдори алам,
Такяи ҷонат қалам бодо, қалам.
Хори ғам дар синаву гул дар бағал будем мо.
Марсиятҳо дар дилу бар лаб ғазал будем мо.
Шохи пурбар аз ғиреви зоғҳо кай эмин аст,
Ҳар куҷо будем, маҳкуми мағал будем мо.
Гарчи-мон бо дўсту душман бадал карданд халқ,
Ростӣ, дар зоти худ як бебадал будем мо.
Дар масал бар хешу бар бегона қисмат гаштаем,
Ҷумларо ҳарчанд хеши бемасал будем мо.
Нармдилро буда аз санги қаноат ёдвар,
Рўи роҳи сангдил санги халал будем мо.
Ин ҷаҳон якчанд бо талқини мо шуд нодағал,
Карда тақлиди ҷаҳон, чанде дағал будем мо.
Мо набудем аз амалдорони ин дунё, вале
Дар сари мизи сухан соҳибамал будем мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё