Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ин паҳно на поён ҳасту не авҷ,
Дар ин дарё на тўфон ҳасту не мавҷ,
Чи майдон аст ин майдон, ки дар он
На марде якка тозон асту не фавҷ?!
Ба роҳи зиндагонӣ дил супурдем,
Зи дасти зиндагонӣ ҷон набурдем,
Нагардад хушк то сарҷўи обаш,
Саробашро басо хўрдему хўрдем.
Дили ҳамқавм аз ҳамқавм сард аст,
Бародар бо бародар дар набард аст,
Агар мардӣ, бигў, эй зиндагонӣ,
Кӣ номард аст ин ҷову кӣ мард аст!?
Наӣ озод, эй озодарафтор,
Наӣ озода, эй озодагуфтор,
Бурун о аз ниқоби хеш боре,
Ҷаҳонро ҷумла боре дар шигифт ор!
Арасту баҳси мову ман набинад!
Чунин номардиҳоро зан набинад!
Ситамҳое, ки мо дидем аз дўст,
Илоҳо, душман аз душман набинад!
Дилам мурдаст, аз сўзаш мапурсед,
Зи анвори шабафрўзаш мапурсед,
Чунон бигрифта моҳу офтобаш,
Ки дигар аз шабу рўзаш мапурсед!
Зи рўди кўҳи мо оташ гирифтанд,
Зи санги бесадо оташ гирифтанд,
Дили моро накарда заррае гарм,
Зи чашми мо басо оташ гирифтанд.
Навои дилфурўзе мезанад дар,
Ба қалбам мурғи сўзе мезанад пар,
Бимирам ташнаҷон чун охири кор,
Зи хокам чашма рўзе мезанад сар.
Биё, эй ҳамдами дарёдили ман,
Бигў дарди дилатро бо дили ман,
Чи бахте – рўи рўди зиндагонӣ
Пуле ҳаст аз дили ту то дили ман.
Эй тоҷикӣ…
Аз реша ҷудову барҳазар кардандаш,
Дар кишти худаш чи бесамар кардандаш.
Диданд, ки номи дигараш ҳаст дарӣ,
Як ханда заданду дарбадар кардандаш.
Имрўз, ки тақдири дарӣ ҳал бишавад,
Тақдири сариву сарварӣ ҳал бишавад.
Эй бепадарон, ки ин қадар бетарафед,
Тақдири забони модарӣ ҳал бишавад!
Гар вораҳад аз алам ва ё дармонад,
Бар пои азизи ў само сар монад.
Бар қисмати ҷовидони модар нигаред –
Модар биравад, забони модар монад.
Эй қавм, мабод, кешро гум бикунӣ,
Бар пас нигариву пешро гум бикунӣ,
Бо аҳли ҷаҳон забон наёбӣ ту, агар
Як ҳарф забони хешро гум бикунӣ!
Эй бахт, мабод қавм бенанг шавад,
Дунё чу даҳон баҳри забон танг шавад.
Ҳар кас, ки забони хешро санг занад,
Бошад, ки забон дар даҳанаш санг шавад!
Фармон чи бувад, ки беш аз он – фар дорам,
Тоҷам чи бувад, ки беҳ аз он – сар дорам,
Ганҷам ҳама ин бувад, ки дар мулки падар
Модар дорам, забони модар дорам!
Эй он ки забони модарон гум кардӣ,
Шоҳӣ маталаб, тоҷи каён гум кардӣ,
Чун ту ба набарди умр пирўз шавӣ,
Дар ҷабҳа чу ханҷари забон гум кардӣ!
Онро, ки забони худ ба ҷон хоҳад зад,
Як рўз Худои меҳрубон хоҳад зад,
Онро, ки забони хешро паст занад,
Тақдир ба ханҷари забон хоҳад зад!
Чун шеър, ки дар лабони тоҷик монад,
Шамъи хиради шабони тоҷик монад,
Гумкардазабонаш ҳама оянду раванд,
Тоҷик монад, забони тоҷик монад!
Аз ҷону ҷаҳон бародаре ҷонӣ беҳ,
Ноне зи ҳазор дўсти нонӣ беҳ!
Эй мункири лафзи поку озодаи хеш,
Мондӣ зи забону аз забон монӣ, беҳ!
Эй тоҷикӣ, имрўзи ман, ояндаи ман,
Эй дар ду ҷаҳон забони пояндаи ман,
Аз олами фонии ман уммеде нест,
Уммеди абад туӣ, абадзиндаи ман!
Садое мерасад…
Садое мерасад аз дур,
Садое –беҳ зи мавҷи нур –
Хаму печи диламро мекунад рўшан.
Садое –нарм меборад,
Маро бар хеш меорад –
Ҳамегўяд аламҳои маро бо ман.
Садое –рўшану зебо
Чу ёди моҳии тилло
Ба дарёи ҳавасбори дилам ногоҳ мелағзад.
Дилам бо хеш меболад,
Зи шўру шавқ менолад
Ва аз ҷўши ҳавас дар хеш меларзад.

пешина
аз 235
навбатӣ