Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Равад чини ҷабинам низ,
Зи дил осори кинам низ
Басо нозук - чу чини чеҳраи дарё.
Ба гўши дил садо ояд,
Ба чашми дил зиё ояд,
Шавам беғаштарин як фарди ин дунё.
Садое мерасад ҳар шаб,
Садое мерасад пуртаб,
Паёме медиҳад аз рўзи рангинам.
Садое мерасад ҳар рўз,
Садое мерасад пурсўз,
Қаринтар мекунад бо сўзи ширинам.
Чу аз оби равон сарҷў
Дилам пур мешавад аз ў,
Зи ҳасратҳои арзон мешавам холӣ.
Дигар сар бар фалак дорам, Ба сар дасти малак дорам, Аё тақдир, хуш ҳолеву хуш фоле!
Садое –пайки хоҳишҳо,
Пур аз меҳру навозишҳо –
Дили сахти ҷаҳонро мекунад ботил Ва ман ҳис мекунам рўшан, Ки ҳоле меравад бо ман –
Худоро, синаам пур мешавад аз дил!
Таманнои писар
«Модар, эй модар, биҳишти кўдакиҳои писар»
Дар ҷаҳон оғўши меҳрат беҳтарин ҷои писар.
Сабз монад то сари ў, мўи сар кардӣ сафед, Мондӣ аз пои равон, то шуд равон пои писар.
Чашмҳои заррабинат хирабин шуд оқибат, Баски нур афзудаӣ бар чашми бинои писар.
Ҳар киро ҷўёи ҳар чизе бубинӣ дар ҷаҳон, Байни ҷўёҳо туӣ хоҳону ҷўёи писар.
Як туӣ доротар аз Доро дар ин дори фано, Бо ҳама нодориӣ азбаски дорои писар.
Бо таманноҳо писарро бар ҷаҳон овардаӣ, Буданат дар ин ҷаҳон бошад таманнои писар!


Кўҳи моро каҳ шумурдӣ, зинда бош.
Шамъи худро маҳ шумурдӣ, зинда бош.
Роҳ рафтӣ, фук сўи осмон, Каҳкашонро раҳ шумурдӣ, зинда бош.
Даҳрро донистаӣ ғофил, намур, Хешро огаҳ шумурдӣ, зинда бош.
,
23 Сатри устод Бозор Собир.
Кардаӣ ҳамсояро дур аз раҳат, Сояро ҳамраҳ шумурдӣ, зинда бош.
Дида аз ғафлат шафақро ғарқи хун, Субҳро бегаҳ шумурдӣ, зинда бош.
Акси маҳро дида дар оби чаҳат, Нурро дар чаҳ шумурдӣ, зинда бош.
Беҳ-беҳи дар ҳаққи кас бишнидаро Бе ҳаё баҳ-баҳ шумурдӣ, зинда бош.
Кардаӣ бозӣ ба умри шоирон, Ҷовидонро гаҳ шумурдӣ, зинда бош...
Қиссаи як шаб
Як ними шаб ба ҷанги ману хоб даргузашт, Ними дигар – ба ҷустани хобе, ки барнагашт.
Устодо…
Ба Давлатманди Хол
Устодо, созҳоро бин ҳама дар кор маст!
Уд масту ной масту чанг масту тор маст!
Шўру шавқе, к-ин дару деворро бахшидаӣ, То ба рўзи ҳашр монад ин дару девор маст!
Бас бузург имрўз дар базми ту маст афтодаанд – Соз маст, Овоз маст, Афкор маст, Ашъор маст!
Бо садоят омад андар базми мо ҳушёрдил Мавлавии Балх масту Ҳофизу Аттор маст!
Хушдилон бо ҳам расанд ин ҷо, ба қадри ҳам расанд Аз шароби базм масту аз майи дидор маст!
Аз ту, эй ҳушёрдил, дар базми мастони сухан Сарнагун ҳар шиша масту соғари саршор маст!
Обу гил ояд гар ин ҷо, бозгардад ҷону дил, Маст ҳушёр ояд ин ҷо ҷумлаву ҳушёр маст!
Аҳлу ноаҳли ҷаҳон дар базми ту рақсад ба ҳам, Паҳлуи ҳам бехуд афтад ёр маст, ағёр маст!
Сози нотакрори ту, овози нотакрори ту Аҳли дилро ҳар куҷое мекунад такрор маст!
Наҷми иқболат ба гардун ҷовидон тобанда бод, Аз шароби нури наҷмат – гунбади даввор маст!
Саҳнаат бодо гулафшон дар баҳору дар хазон, Бешумар гулдастаатро ҳар гулу ҳар хор маст!
Давлатат афзун, ки моро масти афзун кардаӣ, Кам машав ҳаргиз, ки кардӣ ҷумларо бисёр маст!


Рўд, аз баҳри он ки ў рўд аст, Кай бихоҳад зи кас мукофоте?
Сабза, аз он ки ҳусни боғ бувад, Кай намояд ҳавас мукофоте?
Даштро рўд мекунад сарсабз, Дашти сабзаш беҳин мукофот аст.

пешина
аз 235
навбатӣ