Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо асл зи нав васл бубахшо ҳамаро боз,
Фирдавсии номовару подори Душанбе.
Дарди дилу ҷони ҳамаро ҷумла даво кун,
Эй Бўалӣ, эй марди шифокори Душанбе.
Магзор чу девори Бухоро зи бун афтад,
Бархез, аё Айнии девори Душанбе.
Дар давраи сад шоири шўридаи даврон
Гўем: зиҳӣ, Лоиқу Бозори Душанбе!
Кардем агар гум басе осори Бухоро,
Бояд ки биёбем ҳар осори Душанбе.
Дилгармиву рўшандилиаш орзуи мост,
Ин нури Душанбе бувад, он - нори Душанбе.
Аз ҷумлаи фарзанд варо орзуи дил
Осори Душанбест, на озори Душанбе.
То ў бишавад шаҳри сазовори замона,
Бояд ҳама бошем сазовори Душанбе.
То зиндагиаш сода шавад баъд аз ин боз,
Гуфтем ҳамин сода ғазалвори Душанбе.


Ёздаҳ мард – зўру боҳиммат,
Ёздаҳ мард – пурдилу пуршон,
Ёздаҳ мард – ҳамбару ҳамдўш,
Ёздаҳ мард – ҳамдилу ҳамҷон.
Якниҳолӣ агар бисабзонанд,
Мешавад боғи тозае бунёд,
Ёздаҳ навниҳол месозад
Боғи уммеду орзў обод.
Бар дили мазрае агар, ба масал,
Барфишонанд ҷумла якдонӣ,
Мазрае боз мешавад хуррам,
Мешавад боз ҳам фаровонӣ.
Ҳар яке якгулӣ агар оранд,
Ёздаҳ гул ҳамерасад бо ҳам,
Мешавад бемисол гулдаста –
Рамзи меҳру муҳаббати олам.
Ё ки ҷорӣ кунанд якҷўӣ,
Ёздаҳ гўша мешавад шодоб,
Мекунанд андар ин диёр пас он
Ёздаҳ ҷўй сўи рўд шитоб.
Якчароғӣ агар барафрўзанд,
Оламе ҷовидона афрўзад.
Якшарорӣ агар ба ҳам оранд,
Гулхане пурзабона афрўзад.
Деҳи дигар ҳамешавад тавлид,
Якбиноӣ агар ҳама созанд,
Тифлаконе зи ёздаҳ хона
Сўи фардо зи шавқи дил тозанд.
Ёздаҳ дил ба як маром тапад,
Ёздаҳ тан бари ҳам истода –
Зиндагирову бахти ҷовидро
Ёдгоре бузургу ҳам сода.
Сипосномаи Душанбе
I
Дур аз ту мо кам будаем,
Дар хеш барҳам будаем,
Моро баҳам овардаӣ,
Ҷамъу фаровон кардаӣ.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
То гул шавад гилҳоямон,
То гул кунад дилҳоямон,
Аз ҳар канори ин диёр
Моро гирифтӣ дар канор.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Бо сад умедат сохтем,
Дунёи худ бишнохтем,
То бошадат барҷой тахт,
Кардем номат пойтахт.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Охир туро, эй шаҳри пок,
Кохе бишуд ҳар мушти хок,
Гул кард охир хори ту,
Гулзор шуд гилзори ту.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Чун Рўдакӣ бино шудӣ,
Айнисифат доно шудӣ,
Гаҳвораи Сино шудӣ,
Маҳди умеди мо шудӣ.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Гар нестат коху манор,
Бошад туро он нангу ор:
Ёд аз Бухоро оварӣ,
Аз асли мо ёдоварӣ.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Шабҳо чароғон мешавӣ,
Пурнуру тобон мешавӣ,
Эй осмони бахти мо,
Як ахтаристон мешавӣ.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!
Ҳар субҳдам бо офтоб
Болида мехезӣ зи хоб,
Хоки ҳама кўи ту зар,
Оби ҳама ҷўят гулоб.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!

пешина
аз 235
навбатӣ