Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шуд хонаи дил ҷои ту,
Дар гўши дил овои ту,
Бо ҷону дил бошад қарин
Кўҳи туву дарёи ту.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!
Шоми сафедат пурзиё,
Субҳи умедат пурсафо,
Набвад баҳоят ғайри дил,
Эй дилкушо, эй дилрабо.
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!
Рўди ту бодо хуш равон,
Боди ту бодо хуш вазон,
Ҳар фасли ту бодо баҳор,
Бодо баҳорат бехазон!
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!
Бошӣ барои мо ту хуш,
Аз рўи ин дунё ту хуш,
Дунёст моро бе ту ҳеҷ,
Дунёст моро бо ту хуш!
Рўи ту аз рўи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кўчаат аз Каҳкашон беҳ,
Эй шаҳри рўҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе!
II
Аз меҳр моро кошона додӣ,
Ошиқ намудӣ, ҷонона додӣ,
Аз олами гил то олами дил
Моро расондӣ, афсона додӣ.
Эй аз ҷаҳоне бар мову ман беҳ,
Шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе.
Андар канорат маъво гирифтем,
Дил дода бар ту, дилҳо гирифтем,
Моро бувад беҳ аз тахти шоҳӣ,
Дар рўи сангат гар ҷо гирифтем.
Эй аз ҷаҳоне бар мову ман беҳ,
Шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе.
Рафтем ҳар ҷо дур аз канорат,
Эй шаҳри гулпўш, гаштем хорат,
Дар тирамоҳи ҳаҷри ту будем
Бо ёди рўи ҳамчун баҳорат.
Эй аз ҷаҳоне бар мову ман беҳ,
Шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе.
Бе ту дили мо сард асту сахт аст,
Гар шоҳ бошад, бе пои тахт аст,
Ҳар ҷо равад дил дур аз канорат,
Гар барнагардад, баргаштабахт аст.
Эй аз ҷаҳоне бар мову ман беҳ,
Шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе.
Сад соли дигар кобему кобем,
Бо дил қарине чун ту наёбем,
Бо ҳам биёвар моро, ки умре
Ту марказу мо марказшитобем.
Эй аз ҷаҳоне бар мову ман беҳ,
Шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе.
Яктост Тоҷикистон
Бо арзу тўлу паҳно
Дунёст беканора,
Пурнуру гарму зебо
Мулк аст бешумора,
Аммо ба зери гардун
Танҳост Тоҷикистон,
Мобайни ҷумла афзун
Яктост Тоҷикистон.
Дар ҳар канори олам
Як пора нон тавон ёфт,
Натвон валек беғам
Дигар чунин ҷаҳон ёфт,
Аз ҳар чарову ҳар чун
Болост Тоҷикистон,
Дар зери чархи гардун
Яктост Тоҷикистон.
Бо хуни мо чу охир
Омехт обу хокаш,
Ҳастем зинда дигар
Бо обу хоки покаш.
Чун ҷони тоза дар хун
Морост Тоҷикистон,
Аз ҳар ҳисоб берун –
Дунёст Тоҷикистон!
Қасидаи ифтихори Фирдавсӣ
Дуруди ёр туро, эй диёри Фирдавсӣ,
Нисори ту гули дил, эй баҳори Фирдавсӣ.
Зи ифтихори дигар шоирони хеш магў,
Туро бас аст ҳамон ифтихори Фирдавсӣ.
Ба ҳам биёяд агар ҷумла нангу ори ҷаҳон,
Намерасад ба яке нангу ори Фирдавсӣ.
Чу пойкори ҳунар буд поядори ҳунар,
Ҳунар бувад ба ҷаҳон пойкори Фирдавсӣ.
Парида ранги ҷаҳон эй бас аз мурури замон,
Ҳамон ки буд, бувад рангубори Фирдавсӣ.
Ҳазор тахт нагун шуд, ҳазор шоҳ гадо,
Ба тахти хеш бувад шоҳкори Фирдавсӣ.
Ҳазор шоиру шаҳнома омад аз пасу лек
Ҷаҳони зўр бувад боз зори Фирдавсӣ.
Фузун ба дашти сухан шаҳсавори тунд, вале
Расидане набувад бар ғубори Фирдавсӣ.
Барои сулҳ бувад ҷумла ҷанги Рустами ў,
Ниқори ақл бувад ҳар ниқори Фирдавсӣ.
Чи пурнишонаву пирўзу ҷовидона бувад
Алайҳи бехирадӣ корзори Фирдавсӣ.
Чи номдор шавад зиндагӣ, бикўчад агар
Ба саҳни умр ҳама номдори Фирдавсӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ