Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҳукмҳои куллӣ субъект тақсимшаванда буда, дар ҳукмҳои ҷузъӣ тақсимнашаванда мебошад; дар ҳукмҳои инкорӣ предикат тақсимшаванда буда,
дар ҳукмҳои тасдиқӣ тақсим намешавад.
Барои ба осонӣ дар хотир нигоҳ доштани тақсимшавандагӣ ё тақсимнашавандагии истилоҳҳо ҷадвали зерин кўмак мерасонад:

Ҳукмҳои содаи қатъӣ
А Е I О
Истилоҳҳои ҳукм

Субъект + + - -

Предикат - + - +

Дар ин ҷо аломати «+» тақсимшаванда будани истилоҳҳоро ифода намуда, аломати «-» тақсимнашавандагии онҳоро нишон медиҳад.
Ҷадвали мазкур ҳангоми таҳлили қиёсҳо барои мо кўмак мерасонад.
§4 Қазияҳои мураккаб. Забони мантиқи гуфтор.

Қазияҳои мураккаб ва амалҳо бо онҳо асоси яке аз аввалин ва нисбатан оддитарини назарияҳои мантиқи муосир – мантиқи гуфторро ташкил медиҳад. Дар забони мантиқи гуфтор, мо ба таркиби ҳукмҳои содда, яъне сохти субъекту предикативии онҳо кордор намешавем, балки шаклҳои мантиқии гуфтори (ҳукми) мураккаб таҳлил мешавад.
Азбаски мо кўшиш менамоем, ки гуфтори фикрамон кўтоҳ ва амиқ бошад барои ҳамин ҳам, барои мо лозим меояд, ки усулеро пеш гирем, ки барои тамоми ҳукмҳо умумӣ бошад, барои ин истилоҳҳои дескриптивие, ки дар таркиби ҳукмҳо ҳастанд, мо бояд тавассути рамзҳо ( ҳарфҳо) ишора намоем, яъне забони сунъиро тартиб диҳем.
Забони мантиқи гуфтор бояд рамзҳои зеринро дошта бошад:

  1. Аломатҳо барои ҳукмҳои сода: p,q,r,s,p1,q1,r1,s1,…, 2) Аломатҳо барои бандакҳои мантиқӣ: (конъюнксия), V-(дизъюнксияи) V, (дизъюнксияи қатъӣ),→ ё ⊃ (импликатсия), (эквивалентнокӣ), ┐ - (инкор).
  2. Аломатҳои техникӣ (,) – қавсҳои чап ва рост. Тавассути ин аломатҳо тамоми ҳукмҳои мураккабро тартиб додан мумкин аст.
пешина
аз 262
навбатӣ