Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Илова бар ин, мо метавонем ҳарфҳои калони лотинӣ А,В,С,Д, ва ғайраро барои ифодаи гуфтори дилхоҳ (аз ҷумла ҳукмҳои мураккаб) – и забони сунъӣ истифода барем.
Ҳамин тариқ, метавон забони зеринро пайдо кард: 1. p,q,r,s,p1,-q1,…- ҳукмҳои сода мебошанд . 2. Агар A ва B ҳукм бошад, пас (AB), (AVB), (AVB ), (A→B), (AB), (ℸA) низ ҳукм мебошанд.
3.Ғайр аз 1,2 ягон чиз ҳукм буда наметавонад. Формула ё ифодаҳои 1 ва 2 – ро формулаҳои (ифодаҳои) дуруст тартиб дода шуда меноманд.
Барои ошкор кардани шакли мантиқии ҳукм, вай бояд дар шакли ифодаи дуруст тартиб дода шудаи забони мантиқи гуфтор навишта шавад.
Масалан, гуфтори «Агар Каримов маълумоти олӣ дошта бошад, пас вай ягон забони хориҷиро медонад» дар шакли импилакатсия ифода мешавад:
(p→q). Дар ин ҷо р-«Каримов маълумоти олиро дорад», q- «вай ягон забони хориҷиро медонад».
Ҳукмҳое, ки ҷузъи онҳо дар навбати худ боз ҳукм шуда метавонад, ҳукмҳои мураккаб ном доранд. Ҳукмҳои мураккаб аз ду ва ё зиёда ҳукмҳои сода таркиб меёбанд. Онҳо метавонанд аз ду ва ё зиёда ҳукмҳои мураккаб низ таркиб ёфта бошанд. Ҳангоми таълифи ҳукми мураккаб аз пайвандакҳои мантиқии «ва», «ё», «агар…онгоҳ» ва инкори мантиқиии «нодуруст аст, ки….», («на», «ғайри»), истифода бурда мешавад.
Агар пайвандакҳои мантиқии «ва», «ё», «агар…, он гоҳ» нисбат ба ду ва ё зиёда ҳукми сода татбиқ шаванд, пайвандаки инкориро нисбат ба як ҳукми сода истифода бурдан мумкин аст.
Барои ҳосил намудани ҳукмҳои мураккаби модалӣ аз ҳукмҳои сода, одатан, аз истилоҳҳои «бо имкон», «мумкин», «эҳтимол», «бо зарурат», «зарур», «лозим», «тасодуфан», «нохост», «иттифоқан», ва ғайраҳо истифода мебаранд. Ҳукмҳои мураккаб навъҳои гуногун доранд: ҳукмҳои муттасила, мунфасила, шартӣ, баробармаъно (эквивалентӣ), инкорӣ ва модалӣ.
Қазияи муттасила. Қазияе, ки аз ду ва ё якчанд қазияҳои сода тавассути пайвандаки мантиқии «ва» ташкил меёбад, ҳукми муттасила ном дорад. Масалан; «Одамони холис даъват шуданд ва протокол тартиб дода шуд».
Пайвандаки забони тоҷикии «ва» дар якчанд маъно кор фармуда мешавад, Барои мисол ду ҳукми зеринро дида мебароем; «Аҳмадов, дар шўъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳсил менамояд ва иҷрокунандаи суди ноҳияи Синои пойтахт мебошад», «Абдуллоев дар бузкашӣ иштирок кард ва дасташ сахт лат хўрд».

пешина
аз 262
навбатӣ