Мантиқ

Дар таркиби қазияҳои ассерторӣ, калимаҳои ҷиҳатӣ дохил намешаванд.
Одатан, дар онҳо чизе нисбат ба субъект тасдиқ, ё инкор мегардад.
Лекин, ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки дараҷаи тасдиқ ё инкор дар ҳукмҳои гуногуни ассерторӣ ҳархела мебошад. Яъне тасдиқи баъзе ҳукмҳо назар ба дигарашон қавитар (ё зўртар) ё сусттар аст. Инкор низ мисли тасдиқ қавитар ё сустар мешавад. Аз ин рў, баъзан дар ҳукмҳо тасдиқ ё инкори кавитарро аз тасдиқ ё инкори нисбатан суст фарқ намудан лозим аст. Барои мисол ҳукмҳои зеринро дида мебароем:
- «Инсон хусусияти бо якдигар рафтуомадкуниро дорад».
- «Инсон абадан зинда нест».
- «Нармаи гўши инсон мулоим аст».
Акнун, агар тарзи тасдиқи нишонаҳои инъикосшударо каме қавитар намоем, пас ҳукмҳои мазкурро ин тавр баён кардан мумкин аст:
- «Барои инсон зарур аст, ки хусусияти бо якдигар рафтуомадкуниро дошта бошад».
- «Мумкин нест, ки инсон абадан зинда бошад».
- «Нармаи гўши инсон тасодуфан мулоим аст».
Баръакс мо метавонем, ки тарзи тасдиқ ё инкорро нисбатан сусттар намоем. Масалан, агар маълум бошад, ки «Аҳмадов забони арабиро омўхтааст», мо бо ёрии ба таркиби ҳукми мазкур дохил намудани калимаи «метавон», дараҷаи тасдиқро сустар карда метавонем, яъне: «Аҳмадов метавонист забони арабиро омўзад».
Ба ҳамин тариқ, тасдиқ ё инкори қавитар ва сусттар ҳукмҳои модалиро ташкил медиҳанд.
Ҳукми ассерториро ҳамчун ҳукме, ки маълумоти нопурраро фаро мегирад, таъбир кардан мумкин аст. Ин гуна ҳукм аз рўи маънои худ ба ҳукми мунфасила монанд мебошад. Масалан, ҳукми «Инсон мавҷудоти ҷамъиятӣ аст» метавонад, ки ба ҳукми мунфасили зерин ҳаммаъно бошад; «Инсон бо зарурат мавҷудоти ҷамъиятӣ аст, ё ки тасодуфан мавҷудоти ҷамъиятӣ мебошад». Гуфтори модалие, ки дар таркиби ҳукми мунфасили мазкур дучор мешаванд, гуфтори сода мебошанд. Гуфтори модалии дар боло зикр ёфта низ гуфтори модалии содаро ташкил медиҳанд.
Чӣ хеле, ки дар аввали боби мазкур таъкид карда будем, ҳукмҳои модалӣ ҳам сода ва ҳам мураккаб мешаванд. Барои аз якдигар фарқ карда тавонистани ҳукмҳои сода ва мураккаби модалӣ, ҳукмҳои зеринро муқоиса менамоем: «Аҳмадов метавонист забони арабиро омўзад», ва «Эҳтимол, Аҳмадов забони арабиро омўхта бошад» ё ки «Нармаи гўши инсон тасодуфан мулоим аст», ва «Тасодуф аст, ки нармаи гўши инсон мулоим бошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё