Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар ин ду мисол, ҳукмҳои аввалӣ сода ва ҳукмҳои дуюмин – мураккаб ҳисобида мешаванд. Аз ин рў, барои мухтасарии баён мо танҳо ҳукмҳои модалии мураккабро аз назар мегузаронем.
Қазияҳои модалии алетӣ. Қазияҳои модалии алетӣ қазияеанд, ки дар онҳо вазъияти ҳол тавассути ибораҳои «зарур», «мумкин», «тасодуф» ва ғайра тавсиф мешавад.
Ҳукмҳои мураккабе, ки қисмҳои таркибиашон ҳукмҳои модалии алетӣ мебошанд, аз қабили ҳукмҳои модалии алетӣ ба шумор мераванд.
Мафҳумҳои «зарур», «мумкин» ва «тасодуф»-ро мафҳумҳои модалии алетӣ ё ки ҷиҳатҳо меноманд.
Дар забони тоҷикӣ, бисёр вақт, ба ҷои «зарур» калимаҳои «зарурат», «зарурият», «лозим», «лузум», «воҷиб» ва ғайра кор фармуда мешаванд.
Мисли ҳамин, ба ҷои «мумкин» калимаҳои «имкон», «имконият»
«имконпазир», «эҳтимол» ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Мафҳумҳои модалии алетӣ ду навъанд: мантиқӣ ва физикӣ (воқеӣ).
Вазъияти ҳақиқии ягон кор метавонад мантиқан ё воқеан имконпазир бошад, зарурати мантиқӣ ё воқеӣ дошта бошад, мантиқан ё воқеан тасодуфӣ бошад.
Ҳамаи зуҳуроте, ки хилофи қонунҳои мантиқ нестанд, мантиқан имконпазиранд. Лекин на ҳамаи зуҳуроте, ки мантикан имконпазиранд, воқеан низ имконпазир мебошанд. Масалан, мо медонем, ки дар Моҳ ҳаёт воқеан имконнопазир аст, вале гуфтори «Дар Моҳ ҳаёт ҳаст» ба қонунҳои мантиқ хилоф нест. Бинобар ин, мантиқан имконпазир аст, ки дар Моҳ ҳаёт бошад.
Зуҳуроте, ки бо қонунҳои табиат ва ҳаёти ҷамъиятӣ мухолиф нестанд, воқеан имконпазиранд. Ҳамаи он чи ки қонунҳои мантиқанд, мантиқан зарур мебошанд (ё зарурати мантиқиро ташкил медиҳанд).
Зарурати воқеӣ (физикӣ) гуфта, қонунҳои табиат, ҳаёти иҷтимоӣ ва натиҷаҳои мантиқие, ки аз онҳо бармеоянд номида мешавад. Робитаи байни зарурати мантиқӣ ва воқеиро чунин баён кардан мумкин аст: он чи ки мантиқан зарур аст, воқеан низ зарур мебошад, на баръакс.
Муносибати байни зарурати мантиқӣ, зарурати физикӣ, имкони мантиқӣ ва имкони физикиро ин тавр тасвир кардан мумкин аст:
ИМ – имкони мантиқӣ.
ИФ – имкони физикӣ. ИМ
ЗФ – зарурати физикӣ. ЗМ
ЗМ – зарурати мантиқӣ. ИФ
ЗФ

пешина
аз 262
навбатӣ