Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Усули таҳқиқи обективие, ки дар маърифати иҷтимоӣ истифода мешавад, на танҳо талаботи ба асос гирифтани худи объект (мудрак), қонунҳои амалу инкишофи он ва илова накардани чизеро талаб менамояд, балки дуруст фарқ карда тавонистани муносибатҳои моддию идеологӣ, омилҳои объективию субъективӣ, ҳастии ҷамъиятию шуури ҷамъиятӣ, эътирофи омилҳои объективии моддӣ (муносибатҳо), эътирофи ҷиҳати якумӣ ва муайянкунандагии ҳастии ҷамъиятӣ, дуюмӣ ва ба ҳаёти моддии одамон, муносибатҳои иқтисодии онҳо вобаста будани маънавиёт, муносибатҳои идеологӣ ва зуҳуроти афкори ҷомеаро низ дар бар мегирад.
Маҳз дар чунин тарзи ифода принсипи объективият ба субъект (мудрик) имкон медиҳад, ки ба маърифати зуҳуроти иҷтимоӣ дуруст сарфаҳм равад.
Масалан, ҳангоми пешгўии ҷиноят онро ба назар мегиранд, ки нисбат ба дигар зуҳуроти иҷтимоӣ, ки сабабгори ўст, дуюмин мебошад. Яъне пешгўии ҷиноят пешгўии дуюмине аст, ки тағйироти зуҳуроти минбаъдаи иҷтимоии ба пешгўи таъсиррасонандаро инъикос мекунад. Пешгўии ҷиноят бояд аз паси пешгўии зуҳуроту ҳодисаҳое, ки ба динамика, савия ва сохти ҷиноят таъсири амиқ мерасонанд, қадам ниҳад. Аз ин рў сараввал бояд пешгўие тартиб дода шавад, ки ба марҳилаи якум – низоми сабабгорӣ, соҳаи сабабҳо, вобаста бошад, пас, вай дар ҳамин замина, ба марҳилаи дуюм – ба ҷиноят пайваст мешавад. Таҳқиқи пешгўии марҳилаи аввал – вазифаи иқтисодшиносон, сотсиологҳо, демографҳо ва дигарон буда, таҳқиқи марҳилаи дуюм – кори криминологҳо (ҷиноятшиносон) мебошад.
Натиҷаи муҳимтарини принсипи таҳқиқи объективии зуҳурот он аст, ки мувофиқи талаботи вай ҳангоми таҳкиқ диққати субъект (мудрик) на ин, ки аз зуҳуроти дуюмӣ ба сўи сабабҳои он равона шавад, балки аз зуҳуроти якумӣ, аз сабабҳо сар карда, тамоми натиҷаҳои имконпазирро собит намудан лозим аст. Нисбат ба ҷиноят усули мазкурро ин тавр баён кардан мумкин мебошад: аз ҷиноят ба сўи сабаби он нарафта, балки барои таҳқиқи ҷиноят шароити моддии ҳаёти воқеии одамонро омўхтан лозим аст.
Натиҷаи дигари усули таҳқиқи объективият –усули мушаххасият аст.
Ин усул талаб менамояд, ки ҳангоми омўзиши объект (мудрак) ба ҳамаи хусусиятҳои он, ба шароитҳои мавҷудияти он бояд диққат дод. Принсипиҳо ва усулҳои таҳқиқи объект барои ошкор намудани ҷиҳатҳои ботинии ашёи таҳқиқшаванда ҳамчун роҳнамо бояд хизмат кунанд.
Татбиқи усули диалектикӣ риоя шудани усули мушаххасиятро тақозо менамояд, зеро принсипи мазкур имкон намедиҳад, ки усули диалектикӣ ба калиди умумие табдил гардида барои ҳалли тамоми масоили илмӣ истифода шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ