Мантиқ

Агар бо ибораи дигар гўем, ҳангоми таҳқиқи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур, инкишофи фикру донишҳои мо ба инобат гирифта намешавад.
Чӣ хеле, ки гуфтем, тафаккурро ғайри илми мантиқ «равоншиносӣ», «физиологияи фаъолияти олии асаб» ва «фалсафа» (мантиқи диалектикӣ) низ меомўзанд. Акнун метавонем ба таври мухтасар вазифаи ҳар яке аз онҳоро баён кунем.
Равоншиносӣ – зуҳуроти рўҳии инсон ва хусусияти падидаҳои рўҳиро таҳқиқ менамояд, ки онҳо бо тафаккур алоқаи узвӣ доранд. Бинобар ин равоншиносӣ чунин сабабҳо ва шароитҳоеро ошкор менамояд, ки онҳо барои пайдоиш ва инкишофи тафаккури фарди муайян мусоидат мекунанд.
Равоншиносӣ инчунин сабабҳои солимию мўътадилӣ ва ё носолимию вайрон шудани тафаккури фардро ошкор мекунад.
Физиологияи фаъолияти олии асаб – ҷараёнҳои моддии мағзи сарро, ки асоси тафаккурро ташкил медиҳанд, меомўзад.
Мавзўи таҳқиқи мантиқи диалектикиро, шаклҳо ва қонуниятҳои инкишофи дониш ташкил медиҳанд. Аз воситаҳои мантиқи диалектикӣ дар ҳолати ба инобат гирифтани инкишофи донишҳо истифода бурдан мумкин аст. Мантиқи диалектикӣ чунин шаклҳои инкишофи дониш (проблема, фарзия, ва ғайра), ва усулҳои маърифат аз таҷрид ба мушаххас (аз абстракт ба конкрет) гузоштан, таҳлил ва тавлиф (анализ ва синтез) ва ғайра – ро таҳқиқ менамояд.
Дар ҷараёни маърифат, агар мантиқи диалектикӣ ба усулҳои мантиқи шаклӣ такя намояд, дар навбати худ, мантиқи шаклӣ ҳам ба усулҳои мантиқи диалектикӣ такя менамояд. Робитаи байни онҳо робитаи мутақобила мебошад.
§ 3. Принсипҳои асосии мантиқи диалектикӣ
Принсипҳои асосии мантиқи диалектикиро В.И. Ленин дар асарҳои «Боз як бори дигар дар бораи иттифоқҳои касаба…» ва «Дафтарҳои фалсафӣ» баён намудааст.
Усули олии методологӣ (услубшиносӣ) – ин усули таҳқиқи объективии зуҳурот мебошад. Ин усул аз ҳалли материалистии масъалаи асосии фалсафа бармеояд, яъне чизҳои моддӣ якумин буда, чизҳои идеалӣ дуюмин дониста мешаванд. Принсипи объективии таҳқиқи зуҳурот тақозо менамояд, ки таҳқиқи ҳаргуна, обьектро на аз ақидаи мо дар бораи вай, балки аз худи вай оғоз намудан лозим аст. Ашёро ба тафаккур не, балки тафаккурро ба ашё, ба мантиқи дохилӣ, ҷиҳатҳои алоқамандии он тобеъ намудан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё