Мантиқ

5). Формулае, ки предикати охиринро ифода мекунад низ навишта мешавад.
6) Баъди навиштани формулаи охирин, миқдори зарурии қавсҳоро гузошгтан лозим аст. Агар ҳукми шакли мантиқиаш ошкоршаванда инкорӣ бошад, он гоҳ пеш аз предикатори охирин аломати инкор (ℸ) гузошта мешавад.
Ба тарзи баёншуда такя намуда, ҳукми «Баъзе ҳуқуқшиносон ҳар як мантиқшиносро назар ба ҳар як агроном хубтар медонанд»-ро тавассути забони мантиқи предикатҳо тасвир менамоем.
Барои ин предикаторҳои «ҳукўқшинос», «назар ба … хубтар донистан», «мантиқшинос» ва «агроном»-ро мувофиқан бо аломатҳои 1311 S,R,P ва Q ишора мекунем.
Ҳукми мазкур дар забони мантиқи предикатҳо ин тавр ифода мешавад:
1113 (S(x) (P(y)⊃(Q(z)⊃R(x,z,y)))).
Ҳукмҳои мураккабро низ дар забони мантиқи предикатҳо бе ягон монеа ифода кардан мумкин аст. Масалан дар забони мантиқи предикатҳо ифода намудани ҳукми мураккаби зеринро аз назар мегузаронем. «Агар зарур бошад, ки ҳамаи одамон миранда бошанд, пас зарур аст, ки баъзе одамон мирандаанд».
Барои дар забони мантиқи предикатҳо ифода намудани ҳукми мазкур мо бояд аввал ҳукмҳои соддаи таркибиро ифода намоем. Барои ин
11 предикаторҳои «инсон» ва «миранда»-ро бо аломатҳои S ва Р ишора намуда, формулаҳои зеринро ҳосил мекунем.
11
(S(x) ⊃ P(x))
11
(S(x) P(x))
Антеседент ва консеквент ё худ дар истилоҳоти Ибни Сино: «муқаддам» ва «толӣ»-и ҳукми додашуда, мувофиқан бо формулаҳои зерин ифода мегарданд.
11 (S(x) ⊃P(x))
11 (S(x) P(x))
Ниҳоят формулаи зеринро ҳосил мекунем, ки ба ҳукми мавҷуда мувофиқ аст.
(S(x)⊃P(x)⊃(S(x) P(x)) §8.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё