Мантиқ

Барои ин предикатори «донанда»-ро бо аломати R ва предикатори «мантиқшинос»- ро бо аломати Q ишора мекунем. Пас, ба ифодаи «донандаи ягон мантиқшинос аст» формулаи зерин мувофиқ меояд:
12
(Q(y) R(x,y))
Дар натиҷа ҳукми муносибати додашуда намуди зеринро мегирад:
112 (S(x)⊃ (Q(y) R(x,y)))
Квантори вуҷудиро аз қавс бароварда, ин формуларо ҳосил мекунем:
112 (S(x)⊃(Q(y) R(x,y))).
11 Дар ин ҷо формулаҳои S (x) - ба ҷои «…..ҳуқуқшинос аст», Q(y) ба
2 ҷои «….мантиқшинос аст» ва R(x,y) - ба ҷои «…медонад» омадааст, ки ҷои се нуқта бо тағйирёбандаҳои фардӣ пур карда мешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, тарзи намунавии дар забони мантиқи педикатҳо ифода намудани ҳукмҳои муносибатро нишон дода метавонем:
- Номҳои фардӣ ва куллиро, мувофиқан, бо доимиҳо (константа) ва предикаторҳо иваз кардан лозим аст; 2) Калимаҳои кванториро бо аломатҳои мувофиқашон ишора намуда, тартиби дохилшавӣ ва ба кадом тағйирёбанда тааллуқ доштани онҳоро муайян кардан лозим аст; 3) Аввал формулаи предикати якўмро навишта, аз тарафи чапи он қавс кушодан лозим аст,ки агар тағйирёбандаи фардии формулаи предикати якум бо квантори куллӣ алоқаманд бошад, пас аз формулаи якум аломати импликатсияро гузоштан лозим аст, агар вай бо квантори вуҷудӣ алоқаманд бошад, он гоҳ пас аз формула аломати конъюнксия () навишта мешавад; баъди аломати импликатсия ё конъюнксия қавсро мекушоем.
- Агар тағйирёбандаи фардии формулаи предикати дуюм бо квантори куллӣ алоқаманд бошад, формуларо навишта, баъд аломати импликатсияро мегузорем, агар вай бо квантори вуҷудӣ алоқаманд бошад, баъди формула аломати конюнксия гузошта мешавад. Агар ҳукмҳои дар забони мантиқи предикатҳо ифодаёбанда муносибати зиёда аз ду ашёро ифода намоянд, баъди навиштани аломати импликатсия ё конъюнксия боз қавс кушода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё