Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Савол метавонад тавассути гурўҳи калимаҳо ифода карда шавад. Он гуна шакли савол бештар дар ҷараёни таълим истифода бурда мешавад, ки ин ҳам бошад ҳангоми баёни саволҳои санҷишу имтиҳон дучор мешавад. Масалан, «Марҳилаҳои асосии инкишофи илми мантиқ» ё худ «Қоидаҳои таърифи мафҳум ва хатогиҳои имконпазир ҳангоми вайрон кардани онҳо». Дар тадқиқоти сотсиологӣ, ғайр аз ин, ҷумлаҳое истифода бурда мешаванд, ки он ҷумлаҳои ҳикоягии нотамом мебошанд, ё ҷадвалҳое, ки пур карда нашудааст ва ғайраҳо.
Истилоҳи «савол» мазмунан ба истилоҳи «проблема» иртибот дорад.
Проблема калимаи юнонӣ буда, маънояш монеа, мушкилот, масъала аст; савол ё худ маҷмўи саволҳоянд, ки ҳангоми маърифат пайдо мешавад.
Лекин на ҳама гуна проблема, яку якбора шакли ошкори саволро мегирад мисли он, ки на ҳар гуна тадқиқот аз пешниҳод кардани проблема оғоз шуда бо ҳалли он анҷом меёбад. Истилоҳи «проблема» чунин саволеро ифода менамояд, ки барои ба вай ҷавоб додан, дар ҳамон лаҳза ахбори (дониши) кофӣ мавҷуд нест. Барои ҳамин ҳам, проблемаро ҳамчун дониш оид ба надонистан ё эътирофи надонистан таъбир менамоянд. Дар чунин ҳолат, савол ҳамчун шакли ифодаи проблема баромад мекунад, савол дар чунин ҳолатҳо ба миён меояд, ки агар номуайянии маърифат ҷой дошта бошад.
Байни проблема ва псевдопроблема (проблемаи бардурўғ) бояд фарқ бошад. Псевдопроблема гуфта саволҳоеро меноманд, ки онҳо аз назари кас гўё аҳамият доранд, лекин дар асл барои онҳо ягон ҷавоби дуруст вуҷуд надорад.
Вазъияти проблемавӣ гуфта ҳаргуна вазъияти назариявӣ ё амалеро меноманд, ки дар айни ҳол, ҳаллу фасли худро надорад, ва аз ҳамин сабаб тақозо менамояд, ки фикру андеша карда шавад.
Қобили тазаккур аст, ки савол аз машқу масъала фарқ кунонида шавад. Лекин дар баъзе ҳолатҳо савол мисли масъала буда, масъала бошад мисли машқ сурат мегирад. Машқ бошад тақозо менамояд, ки барои савол ҷавоб дода шавад. Бо вуҷуди ин мафҳумҳои мазкур бо ҳам айният намебошанд.
Масъала - муқарраротест, ки ягон амалиёти назариявӣ ё амалиро ҳангоме, ки ахбор оид ба воситаю усулҳо нопурра аст, тақозо менамояд.
Ҳаллу фасли масъала ҳамеша аз ҷўстуҷўи ахбори зарурӣ вобаста аст. Дар чунин ҳолат савол ҳамчун унсури масъала ба шумор меравад. Масъала шартҳои зеринро дар бар мегирад: шарти «маълумоти пешакӣ», «ахбор оид ба зуҳуроти воқеият ё ки баъзе маълумот аз назария», «муқаррарот оид ба амалиёт бо маълумоти пешакӣ», барои ба даст даровардани натиҷа, ки одатан дар шакли як ё якчанд саволҳо ифода карда мешавад.

пешина
аз 262
навбатӣ