Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар зери мафҳуми машқ ҷараёни ташаккулёбии малакаҳо таваассути чандинкарата такрор намудани амалиёти назариявӣ ё ки амалӣ дар назар дошта мешавад. Дар ҷараёни таълим машқ гуфта масъала ё вазифаро меноманд, ки иҷроиши онҳо боиси ташаккулёбии малакаи муайян мегардад.
Чунинанд баъзе хусусиятҳои таносуби савол масъала ва машқ.
Савол ҳамчун шакли фикр дорои сохти мантиқӣ мебошад. Унсурҳои он инҳоанд:

  1. дониши матлуб; 2) дониши мабодӣ (базис ё сарчашмаи савол); 3) талаботи гузариш аз надонистан (нафаҳмидан) ба донистан (фаҳмидан) аз дониши мабодӣ ба дониши матлуб.
    Масалан, муфаттиш баробари саволи зерин «Кӣ ба шахси шубҳанок, пас аз соати 19 занг зад ва ба кадом вақт вохўрии шахси шубҳанок бо ҷабрдида таъйин карда шуд?» масъала мегузорад, ки номи шахси занг задаро муайян карда, вақти вохўрии шахси шубҳанокро бо ҷабрдида муқарар намояд. Ҳангоми таҳлили мантиқии саволҳо таснифи онҳо аз аҳамият холӣ нест.
    Навъи саволҳо. Саволҳо, вобаста аз асоси тақсим ба якчанд гурўҳ ҷудо мешаванд. Мо дар ин ҷо навъҳои саволҳоеро аз назар мегузаронем, ки онҳо бештар дар соҳаи ҳуқуқ кор фармуда мешаванд.
  2. Вобаста аз дараҷаи ифодаёфтаи савол дар матн, онҳо ошкор ва пўшида мешаванд. Саволи ошкор, ҳангоми тавассути забон ифода шуданаш тамоми сарчашмаю талаботи муқаррар кардани чизи номаълумро дар бар мегирад. Саволи пўшида (ноошкор) фақат бо сарчашмаҳои худ ифода меёбад. Талаботи ёфтани ахбори номаълум пас аз дарк кардани сарчашмаҳои савол муайян мегардад. Масалан, ҳангоми хондани матни зерин: «Рўз то рўз шаҳрвандони оддӣ соҳиби аксияҳо мешаванд ва имрўз ё фардо рўзе мешавад, ки хоҳиши фурўхтани онҳо ба миён меояд», мо саволҳои ошкорро пайдо карда наметавонем. Лекин, агар мо ба матн бодиққат назар кунем саволҳои зерин пайдо шуданашон мумкин аст: Аксия гуфта чиро меноманд? Барои чӣ онро баъд фурўшем? «Чӣ хел онро фўрушем, ки барои мо манфиатнок бошад?» ва ғайраҳо. Ҳамин тариқ дар матн саволҳои пўшида бисёранд.
  3. Аз рўи сохт саволҳо ба саволҳои содда ва мураккаб тақсим мешаванд. Саволе, ки аз рўи сохт танҳо аз як ҳукм иборат мебошад, саволи сода аст. Ин гуна саволро ба саволҳои элементарӣ тақсим кардан мумкин нест. Саволҳои мураккаб аз саволҳои содда тавассути бандакҳои мантиқии «ва», «ё», «агар …
пешина
аз 262
навбатӣ