Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Таркиб (сохт), навъ ва тақсимшавии истилоҳҳо дар ҳукмҳои зерини атрибутивӣ муайян шавад.
    а) Ликург –қонунбарории бузурги замони қадим аст.
    б) Ҳамаи созишномаҳое, ки ба талаботи қонун ҷавоб намедиҳанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.
    в) Баъзе паррандаҳо парвоз карда наметавонанд.
    г) Китҳо, бо ғалсама нафас намегиранд д) Баъзе донишҷўён устодони варзиш мебошанд.
    е) Инқилоби иҷтимоӣ ҷаҳиш дар инкишофи ҷомеа аст.
  2. Ҳукмҳои зерини муносибат аз рўи сифат ва миқдор чӣ гунаанд?
    а) Донишҷў Назаров забони англисиро намедонад.
    б) Ҳар як ҳуқуқшинос баъзе файласуфонро назар ба баъзе рўзноманигорон хубтар медонад.
    в) Баъзе шаҳрҳо байни Иркутск ва Душанбе ҷойгир шудаанд.
    г) Ҳамаи донишҷўён ягон хел имтиҳон месупоранд.
    д) Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо забони англисиро назар ба забони арабӣ хубтар медонанд.
  3. Муайян намоед, ки дар ҳукмҳои дизъюнктивии зерин пайвандаки «ё» дар кадом маъно кор фармуда шудааст: мунфасила (ҷудокунанда) ё мунфасилаи муттасила (ҷудои, пайваста).
    а) Миллатгароиро даҳонӣ ё хаттӣ тарғиб намудан мумкин аст.
    б) Кирдори мазкур ғайриқонунӣ аст ё ки ғайриқонунӣ нест.
    в) Вай боистеъдод ё бағайрат аст.
    г) Вай дар мактаби олӣ ё дар курси забонҳои хориҷӣ таҳсил менамояд.
    д) Вай ин ҷиноятро содир кардааст ё не?.
    е) Шахсе, ки ҷангро тарғиб менамояд, ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо бадарғакунӣ ё аз ду то панҷ сол бе бадарға аз озодӣ маҳрум карда мешавад.
  4. Дар ифодаҳои зерин ба ҷои калимаҳои партофташуда, ибораҳои «зарур, лекин кифоя нест», «кифоя, лекин зарур нест», «Зарур ва кифоя аст»-ро тавре гузоред, ки дар натиҷа ҳукмҳои ҳақ ҳосил шаванд.
    а) Қаблан забон як кардани гурўҳи одамон шарти … он аст, ки роҳзанӣ ҳамчун навъи ҷинояти мураккаб ҳисобида шавад.
    б) Вуҷуд доштани атмосфераи атрофи Замин шарти … пайдоиши намудҳои мавҷудоти зинда мебошад.
    в) Тақсимшавии адади N ба 2 ва 3 шарти … тақсим шудани вай ба адади 6 мебошад.
пешина
аз 262
навбатӣ