Мантиқ

г) Бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси пайдоиши ҷиноят мешаванд, шарти … нест кардани ҷинояткорианд.
д) Татбиқ шудани ҷазои ҷиноятӣ шарти … нест кардани ҷинояткорист.
е) Ҳукми айбдоркунандаи суд шарти … татбиқ намудани ҷазои ҷиноятӣ мебошад.
5. Муайян намоед, ки дар ҳукмҳои зерин мафҳумҳои модалии алетӣ чӣ гунаанд (мантиқӣ ё воқеӣ)?
а) Мумкин аст, ки дар Миррих ҳаёт мавҷуд бошад.
б) Дар Моҳ ҳатман ҳаёт мавҷуд нест.
в) Ҳозир ҳатман борон меборад ё борон намеборад.
г) Секунҷа ҳатман ё тезкунҷа, ё росткунҷа, ё кундкунҷа мебошад.
д) Ҳамаи сайёраҳои системаи Офтоб ҳатман дар гирди тири худ давр мезананд.
е) Шояд ҳамаи донишҷўёни факулта варзишгар бошанд.
6. Ҳукмҳои зеринро тавре инкор намоед, ки аломатҳои инкор дар беруни ҳукмҳои ҳосилшуда дучор нашаванд.
а) Баъзе уқёнусҳо оби ширин доранд.
б) Ҳамаи шоҳидон баёноти дуруст медиҳанд.
в) Ягон донишҷўи гурўҳи мо маълумоти олӣ надорад.
г) Ягон узви оилаи Шокировҳо одами ҳақгў нест.
д) Ҳар як ҳуқуқшинос баъзе риёзидонҳоро назар ба ҳамаи мантиқиён хубтар медонад.
е) Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо ягон забони қадимаро медонанд ж) Баъзе донишҷуёни гурўҳи мо ягон забони қадимро намедонанд.
з) Ҳар як донишҷўй ягон илмро меомўад.
и) Корвон меравад ё шамол ҳуштак мекашад.
к) Борон меборад ва барф меборад.
л) Вай варзишгари хуб ё донишҷўи хуб аст.
м) Агар об хунук шавад, пас ҳаҷми он кам мешвад.
7. Ҳукмҳои зерин дар кадом муносибат мебошанд?
а) Агар борон борад, пас бом тар мешавад.
Борон наборидааст, лекин бом тар аст.
б) Баъзе ҳуқуқшиносон қобилияти нотиқӣ доранд. Баъзе ҳуқуқшиносон қобилияти нотиқӣ надоранд.
в) Агар ҷисм булўрин бошад, пас вай ҳарорати муайяни гудозишро дорад. Ин ҷисм булўрин нест, зеро вай ҳарорати муайяни гудозиш надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё