Мантиқ

§ 1. Мафҳуми қонун дар мантиқ.
Тафаккур ҳамчун инъикоси таъмимшудаи воқеият дар шуури инсон, на бо таври стихиявӣ, балки аз рўи қонуният сурат мегирад. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми унсурҳои фикр мисли фикри том бо ҳам алоқаманданд. Зеро ашё ва зуҳуроти олами моддӣ бо ҳам алоқаманд мебошад.
Тафаккури мантиқӣ ба ду навъ қонунҳо итоат карда мувофиқи онҳо зоҳир мешавад. Якум, қонунҳои диалектикӣ, ки онҳо дар мантиқи диалектикӣ омўхта мешаванд. Дуюм қонунҳои мантиқи шаклӣ.
Ҳар гуна қонун робитаи зарурӣ, устувор, дохилии зуҳуротро ифода мекунад. Аз ин рў, қонунҳои мантиқ робитаи зарурӣ ва устувори байни фикрро ифода менамоянд. Дар мантиқ, дар зери мафҳуми қонун робитаи дурусти фикр дар назар дошта мешавад, Тавассути қонун тарзи алоқамандии унсурҳои фикр ифода меёбад.
Ҳамин тариқ, агар мафҳуми «қонун» робитаҳои муҳим, зарурӣ, доимӣ, усутувор ва такроршавандаи ашёву зуҳуротро ифода намояд, пас қонунҳои тафаккур муносибату робитаҳои муҳиму зарурӣ, доимию устувор ва такроршавандаи фикрҳоро фаро мегиранд. Маълум аст, ки ҳар як илм қонунҳои худро дорад. Тавассути қонунҳо мо сирру асрори олами моддию маънавиро ошкор менамоем.
Қонунҳои диалектикӣ, қонунҳои куллии маърифати зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккуранд, лекин қонунҳои мазкур дар соҳаҳои гуногун бо таври гуногун зоҳир мешаванд. Қонунҳои мантиқи шаклӣ фақат тафаккурро дар бар мегиранд. Агар қонунҳои диалектикӣ тафаккурро аз ҷиҳати мазмун баррасӣ намоянд, қонунҳои мантиқи шаклӣ, дурустӣ ё нодурустии фикрро аз ҷиҳати сохту таркиб, аниқтараш аз ҷиҳати шакл таъмин мекунанд. Қонунҳои мантиқи шаклӣ ҷараёни зоҳиршавии фикрро аз нуқтаи назари возеҳият, мунтазамӣ, ғайризиддиятнокӣ ва асоснокии он таҳқиқ менамоянд.
Яке аз шароитҳои муҳимтарини маърифати воқеият, дурустии тафаккур аст. Тафаккур, танҳо ҳамон вақт, дуруст зоҳир мешавад, ки агар возеҳу аниқ, мунтазаму пай дар ҳам ва асоснок бошад. Агар ҳангоми мулоҳизаю муҳокимаронӣ ва исботу натиҷагирӣ як мафҳум ба якчанд маъно кор фармуда шавад, инчунин дар як вақт ҳам тасдиқу ҳам инкор кардани фикрҳои бо ҳам зид, далел овардани фикрҳои бе асос, ин ҳама аз нодурустии ҷараёни тафаккур далолат мекунад.
Қонунҳои асосии тафаккури дуруст ҳамагӣ чорто мебошанд: қонуни айният, қонуни безиддиятнокӣ, қонуни истисноӣ солис (сеюм) ва қонуни асоси кофӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё