Мантиқ

Қонунҳои тафаккур характери умумӣ дошта онҳо нисбат ба ҳамаи шаклҳои тафаккур: мафҳум, ҳукм ва натиҷагирӣ амал мекунанд.
Қобили тазаккур аст, ки се қонуни аввал (айният, безиддиятнокӣ ва истиснои солис) ҳанўз аз тарафи Арасту тасреҳ ёфта буданд. Қонуни асоси кофӣ бошад, баъдтар дар асри ХVIII аз тарафи олими олмон - Лейбнис баён шудааст.
Қонунҳои асосии тафаккур характери объективӣ дошта, онҳо муносибату робитаҳое, ки дар олами берунӣ вуҷуд доранд, инъикос менамоянд, бо вуҷуди ин, ақидаҳое вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо қонунҳои тафаккур ба олами беруна ягон иртибот надоранд.
Чӣ хеле, ки набошад, ҳаминаш дуруст, ки қонунҳои мазкурро ягон шахс мувофиқи хоҳиши худ тағйир дода наметавонад, қонунҳои тафаккур характери умумиинсонӣ доранд. Қонунҳои мантиқ, ин қонунҳои ҳаводиси олами беруна набуда, балки танҳо қонунҳои тафаккури дуруст, ки инъикоси воқеият аст, мебошад. Ба ғайр аз қонунҳои асосии мантиқ қонунҳое мавҷуданд, ки онҳо қонунҳои ғайриасосӣ (қоидаҳои мантиқ) ба шумор мераванд. Қонунҳои ғайриасосӣ танҳо нисбат ба ин ё он шакли мушаххаси тафаккур (мафҳум, ҳукм, натиҷагирӣ, исбот ва ғайраҳо) амал мекунанд.
Қонунҳои мантиқ дар натиҷаи фаъолияти амалию истеҳсолии одамон мустаҳкам гардида, дар айни замон исботро тақозо намекунанд. Ба ҳамдигар мувофиқ омадани робитаҳои мантиқӣ ва робитаҳои ашёиро фаъолияти амалиии одамон собит менамояд. Бинобар ин, шахси аз қонунҳои мантиқ бехабар низ дар бисёр ҳолатҳо дуруст фикр мекунад. Зеро, ки тафаккур табиатан дуруст аст. Агар ба таҳрифкориҳо роҳ дода шуда бошад, амалия онро ислоҳ мекунад.
Қонунҳои мантиқ ба ҳақ будани ин ё он фикр алоқаи зич доранд.
Лекин ингуна алоқа бевосита набуда, балкӣ алоқаи бавосита аст. тавассути қонунҳои мантиқ дар байни фикрҳои шаклан дуруст ва мазмунан ҳақ ё дурўғ, алоқамандиро пайдо кардан мумкин аст. Инчунин метавонем талаботи қонунҳои мантиқро риоя накарда, ё риоя карда, аз фикрҳои дурўғ низ тасодуфан фикри ҳақ барорем. Масалан, аз ду муқаддимаҳои дурўғ «Ҳамаи моҳиҳо мавҷудоти ширхўранд» ва «Кит моҳӣ мебошад» натиҷаи «Кит ширхўр мебошад» бармеояд, ки фикри ҳақ аст. Аз муқаддимаҳои ҳақ низ қоидаю қонунҳои мантиқро вайрон карда, тасодуфан, натиҷаи ҳақ, гирифтан мумкин аст. «Ҳамаи ширхўрҳо тавассути шуш нафас мегиранд»
ва «Кит тавассути шуш нафас мегирад» натиҷа бармеояд, ки «Кит ширхўр мебошад». Дар ин натиҷагирӣ, гарчанде ҳукми сеюм, фикри ҳақ бошад ҳам, лекин қоидаҳои мантиқ вайрон карда шудааст. Бо вуҷуди он, аз муқаддимаҳои ҳақ, ҳангоми риоя шудани қоидаву қонунҳои мантиқ, ҳеҷ вақт натиҷаи дурўғ барнамеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё