Мантиқ

Ин гуна ҳукмҳо ба доираи донишҳо илмӣ дохил мешаванд.
Агар асоси ҳукм фақат ин ё он шахси мушаххасро мўътаъқид намояд, на ин, ки барои дигарон, он гаҳ мо бо эътиқод кордор ҳастем. Мисли гуфтори «Ман муътақидам (боварӣ дорам), ки майдонҳои информатсионӣ вуҷуд доранд ва онҳо чизи моддӣ мебошанд».
Агар инсон, нисбати ҳақ будани гуфтори худ шубҳа намояд, он гоҳ инро ақида меноманд. Масалан, «Ман фикр мекунам, ки берун аз сайёраи Замин одамон вуҷуд доранд».
Ҳамин тариқ, қонуни асоси кофӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо ҳукмҳоро аз рўи асоснокиашон ба дониш, эътиқод ва ақида тақсим намоем.
Мисоли равшани истифодабарии қонуни мазкур амалияи риёзист, дар ин ҷо риёзидон бе исбот ягон чизро тасдиқ карда наметавонад.
Қобили тазаккур аст, ки бигўем: асоси мантиқӣ ва натиҷаи мантиқӣ, на ҳама вақт, сабаб ва натиҷаи реалӣ шуда метавонанд. Масалан, боридани борон сабаби реалии тар шудани боми хона мебошад. Барои он, ки баробари нигоҳ намудан ба болои хонаҳо ва дидани он, ки боми хонаҳо тар шудааст (асоси мантиқӣ), мо хулосаи мантиқӣ мебарорем, ки «Борон боридааст».
Табибон низ ҳангоми муоинаи бемор аз натиҷаи реалӣ ба сабаби реалӣ аҳамият медиҳанд. Бинобар ин, хулосаи онҳо бояд ҳаматарафа асоснок ва санҷида шуда бошад. Далелҳо махсусан дар тадқиқоти илмӣ, ҷараёни таълим бештар истифода мешаванд.
Машқҳо оид ба мавзўӣ «Қонунҳои мантиқ»
- Нишон диҳед, ки дар кадом ҷуфти мафҳумҳои зерин қонуни айният вайрон шудааст:
Ҷомеа ва давлат. Чоркунҷа ва мураббаъ. Сайёраҳо ва ҷисмҳои осмонӣ.
Садриддин Айнӣ ва муаллифи асари «Марги судхўр». Камбағал ва камбағалии фикр. - Муайян кунед, ки кадом ҷуфти ҳукмҳои зерин дар як вақт ҳақ шуда наметавонанд; а) Ин китоби ман аст. Ин китоби ман нест.
б) Ҳамаи сайёраҳо дар гирди Офтоб аз рўи эллипс ҳаракат мекунанд.
Баъзе сайёраҳо дар гирди Офтоб аз рўи эллипс ҳаракат намекунанд.
в) Ҳеҷ як инсон софдилона меҳнат намекунад. Ҳамаи одамон аз рўи виҷдон меҳнат мекунанд.
г) Бархе аз донишҷўён ба дарсҳо тайёрӣ мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё