Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар воқеъ, мо гуфта наметавонем, ки кадоме аз ду ҳукми зид:
«Пас аз як моҳ дар Тошканд заминларза рух медиҳад» ва « Пас аз як моҳ дар Тошканд заминларза рух намедиҳад» ҳақ ва кадоме дурўғ. Барои ҳамин ҳам қонуни истиснои солисро дар мантиқи ғайриклассиқӣ (мантиқи бисёрқимата) зери шубҳа гузошта, аз нав дида баромадани мешаванд.
Ба ин нигоҳ накарда, қонуни истиснои солис ҳам дар мантиқи классикӣ (мантиқи дуқимата), ҳам дар риёзиёт ва ҳам дар тафаккури табиӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамин тариқ, қонуни истиснои солисро дар чунин ҳолатҳо татбиқ кардан мумкин аст, ки маърифати чизҳо аз рўӣ схемаи «ё- ё», «ҳақ,-дурўғ»
сурат гирифта бошад. Дар куҷое, ки зуҳурот ё маърифат номуайяниро инъикос менамояд, қонуни истиснои солисро татбиқ кардан имконнопазир аст.
§ 5. Қонуни асоси кофӣ.

Қонуни асоси кофӣ яке аз қонунҳои мантиқии баҳсталаб ба шумор меравад. Баъзе муаллифон даъво доранд, ки қонуни мазкур ҳатто характери мантиқӣ надорад. Баъзе муаллифони дигар ба он ақидаанд, ки танҳо ба туфайли қонуни асоси кофӣ имконияти инкишофи мантиқи риёзии муосир ба вуҷуд омад.
Худи қонун чандин сол пас аз қонунҳои дигар аз ҷониби Г. Лейбнис (асри ХVIII) кашф шуд, гарчанде баъзеҳо ишора менамоянд, ки ин қонун ба Арасту маълум будааст.
Қонуни асоси кофӣ ба тариқи зайл тасреҳ меёбад: «Ҳеҷ як гуфтори q бидуни асоси кофӣ р тасдиқ намешавад». Агар дигар хел гўем: «Ҳар як фикри ҳақ бояд асос дошта бошад».
Ҳамин тариқ, қонуни мазкур тақозо менамояд, ки ҳар як фикр бояд асоси кофӣ дошта бошад. Дар ин ҷо, сухан танҳо дар бораи ҳукмҳои ҳақ меравад. Ин қонунро формула надошта бошад ҳам, шартан чунин ифода кардан мумкин аст: «Агар q бошад, пас асоси вай р ҳам вуҷуд дорад»:
(p→q).
Асоснокӣ ва далеловарӣ шарти муҳимтарини ҳар як фикр мебошад.
Агар талаботи қонуни асоси кофӣ риоя нашавад, он гоҳ мегўянд, ки фикр бедалел ё беасос аст.
Дар зери ибораи «асоси кофӣ» чунин асосеро дар назар доранд, ки он имконияти ҳақ ё дурўғ ҳисобидани ягон ҳукми муайянро дорад. Одатан, аксиомаҳо, теоремаҳо, қонунҳои илм, фактҳои санҷидашуда асоси кофӣ шуда метавонанд, яъне ҳамаи он чизе, ки инсонро барои ҳақ ё дурўғ ҳисобидани ягон ҳукм муътаъқид месозад.

пешина
аз 262
навбатӣ